Бо бачаҳо. Ихтирооти Инсон
“Ихтирооти инсон” донишнома барои кӯдакон ванаврасон буда, соли 2025 дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик таҳия ва чоп шудааст. Дар муаррифии кутоҳи он омадааст, ки башарият ба дарозои таърихи худ барои бештар мутобиқ шудан бо қонунҳои табиат, осонтар кардани зиндагӣ ва ба вуҷуд овардани муҳити зисти мувофиқу мусоид асбобу ашёи хеле зиёд ихтироъ кардааст.
Ин донишнома дар бораи муҳимтарин ихтирооти инсон аз замонҳои қадимтарин то имрӯз аст. Дар китоби мавриди назар хонанда бо тамоми ашё ва олоти ихтироъкардаи инсон шинос шуда, перумони сабабу омилҳои сохтани онҳо, рушди тафакукури созандаи инсон ва аҳммияти бузурги ин комёбиву дастовардҳо барои инсоният малумот пайдо менамояд.
Дар зер барои ошноии бештар бо китоб сарсухани мудири редаксияи Донишномаҳо барои кӯдакон ва наврасони Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи милли тоҷик Илҳом Ғиёсовро айнан меорем:
ИХТИРООТ ВА ТАМАДДУНИ ИНСОНӢ
Ихтироот нақши босазое дар пешрафти тамаддун дошта, ба рушди тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон мусоидат кардаст. Аз абзори сангии одӣ гирифта то фановариҳои мураккабу печидаи имрӯзӣ ихтироот ба инсонҳо кумак кард,то зиндагии худро беҳбуд бахшанду муҳити атрофи худро густариш диҳад. Аз нахустин асбобҳои рӯзгор – корду табари сангӣ, найзаву камон, чароғи равғанӣ ва ғайра то технологияҳои муосир–автомобил, ҳайвопаймо, компютер, телефон ва ғайраҳо, ҳар як ихтироъ дар мавриди худ ҷаҳонро ба куллӣ тағир дода, барои ҳалли мушкилоти гуногун имкониятҳои навбанавро мекушояд.
Ихтирооот шакли ҷамъи вожаи “ихтироъ”аст ва маънои падид овардани чизи наверо дорад, ки қаблан вуҷуд надошт. Дар баъзе мавридҳо одамон ихтироотро ба кашфиёт нисбат медиҳад, вале ин хатост. Пас, кашфиёт чист? Кашфиёт – ин ёфтани чизе аст, ки қаблан вуҷуд дошт, вале одамон онро намешинохтанд ё намедонистанд. Масалан, чарх, хат, мошин, фӯрозонак инҳо ҳама ихтироотанд, вале кашфиёт ин радуси Замин, тақвими офтобӣ, ахтаршиносӣ, алгебра, алоритм, назарияи микробҳо, бактерияҳо, оксиген ва ғайра мебошад.
ИХТИРОЪКОР КИСТ? Ихтироъкор, шахсест, ки чизе, ё роҳу равшан (метод), ё дастгоҳеро бо ақлу хирад ва фикр ихтироъ мекунад. Вале кашшоф, шахсест, ки нахустин шуда, бо роҳи таҳқиқот ва ҷустуҷӯ, хастӣ ва мавҷудияти ягон чизро, ки дар табиат вуҷуд дорад, кашф мекунад. Ихтирооту кашфиёт муҳаррики пешрафти тамаддунхо мебошад. Аз ин рӯ, олимон, муҳандисон, саноатчиён, табибон, муалимону донишҷуён ва ҳатто хонандагон бояд мунтазам дар ихтироъ ва кашф кардани ягон чиз талош варзанд. Зеро ҳар як фикри тоза ба тарзи ҳаёти башарият таъсир мегузаронад.
Дар ин донишнома шумо бо ихтироъхои муҳим, ихтироъкорони машҳури ҷаҳон ва таърихи он ихтирооте шинос мешавед, ки моро дигар кардаанд. Ҳамчунин, аз ихтирооти “аҳди бостон”, “дастгоҳ ва асбобҳо”, “нақлиёт”, “тибб” , “ҷиҳози хона”, “хӯрданиҳо”ва “абзори дилхӯшӣ” ки ихтироъкорон бо ақлу ҳуш ва таҷрибаҳои такрор ба такрори худ сохтаанд, барои шумо маълумоти муфид пешниҳод мегардад.
Мақсад аз навиштани ин донтшнома он аст, ки ихтирооти зикршудаи китоб бароятон илҳомафзо бошад ва шуморо дар ҳайрат гузораду ба фикр кардан водорад, то як ихтирокори хуб шавед!
Барои шумо лозим аст, ки суол диҳед, фикри кунед, талош варзед ва ҳаргиз аз хато кардан тарсе надошта бошед. Шояд рӯзе шумо чизе ихтироъ мекунед, ки фоидааш ба тамоми мардум мерасад. Ин китоб шуморо ба сайри дунёи аҷиби ихтироот мебарад.
Шумо мефаҳмед, ки нахустин ҷангафзори шикорӣ чӣ гуна буд, нахустин ҳавопайморо кӣ сохт, компютерҳо чӣ гуна шакл гирифтаанд ва чаро ҳар ихтироъ ба рушди илм ва зиндагии мо муассир аст. Умед аст, ки китоб натанҳо дониши шуморо меафзояд, балки дар қалбатон шуълаи муҳаббат ба илм ва илҳоми эҷодгариро меафрӯзад.
Китоби “Ихтирооти инсон”-ро шумо метавонед дар толори адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ бихонед.
Таҳияи Рухшона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон