Бо бачаҳо. Ҳикояҳо аз “Маснавӣ”

Ҳикояҳо аз “Маснавӣ”Ин китоби хурдакак бо ороишоти ҷолиб соли 2019 дар нашриёти “Дониш” чоп шудааст. Чанд ҳикояи зебо аз “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ба забони барои бачаҳои фаҳмо ба наср баргардон шудааст. Ҳикояҳо аҳамияти тарбиявӣ доранд.

Дар ин бахш ду ҳикояи дигар аз ин китобчаро ҳамроҳ бо бо шакли электронии китоб мегузорем.

Насиҳати тўтӣ

Буд –набуд, бозаргоне буд.Ў рўзе азми сафари Ҳиндустон кард.Аз зану фарзандонаш пурсид, ки аз он ҷо барояшон чӣ биёрад. Ҳар яки онҳо аз туҳфаҳои гуногуне ном бурданд.

Бозаргон як тўтии бисёр зебо ва хушовоз ҳам дошт, ки бисёр дўсташ медошт. Бозаргон аз тўтӣ пурсид: « Аз Ҳиндустон бароят чӣ армуғон биёрам?»Тўтӣ гуфт: «Вақте ба Ҳиндустон мерасӣ, ҳамҷинсонамро  мебинӣ. Ҳоли маро ба онҳо арза бикун, то насиҳате ба ман бигўянд».

Бозаргон ба роҳ баромад. Баъд аз сафари дуру дароз ниҳоят ба Ҳиндустон расид. Боғе дид, ки дар он тўтиҳо буданд. Назди онҳо рафт ва аз ҳоли тўтии худ ҳикоят кард.

Ў гуфт, ки тўтии ман аз шумо насиҳате мехоҳад.

Вақте ки бозаргон ин суханро гуфт, яке аз он тўтиҳо ба ларза  даромад ва аз шохи дарахт ба замин афтода,беҳаракат шуд. Бозаргон ин ҳолатро дида, гумон кард, ки тўтӣ мурдааст. Ў дар ҳайрат афтода, ба роҳаш идома дод. Сипас, ба бозор омада, корҳои бозаргониашро анҷом дод ва ба хона баргашт.

Ҳангоми бозгашт аҳли оилааш ўро бо шодиву хушӣ пешвоз гирифтанд. Бозаргон аз Ҳиндустон барои онҳо ҳадяҳои гуногун оварда буд. Ў ҳадяи тўтиашро фаромўш накарда буд ва салому пайғоми ҳамҷинсҳояшро овард.

Ҳамин тавр, бозаргон ба тўтии дўстдоштааш дар бораи зисту зиндагии тўтиҳои Ҳиндустон нақл кард. Ҳодисаи тўтии аз шохи дарахт афтодаро низ гуфт. Вақте ў воқеаро то поён нақл кард,тани тўтӣ якбора ба ларза даромад ва аз пой афтод.

Бозаргон бениҳоят ғамгин шуд.Ў гумон кард, ки тўтиаш мурдааст. Онро аз қафас берун овард ва дар канори тиреза гузошт. Ногаҳон тўтӣ ба худ омада,пару бол кушод ва парвоз намуд. Бозаргон аз ин ҳайрон шуд.

Тўтӣ ба бозаргон гуфт:

– Дўстони Ҳиндустониам ба василаи ту маро ҳамин гуна насиҳат карданд. Ман ба панди онҳо гўш додам ва худро мурда вонамуд кардам. Акнун аз қафас озод шудам.

Муши мағрур

Буд-набуд, муше буд. Бо вуҷуди хурд буданаш, бисёр мағрур ва худписанд буд. Боре аз назди ҳамин мушаки мағрур уштуре гузашт. Муш дарҳол лаҷоми уштурро ба даст гирифта, пеш қадам мондан гирифт.

Уштур, ки табиати ором дошт, ба роҳаш идома дод. Дар ин ҳол муш ба худ гуфт: « Ин манам, ки уштурро бо ин ҳама бузургӣ раҳнамоӣ мекунам». Уштур аз рафтору кирдори муш пай бурд ва фаҳмид, ки муш мағруру худписанд аст. Пас, ў хост адаби муши мағрурро диҳад.

Ногоҳ пеши мушу уштур дарёчае баромад. Муш дарёчаро дида, сахт тарсид ва чӣ карданашро надонист.

Уштур ин ҳолатро диду гуфт:

-Эй муш! Маро дар биёбон ва кўҳу пушта хамсафар будӣ! Чаро меҳаросӣ? Туро чӣ боздошт? Мардонавор вориди бишав ва раҳнамоиро идома деҳ.

Муш посух дод:

– Эй  ҳамсафар, дарё бисёр жарф аст ва баландсуръат аст. Аз ғарқ шудан метарсам.

Уштур гуфт:

– Сабр кун, то ман бисанҷам, ки дарё то чӣ ҳад чуқур асту суръати об то чӣ андоза баланд.

Уштур по ба дарё ниҳод ва гуфт:

– Эй дўсти ман! Оби дарё то зону будааст.

Ҷойи тарсу ҳарос нест.

Муш гуфт:

-Эй уштур! Он чизе, ки дар назари ту монанди мўр аст, назди мо ҳайбати аждаҳоро дорад. Агар оби дарё то зонуи ту бошад,пас,чуқурияш чандин баробари қаду болои ман аст.

Уштур барои дарси адаб додани муш гуфт:

-Пас, чаро аз тавони бозуи худ зиёд лоф мезанӣ? Чаро бо уштур сар ба сар мешавӣ? Бирав,бо ҳамҷинсони худ сабқат бикун!

Муш аз кори кардааш пушаймон шуда, тавба кард. Сипас ба зорию тавалло оғоз намуд:

-Эй уштур! Аз барои Худо, илтиҷо мекунам, маро аз ин соҳил ба он соҳили дарё гузарон.

Уштурро раҳм ба ҳоли муш омад ва гуфт:

– Хуб, савор шав.Туро ба он тарафи дарё гузаронам.

Аз дарё гузаштан ва дигаронро гузаронидан кори ман аст.

ХХХХ   ХХХ    ХХХХ

Ин ва даҳҳо китоби дигар аз ин силсиларо шумо метавонед дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ, ки дар ошёнаи якуми бино ҷойгир аст, мутолиа намоед.