Бо бачаҳо. Ҳикояҳо аз “Қобуснома”-и Унсуралмаъолӣ Кайковус
Аз китоби Маҳдии Озаряздӣ “Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб” (ҷилди 3).
ТИҶОРАТ ВА САХОВАТ
Рўзе буду рўзгоре буд. Бозаргоне буд, ки бо баққоле дар бозор ҳисоби ҷорӣ дошт. Молҳое ба баққол фурўхта ва пулҳое гирифта буд ва ҳар вақт молҳои хурду майда лозим медошт, ба баққол супориш медод ва баққол ба василаи шогирдаш онҳоро ба хонаи бозаргон фиристода, суратҳисоби онро ба бозаргон медод ва қарор буд, ки охири сол ҳисобашонро тамом кунанд.
Охири сол як рўз дар дукони баққолӣ нишастанд, то ба ҳисоби соли гузашта расидагӣ кунанд. Ҳар ду нафар ҳисоби додаҳо ва гирифтаҳоро дар дафтарашон навишта буданд ва ҷамъи ҳисоб тақрибан даҳ ҳазор танга буд, аммо натиҷаи ҳисоби дафтарашон бо ҳам ихтилоф дошт. Ба ҳисоби дафтари бозаргон марди баққол ёздаҳ танга қарздор буд ва ба ҳисоби дафтари баққол даҳ танга қарз монда буд.
Баққол мехост даҳ танга бидиҳад ва ҳисобашон дуруст шавад, аммо бозаргон қабул намекард ва мегуфт:
– Ба ҳисоби ман ёздаҳ танга аст.
Ва ҳеҷ кадом гузашт намекарданд.
Баққол гуфт:
– Ман одами камсармояам ва як соли тамом ҳисобро нигоҳ доштаам ва ҳақ ин аст, ки чун ту тоҷир ҳастӣ, ин ихтилофи як тангаро нодида бигир.
Аммо бозаргон мегуфт:
– Ҳисоб ҳисоб аст, ака, бародар! Ихтилофро бояд пайдо карду ҳисоб кард, маънӣ надорад, ки як туманро нодида бигирам.Муҳтоҷ нестӣ, то ба ту бибахшам ва агар чунин буд, ки як тангаро надида бигирам, сарватманд намешудам. Сарвату дороӣ ҳамин як танга, як танга аст, ки ҷамъ шуда, ҳазор танга мешавад ва ҳеҷ далел надорад, ки ман аз ҳаққи худ чашм бипўшам.
Оқибат ба ин натиҷа расиданд, ки тамоми ҳисобро бо ҳам бихонанду ихтилофро пайдо кунанд.
Он рўз аз субҳ то шом нишастанду дафтари ҳисобҳоро хонданд ва иштибоҳро пайдо карданд. Маълум шуд,ки дафтари бозаргон дуруст аст ва баққол дар ҷамъи ҳисоб иштибоҳ кардааст. Он гоҳ баққол гуфт:
– Ҳоло ҳақ бо шумост, вале ин як тангаро нодида бигир. Чунки ту матоъро якҷоя фурўхтаӣ ва ман ҳарчи додаам, хурду майда буда, нигоҳ доштани ҳисобаш мушкил буд. Ин як танга дар кори ман арзиш дорад, аммо дар зиндагии ту асаре надорад.
Бозаргон гуфт:
– Суханҳои шумо дуруст аст, аммо ҳисоб ҳисоб аст ва ман одат дорам дар ҳисоб сахтгиру дақиқ бошам. Агар мехостам як тангаро нодида бигирам, аз субҳ то ҳоло вақт сарф намекардаму расидагӣ намекардам.
Ниҳоят марди баққол таслим шуда, ёздаҳ тангаи қарзро пардохту ҳисобро тамом карда, бо бозаргон худоҳофизӣ карду ба дукони худ рафт.
Шогирди баққол, ки дар дукон кор мекард, ба устодаш гуфт:
– Ман як сол ба хонаи ин мард матоъ бурдаам ва фаромўш кардам, то шогирдонагӣ бигирам, инак рафта бигирам.
Баққол гуфт:
– Ин одаме, ки ман дидам, ним танга ҳам намедиҳад, беҳуда заҳмат накаш ва обрўи худро нарез.
Шогирд гуфт:
– На, ман ҳаққамро талаб мекунам, агар ҳам надиҳад.
Аз паси бозаргон давид ва дар миёни бозор ба ў расиду гуфт:
– Ҳисобатон тамом шуд, аммо шогирдонаи маро надодед, ман фаромўш кардам, ки онро аз шумо бигирам.
Марди бозаргон даст дар ҷайби худ карду он ёздаҳ тангаеро, ки аз баққол гирифта буд, ба ў доду гуфт:
– Ин ҳам шогирдона.
Шогирд онро гирифту ташаккур кард ва ба дукон баргашт. Ҳамин ки расид, баққол гуфт:
– Аҷаб бачаи содалавҳе ҳастӣ! Ин мард аз субҳ барои як танга мубориза бурд. То ҳисоб накарду нагирифт, маро раҳо накард ва дар назди ҳамсояҳои дукон аз эътибору эҳтироми худ хиҷолат накашид. Он гоҳ ту ба тамаъи шогирдона дунболи ў медавӣ, ҳоло дидӣ ки чизе надод.
Шогирд даст дар ҷайб карду ёздаҳ тангаро бароварду гуфт:
– Чаро, ман гуфтам, ки шогирдонаи маро надодӣ, ў ҳам ин ёздаҳ тангаро доду рафт.
Марди баққол ҳайрон шуду бо худ фикр кард:
– Хеле аҷиб аст. Ин шогирди ман хеле бо тарбият ва хушгуфтор нест, то бигўям музди адаб ва тарбияти худро гирифтааст. Аз ин одами бахил ҳам, ки як рўзи тамом барои як танга вақти худро талаф кард, аҷиб аст, ки ёздаҳ танга шогирдона бидиҳад.
Он рўз гузашт ва баққол ҳар рўз дар ин фикр буд, ки марди бозаргон чигуна одаме аст. То як рўз, ки бозаргон аз он ҷо мегузашт, баққол ўро садо заду аҳволпурсӣ кард ва гуфт:
– Ман аз ту чизи аҷибе дидам ва мехоҳам иллати онро бидонам. Он рўз, ки ҳисобу китоб мекардем, ту аз субҳ то шом бар сари як танга гап задӣ, ҳам маро ва ҳам худатро хаста кардӣ ва аз як танга сарфи назар накардӣ, то ин ки гирифтӣ ва ҳамсоягони ман аз ҳисобу сахтгирии ту тааҷуб карда буданд ва он гоҳ ба шогирдам ёздаҳ танга шогирдона додӣ ва мехоҳам бидонам он сахтгирӣ чӣ буду ин бахшиш чӣ буд?
Марди бозаргон гуфт:
– Тааҷҷуб накун. Ман марди ҳисобгараму кори ман харидуфурўш аст ва ҳисобу дафтару кору касбу тиҷорат бояд дуруст бошад. Аммо шогирдона масъалаи дигар аст. Шогирди ту муддати як сол ба хонаи ман паниру ҷурғот ва дигар чизҳоро мебурд ва агар ман худам ин чизҳоро мебурдам, ў ин заҳматро намекашид. Вақте гуфт шогирдона, ман рўи онро надоштам, ки камтар аз он бидиҳам. Ман, ки худ се фарзанд дорам, фарз кардам,ки дар ин муддат бештар аз ёздаҳ танга ҷурғоту панир ба хонаам бурда шудааст, бино бар ин ёздаҳ тангаро ба ў бахшидам. Сахтгирӣ барои як танга масъалаи ҳисоб буд, мол нархи муайян дорад ва ҳисоб ҳисоб аст. Аммо шогирдона нархи муайян надошт ва масъалаи инъому бахшиш буд ва аз қадим гуфтаанд: «Ҳисоб ба динору бахшиш ба хирвор».
Аз китоби Маҳдии Озаряздӣ “Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб”(ҷилди 3).
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахассиси шуъбаи адабиёти
кудакон ва наврасон.