Бо бачаҳо. Ҳикояҳо аз “Қобуснома”-и Унсуралмаъолӣ Кайковус

Аз китоби Маҳдии Озаряздӣ “Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб” (ҷилди 3).

ШИР  ВА ОБ

Рўзе буду рўзгоре буд. Як марди галадор буд,ки ҳазор гўсфанд дошт ва одами нодурусте буд,ки ҳалолро аз ҳаром намешинохт,аммо чўпоне, ки гўсфандони ўро бонӣ мекард, дурусткору порсо буд.

Чўпон ҳар шаб гўсфандонро медўшид ва шири онҳоро ба хонаи соҳибашон меовард. Он мард ба ҳамон қадар шир, ҳамон миқдор об мерехт ва ширро ду баробар карда, ба чўпон медод, то бурда бифурўшад. Чўпон ҳар рўз соҳиби гўсфандонро насиҳат мекарду мегуфт, ки ин кор хиёнат аст ва обро ба ҷои шир ба мардум набояд фурўхт, ҳар кас дар кори халқи Худо нодурустӣ пеша кунад, баракат аз молаш меравад ва оқибат ба сазои он хиёнат мерасад.

Соҳиби гўсфандон панду насиҳати чўпонро намешунид ва мегуфт:

Ман корамро хубтар медонам. Ту коргаре ҳастӣ, ки музд мегирӣ ва ин гапҳо дигар барои чӣ?

Ночор чўпон бо норизоӣ ширро мебурд ва дар роҳ садо мезад: «Шир, ҳой шир». Ширро мефурўхт ва ҳарчи боқӣ мемонд, ба ширфурўши сари гузар медоду маблағи онро оварда ба соҳибаш медод.

Гоҳе ки муштариҳо мегуфтанд, ин шир обдор аст, чўпон барои ин ки аз кори худ намонад, мегуфт:

Шумо иштибоҳ мекунед, мутмаин бошед, ки аз шир обанбор надўшидаанд, аммо хуб шир аст ва об ҳам дорад, шири хушк, ки нест! Вале шири гўсфанд ҳамеша холис аст.

Мақсудаш ин буд,ки ширро вақте медўшанд холис аст. Аммо ҳар рўз ҳам инро ба соҳиби гўсфандон ёдоварӣ мекарду мегуфт:

    – Ин корро накун, оқибати хуб надорад.

Рўзҳо гузашт, то ин ки як шаб чўпон гўсфандонро дар рўдхонаи хушке ҷо дода ва худ рўи баландие хобида буд ва дар кўҳсор борон борида буд ва сели бузурге ҷорӣ шуда меомад ва бехабар селоб расиду ҳамаи гўсфандонро бурду ҳалок кард. Чўпон ночор ба шаҳр назди соҳиби гўсфандон рафт.

Соҳиби гўсфандон пурсид:

   –  Чаро шир новардӣ?

Чўпон гуфт:

–  Бисёр афсўс, коре ки ту мекардӣ, ниҳоят бадиаш расид ва ними шаб сел омаду ҳамаи гўсфандонро бурду ҳалок кард.

Соҳиби гўсфандон пурсид:

      – Охир, ин об аз куҷо ин тавр бехабар омад?

Чўпон бо таъна гуфт:

– Ман хабар нашудам, аммо об бехабар ҳам наомад, ин ҳамон обҳое буд, ки бо шир омехта карда будӣ ва бо нархи шир ба мардум мефурўхтӣ, онҳо ҷамъ шуда чун сели бузург шуданду гўсфандонро бурданд. Ҳарчи туро панд додам, нашнидӣ ва ту бегўсфанд шудию ман бекор.

Соҳиби гўсфандон узри ўро пазируфту гуфт:

– Бисёр хуб, бигў, ки гўсфандонро об бурд, инро қабул мекунам, чун медонам, ки дурўғгў нестӣ, аммо панди туро қабул надорам, зеро дар ин шаҳр ба ҷуз ман гўсфанддорон фаровонанд. Ин ки сел биёяду галаи маро бибарад, як тасодуф аст, на сазои хиёнат, чунки дигарон ҳам монанди ман ба об фурўхтан машғуланд ва гўсфандҳошонро об набурдааст.

Чўпон ҷавоб дод:

– Ҳоло ки ин тавр аст, эй мард бидон, ки мо дигар бо ҳам коре надорем, аммо ҳақиқат ҳамон аст, ки гуфтам. Касе бо халқи Худо хиёнат кунад, хайру баракат аз молаш меравад. Ва боз ҳам мегўям, ки ин об ҳамон обҳое буд, ки ту дар шир мерехтию мефурўхтӣ. Дигарон низ ба сазои худ расидаанд ё мерасанд. Нодурустӣ ҳамеша сел намешавад ва гўсфанд намебарад, гоҳе расвоӣ мешавад ва обрў мебарад, гоҳе ба сурати хиёнати дигар мешавад ва зану фарзанду хонавода мебарад ва гоҳе ба сурати нороҳатию нигаронӣ дармеояд ва сафои зиндагиро мебарад ва оромишу осоиши фикру хаёлро мебарад. Мард он нест, ки зинда аст ва мехўраду мепўшад ва роҳ меравад. Одам он аст, ки назди Худо ва халқ шарманда набошад ва дар қалби худ покию ростиро эҳсос кунад. Онҳо ки ту мегўӣ, ба кори худ машғуланд, дар назари ману дар назари мардум гургҳое ҳастанд, ки ба даридан машғуланд ва пеши чашми хешону наздикони худ ҳам иззату эҳтиром надоранд. Гўсфандони онҳоро низ об бурдааст, вале худашон ғофиланд.

 

Аз китоби Маҳдии Озаряздӣ “Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб”(ҷилди 3).

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,

мутахассиси  шуъбаи адабиёти

кудакон ва наврасон.