Бо бачаҳо. Ҳикояҳо аз “Маснавӣ”. Бахши дуюм
ФАЙЛАСУФ ВА БОДЯНИШИН
Бодянишине болои уштураш ду хўрҷини пур аз бор ниҳода, худ дар болои он нишаст ва ба сафар баромад. Дар аснои сафар ба файласуфе рўбарў омад.
Файласуф бо ў ҳамсуҳбат шуда, аз куҷо омадану ба куҷо рафтанашро суол кард.Сипас, пурсид:
- Дар хурҷинҳоят чӣ дорӣ?
- Бодиянишин гуфт:
– Дар яке гандум ва дар дигаре рег дорам.
Файласуф хандид ва гуфт:
– Чаро дар як хўрҷин рег гирифтӣ?
Бодянишин гуфт:
– Барои он ки дар ду тараф вазн баробар бошад.
Сипас, файласуф бо оҳанги таҳқир ба бодянишин гуфт:
– Агар ақлатро кор мефармудиву гандумро дар хўрҷинҳо баробар тақсим мекардӣ, ҳам вазн баробар мешуд ва ҳам бори уштурро сабук мекардӣ.
Бодянишин,ки ақлу зеҳнаш кунд буд ва ба ин гуна тадбир сарфаҳм намерафт, аз маслиҳати файласуф дар ҳайрат афтод. Вале ба ин суол ҳам ҷавоб намеёфт: «Чаро ин мард бо ин қадар донишу заковат дар биёбонҳо гуруснаву ташна ва побараҳнаву парешон мегашта бошад?»
Бодянишинро ба ҳоли файласуф раҳмаш омад. Ўро ба уштур савор кард ва дар роҳ аз ў пурсид:
-Эй марди доно! Бо ин ақлу заковате, ки дорӣ, чаро ба ин ҳол афтодаӣ?Ё вазир, ё шоҳӣ, ки бо либоси дарвешӣ миёни мардум омадаӣ?
Файласуф посух дод:
– На инам, на он. Аз он ҷумлаи мардумони одӣ ҳастам.
Бодянишин боз пурсид:
-Чанд бузу бузғола, чанд гову гўсола дорӣ?
Файласуф ҷавоб дод:
-На буз дорам на бузғола, на гов дорам, на гўсола.
Бодянишин боз суол дод:
– Аз куҷо дукону аз куҷо хона?на ин дораму,на он.
Бодянишин боз гуфт:
– Хайр, аз пулу молат пурсам.Чун ту соҳиби ақлу ҳуш ҳастӣ, бояд ҷойи ганҷинаҳоро донӣ.
Файласуф гуфт:
– Қасам ба Худо, ки агар тамоми дороиямро ҷамъ кунам, якшаба хўрокам намешавад.Нимбараҳнаву гурусна дар саҳрову биёбонҳо сарсону саргардонам.Манзиле меҷўям, ки он ҷо ними нон бошад.Аз ин доноиву заковат ба ғайр аз ранҷу ғам чизе ба даст наовардаам.
Бодянишин чун ин суханонро шунид, файласуфро, ки ақлу заковаташ ба ў фоидае намеовард, аз уштураш фаровард.Ва ўро насиҳат кард, ки заҳмат кашад ва бо арақи ҷабин ризқу рўзӣ ёбад.
ХИДМАТГОРИ ХИРАДМАНД
Дар замонҳои қадим подшоҳе як хидматгори зирак дошт. Подшоҳ ўро хеле дўст медошт ва ба ў ҳадяҳову маоши барзиёд медод. Атрофиёни подшоҳ аз ин тарзи муносибати ў бо хидматгораш ҳасад мебурданд, зеро маоши хидматгор ба маоши сӣ нафар баробар буд.
Рўзе аҳли дарбор ба ҳузури подшоҳ омада, пурсиданд:
– Шоҳам, чаро ин хидматгори шумо баробари сӣ нафар музд мегирад, агарчи баробари сӣ нафар илму дониш надорад?
Подшоҳ ваъда дод,ки ягон вақти дигар ба суолашон посух хоҳад дод.
Ҳамин тавр бо гузашти чанд муддат, подшоҳ ҳамроҳи хидматгорон ба шикор баромад. Дар вақти шикор аз дур корвоне намудор шуд. Подшоҳ ба яке аз хидматгорн фармуд:
– Бирав ва бипурс, ки ин корвон аз куҷо меояд?
Хидматгор ба назди корвон рафта, мепурсад ва фавран баргашта, ба подшоҳ хабар медиҳад:
– Шоҳам, ин корвон аз шаҳри Рай меояд.
Подшоҳ аз ў боз мепурсад:
– Хуб, корвон аз шаҳри Рай ба куҷо меравад?
Хидматгор, ки посухи ин суолро намедонист, хомўш мемонад. Подшоҳ ин даъфа каси дигарро мефиристад:
-Ту бирав ва бифаҳм, ки корвон ба куҷо бамеравад.
Хидматгор ба тарафи корвон рафта, пас аз чанд муддате ба назди подшоҳ баргашта, мегўяд:
-Онҳо ба Яман мераванд.
Вақте подшоҳ дубора мепурсад, ки « Корвон чӣ бор дорад?»,хидматгор дар ҷавоб хомўш мемонад.
Шоҳ хизматгори дигареро амр додаст:
– Бирав ва маълум бикун, ки корвон чӣ бор дорад?
Хизматгор ба назди корвон омада, молу амволи онҳоро пурсон шуда, хабар овардааст, ки корвониён ҳама гуна маҳсулоти косибии шаҳри Райро бо худ доранд.
Подшоҳ мепурсад: «Чанд рўз мешавад, ки онҳо ба роҳ баромадаанд?» Хидматгор ҷавоб намедиҳад.
Ҳамин тавр, подшоҳ сӣ нафар хидматгоронашро ба назди корвон фиристода, ба ҳамаи суолҳояш посух нагирифтааст.
Сипас, подшоҳ барои дарёфти маълумот хидматгореро мефиристад, ки баробари сӣ нафар маош мегирифт. Хидматгор ба пеши корвониён рафта, вазъияти онҳоро бо тамоми нукоташ ( паҳлуяш) мепурсад ва ҳангоми бозгашт бозгў мекунад.
Подшоҳ ба атрофиёнаш рў оварда мегўяд:
– Акнун ба шумо маълум шуд, ки ин марди шариф метавонад кори сӣ нафарро танҳо иҷро кунад.Тамоми маълумотеро, ки сӣ нафар хидматгор дар натиҷаи сӣ дафъа рафтуомад ба даст оварданд, ў дар як суҳбаташ ба даст овард.
Атрофиёни шоҳ ба адолати ў бовар ҳосил намуда, эътироф кардаанд, ки он хадматгори оқил, дар ҳақиқат, ба қадрдонии зиёд сазовор аст.
Китоби “Ҳикояҳо аз “Маснавӣ” соли 2019 чоп шудааст. Хуршед Сафаров чанд ҳикояи хубро аз Маснавии маънавии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ барои кӯдакон ба забони содаву фаҳмо баргардон кардааст.
Ин ва даҳҳо ба ин монанд китобҳоро шумо метавонед дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед. Ин толори хониш дар ошёнаи якуми бинои Китобхона ҷой гирифтааст.