Бо бачаҳо. Ҳикояи ҷолиб аз “Маснавии Маънавӣ” Фирор аз марг
Рўзе буду рўзгоре буд. Гуфтаанд, ки як рўз наздики нисфирўзӣ ҳазрати Сулаймон пайғамбар дар боргоҳи худ нишаста буд, ки марде саросема ворид шуд. Осори тарсу ваҳшат дарчеҳрааш намоён буд. Ҳазрати Сулаймон пурсид:
Он шахс гуфт:
– Эӣ марди бузург имрўз Азроилро дидам. Азроил нигоҳи хашмноке ба ман андохту аз ҷонам гузашт. Ман метарсам, ки Азроил биёяду ҷони маро бигирад.
Ҳазрати Сулаймон гуфт:
– Бисёр хуб, Азроил фариштае аз фариштагон аст. Ба амри Худованд ҷон мегирад. То ҳукми Худованд набошад, коре намекунад. Ман мумкин аст ҳар рўз Азроилро бубинам, аммо наметарсам. Ту ки тарсидаам мегўӣ, ман чи кор кунам, аз ман чи мехоҳӣ?
Он мард гуфт:
– Хуб, ман ҳамеша аз Азроил метарсидаму имрўз аз нигоҳи ғазабноки ў бештар тарсидаам. Мардум мегўянд, ки бод дар фармони Сулаймон аст. Пас, ту метавонӣ ба бод фармон бидиҳӣ, ки маро аз ин кишвар берун бибарад. Мардум мегўянд, ки Сулаймон ҳоҷати мардумро бароварда мекунад. Ҳоҷати ман ин аст, ки ба бод фармон бидиҳӣ фаврӣ маро ба кишвари Ҳиндустон бибарад.
Ҳазрати Сулаймон фармуд:
– Бисёр хуб, маргу зиндагӣ дар ихтиёри ман нест, аммо бод дар ихтиёри ман аст. Ман ҳоҷати туро бароварда мекунам. Ҳоло дастур медиҳам бод туро ба ҳар ҷо ки мехоҳӣ, бибарад.
Ҳазрати Сулаймон бодро ҳозир карду гуфт:
– Бубин ин мард мехоҳад ҳар куҷое биравад, ўро бирасон!
Бод он мардро бар қолинчаи ҳазрати Сулаймон ҷо карду аз саҳро гузашт, аз уқёнус гузашт ва дар чанд дақиқа ўро ба яке аз шаҳрҳои Ҳиндустон расонид. Ўро дар он ҷо пиёда карду рафт.
Он рўз гузашту рўзи дигар ҳазрати Сулаймон Азроилро дар боргоҳи худ мулоқот кард ва аз ў пурсид:
– Эй Азроил дирўз марде пеши ман омаду шикоят дошт. Мегуфт Азроил ғазабнок ба ман нигоҳ карду сахт тарсидаам. Он мард аз ман хоҳиш кард, ки ба бод амр кунам ўро ба Ҳиндустон бибараду аз ин шаҳр дур кунад. Аммо тааҷуб мекунам, ки барои чи ўро тарсондӣ ва боис шудӣ, ки аз хонаву кошонааш овора шавад.
Азроил ҷавоб дод:
– Ман ҷуз итоати ҳукму фармони Худо коре надораму нигоҳам ба он мард аз хашму ғазаб набуд. Ман дирўз он мардро дар Байтулмуқаддас дидаму нигоҳам ба ў аз рўи тааҷҷуб буд. Чун ман дастур доштам, ки ҳамон дирўз ҷони он мардро дар Ҳиндустон бигирам. Вақте ўро дар Байтулмуқаддас дидам, тааҷҷуб кардам. Бо худ гуфтам, агар ў монанди мурғ ҳам парвоз кунад, наметавонад худро ба Ҳиндустон бирасонад. Чун ҳанўз соати маргаш нарасида буд, бо тааҷуб ба ў нигоҳе кардаму аз ў гузаштам. Аммо баъдан, ки дар соати муайян рафтам ўро дар Ҳиндустон дидам ҳамон ҷо марги ў фаро расид ва ман ҷони ўро гирифтам.
Ҳазрати Сулаймон гуфт:
– Ҳамин аст, аз ҳама чиз мешавад фирор кард, аммо аз марг ҳеҷ гоҳ наметавон фирор кард. Ў бояд дар ҳамон соат дар Ҳиндустон мебуд. Чун ҳеҷ василае ҷуз бод наметавонист ўро ба Ҳиндустон бирасонад, ба пои худаш пеши ман омад. Бо забони худаш аз ман хоҳишу таманно кард, суроғи сарнавишти худаш рафт.
Аз китоби Маҳдии Озаряздӣ “Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб”, ҷилди 4, Душанбе, “Ирфон”, 2024.
Бачаҳои азиз метавонанд ин силсилакитобро дар толори хониши адабиёт барои кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ, воқеъ дар ошёнаи аввал мутолиа кунанд.
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова, мутахассиси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон.