Бо бачаҳо. Хурўсак ва рўбоҳ
Як хурўсак буд, дона чида гашта буд, ки як рўбоҳ намудор шуд. Хурўс фикр кард, ки: «Ман як мурғи муштипар бошам, ҳамин хел истам, рўбоҳ мебиёяду гирифта мехўрад, беҳтараш ба болои дарахт мебароям».
Хурўс болои дарахт баромада буд, ки рўбоҳ омаду гуфт:
– Ҷўра, ту аз ман ҳазар кардӣ, ё тарсидӣ?
Хурўс гуфт:
– На ҳазар кардаму на тарсидам.
– Набошад, барои чӣ ин қадар ба ҷои баланд баромадӣ?
Гуфт:
– Чор тарафи дунёро тамошо мекунам.
Рўбоҳ гуфт:
– Ҳеҷ аз дунё хабар дорӣ?
Хурўс гуфт:
– Не, чӣ гап шудааст?
Рўбоҳ гуфт:
– Охир, ҳамин бегоҳ анҷуман шуд, дар ҳамон анҷуман қарор кардаанд, ки душманӣ байни дарандаҳою чарандаҳо барҳам хўрд, рўбоҳ ҳамроҳи хурўс гардад, гург ҳамроҳи гўсфанд гардад, гурба ҳамроҳи муш гардад. Ту дар анҷуман набудӣ, барои ҳамин тарсида болои дарахт баромадӣ.
Хурўс:
– Ман аз анҷуман хабар надорам, гуфту боз ба чор тараф нигоҳ кардан гирифт.
Рўбоҳ гуфт:
– Ту боз ба куҷо нигоҳ мекунӣ?
Хурўс гуфт:
– Ба ҳамин тараф ду саги тозӣ омада истодааст, намедонам, ки сўи мо меояд, ё тарафи дигар мерафта бошад.
Рўбоҳ гуфт:
– Ин сагҳо ҳам дар анҷуман набуданд ва аз қарори нав бехабаранд.
Инро гуфту рўбоҳ ба шитоб гурехт.
Хурўс гуфт:
– Падарлаънати дузд, ман набошам, сагҳо набошанд, дигарҳо набошанд, ту ҳамроҳи занат анҷуман кардӣ?
Рўбоҳ гурехта рафт, ҷони хурўс аз хатар халос шуд.
ХОМЎШАКИ ХОР ДАР ПОЙ
Буд, набуд, як хомўшаки думдарозу пойборик буд. Вай як рўз дар боғ сайр карда, ба болои буттаи як хор нишаст. Нишасту мепарам, гуфта буд, ки ба пояш хор халид. Хомўшак чӣ кор карданашро надониста, гирён-гирён рафтан гирифт. Аз пешаш як буз баромад. Хомўшак ба буз зорӣ карда гуфт:
– Буз–амак, буз-амак, ҳамин хори пои маро хўред, ҷонам халос шавад!
– Аҷаб ту каллаварами ҳафтафаҳм будаӣ! Ман алафаки каб-кабудро монда, хор мехўрам? – гуфт буз бо қаҳр ва ба роҳи худ рафт.
– Ту ҳоло нигоҳ карда ист! Ман то дар бораи ту ба гург-бобом хабар накашам, намемонам,- гўён хомўшак гирёну нолон парида рафту дар як камари кўҳ хонаи гургро дида:
– Гург-бобо, ҳў гург- бобо!- гуфта ҷеғ зад.
– Ҳа, хомўшак, ба ман чӣ корат ҳаст? Намемонӣ, ки як нафас роҳат кунам,- гуфта гург базўр аз хонааш баромад.
– Рафта бузакро хўред, ба гапи ман гўш накард,- гуфт хомўшак.
– Ман беақл не. Гўсфанди дунбакалонро монда, бузи қоқи харобро мехўрам?- гуфта гург ба хонааш даромада рафт.
– Хайр, ҷои хонаатро ба сайёд гуфта, туро дастгир кунонда, ба пўстат каҳ ҷой накунонам, номи ман хомўшак не!- гуфта хомўшак аз болои дараҳои сабзу хуррам парида гузашта, дар нишебии як кўҳ даромаду сайёдро вохўрд.
– Сайёд-амак, ҳў, сайёд-амак!- гуфта ҷеғ зад хомўшак.
– Ҳа. Хомўшак, чӣ гап дорӣ?
– Амакҷон, гурги дуздро парронед, вай ба гапи ман надаромад, – зорӣ карда гуфт хомўшак.
– Кабку оҳуҳои нозанинро монда. Ба гурги ҳаром тир сарф кунам? Рав, овора нашав!- гуфт сайёд.
– Ҳоло ҳамин тавр? То рафта дар бораи ту ба мири мушон хабар кашида, пилтаҳои камонатро пора-пора накунонам, намемонам!- гуфт хомўшак ва ба як деҳаи вайрона рафту болои девор нишаста:
– Муш-бобо, муш-бобо!- гуфта ҷеғ зад.
Ҳў, лаббай!- гўён муш мўйлабро тоб дода аз хонааш баромад.
– Пилтаи камони сайёдро пора кунед! Вай ноинсоф гурги дуздро напарронд,- гуфта хомўшак ҳиқ-ҳиқ гиря кард.
– Хомўшак, маро азоб надеҳ. Ман мавизу чормағзу қанду қандалоти мардумро монда, ба як пилтаи бемазаи камони сайёд даҳон мезанам?- гуфт муш.
– Ту дузд, ҳоло нигоҳ карда ист! То рафта ба гурба-бобоям хабар накашам, намемонам, гуфта хомўшак гирёну нолон ба як ҳавлӣ омаду ба шохи дарахти тут нишаст.
– Гурба-бобо, гурба-бобо, ҳў, гурба-бобо!- гуфта овоз баровард.
– Кӣ, вай, ба ман чӣ корат ҳаст?- чашмашро молида- молида гурба аз хонааш баромад.
– Мири мушонро дошта хўред, ба гапи ман гўш накард,- гуфт хомўшак.
– Эй нодон, думбаи гўсфанду гўшти лаҳмро монда, аз паи муши бўйнок овора шуда чӣ кор мекунам? Рав, аз назарам дур шав! – гўён гурба хомўшакро аз ҳавлиаш пеш кард.
– Ту ҳоло нигоҳ карда ист! Ҷои туро ба саг-бобом гуфта, танбеҳатро надиҳам, намемонам! – гуфта хомўшак, ғамгину гирён ба назди саг рафт, ки вай устухон хоида хоб буд.
– Саг-бобо, саг-бобо!
– Лаббай!- гуфт саг ва сулфида-сулфида ба таги дарвоза баромад.
– Гурбаи қаллоби гапнодароро як обӣ-нонӣ карда кўбед. Вай маро дашном дод,- гуфт хомўшак оби дидаашро қатор карда.
– Аз кору борам монда, гурбаи ҷанҷолиро сур карда гашта ман чӣ фоида мебинам? – гуфт саг.
– Ту саги якравро ба бало гирифтор накунам, намемонам!- гуфта хомўшак ба сари кўча баромада дид, ки бачаҳо чиликбозӣ карда истодаанд.
– Ҳа, хомўшак, чӣ мегўй? Гапатро тезтар гуй, моро аз бозӣ намонон!- гуфтанд бачаҳо.
– Ҳў, ана саги гарданшахро занетон, ба гапи ман надаромад,- гуфт хомўшак ба бачаҳо зорию тавалло карда.
– Рав, ба мо халал нарасон, вақт надорем,- гуфтанд бачаҳо, Мо сагбоз не.
Хомўшак аз кўҳҳои баланди барфдор гузашта, ба як биёбони васеъ рафт, ки он ҷо шамол зиндагонӣ мекард.
Хомўшак ба сари қирраи як санг нишаста:
– Шамол-бобо, ҳў шамол-бобо!- гуфта ҷеғ зад.
– Шумо кӣ? Марҳамат ба хонаи мо. Меҳмони азизи мо шавед,- гуфта фарёд баровард шамол.
– Шамол-бобо, ман хомўшак, бачаҳо ба гапи ман гўш накарданд, шумо рафта бозии онҳоро вайрон кунед!- гуфт хомўшак.
– Хуб шудааст, то сухани дўст шикастана гардани шайтон шиканад,- гуфта шамол чангу гирдоб хезонда, ҳуваскунон ба назди бачаҳо омаду онҳоро титу парешон кард.
Бачаҳо тарсида, ба сари саг давиданд. Саг рафта ба гурба дарафтод. Гурба рафта ба муш ҳуҷум кард. Муш рафта ба пилтаи камони сайёд дандон зад. Сайёд камонашро гирифта, ба бошишгоҳи гург тохт. Гург рафта бузро хўрданӣ шуд. Буз аз тарс хори пойи хомўшакро гирифта хўрд. Бо ҳамин хомўшак аз хор халос шуду ба муроду мақсадаш расид.
Аз китоби “Подшоҳ ва духтари оҳангар”, Душанбе соли 2022.
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахассиси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон.