Бо бачаҳо. Ҳикоёте аз “Марзбоннома” барои бачаҳои хуб

ҲОЗИРҶАВОБИИ   БУЗУРГМЕҲР

Рўзе буду рўзгоре буд. Як субҳи барвақт Бузургмеҳр вазири донишманди Хусрави Анўшервон барои кори муҳиме ба қасри Хусрав рафт, аммо Хусрав ҳанўз бедор нашуда буд ва соате дер шуд.

Бузургмеҳр, ки ба саҳархезӣ одат дошт, борҳо ба Хусрав низ супориш карда буд, ки пеш аз тулўи офтоб аз хоб бархезад ва мегуфт:

– Саҳархез бош, то комраво бошӣ. Хусрав, ки бо сабаби саргармиҳои шабона дер мехобиду субҳ дер аз хоб мехест, аз ин насиҳатҳо нороҳат мешуд, аммо суханони Бузургмеҳрро бо эҳтиром гўш медоду хомўш меистод, зеро ба хубию хайрхоҳии ў бовар дошт.

Он рўз субҳ, ки кори муҳиме дар пеш буд Бузургмеҳр Хусравро панд доду гуфт:

Хоби субҳ одати нописандест ва дер хобидан барои Хусрав айб аст ва саҳархезӣ ҳамеша мояи комёбиҳои бисёр аст.

Хусрав суханони Бузургмеҳрро шуниду посух надод, аммо дар дил фикр кард, ки ин вазири хайрхоҳ дастбардор нест ва ҳар рўз ин суханро такрор мекунад, бояд коре кунем, ки як рўз худаш аз саҳархезӣ зараре бубинад ва он гоҳ ба шўхӣ ўро ҳам сарзаниш кунем ва бихандем.

Рўзи дигар Анўшервон ба ду нафар хидматгор дастур дод:

– Ин розро пинҳон доред, либоси худро иваз кунеду худро ба сурати дайду дароред ва фардо субҳи зуд, ки ҳанўз торик аст дар роҳе, ки аз он ҷо Бузургмеҳр ба қаср меояд, пинҳон шавед ва ҳамин, ки ба наздатон расид, монанди дуздҳо ўро тарсонеду либосҳояшро бигиреду биравед, то Бузургмеҳр маҷбур шавад ба хона баргардад ва дубора либос бипўшад, аммо эҳтиёт бошед, зараре ба ў нарасад.

Онҳо субҳи торик бар сари роҳи ў рафтанду сару рўйи худро бо порчаи сиёҳ бастанд ва ногаҳон бар ў ҳамла карданду гуфтанд:

– Ҳар ки ҳастӣ агар мехоҳӣ зинда бимонӣ, ҳар чи ҳамроҳ дорӣ ба мо бидеҳ.

Бузургмеҳр гуфт:

–  Ман вазири подшоҳам ва қаср меравам, зуд маро раҳо кунед, вагарна гирифтор хоҳед шуд.

Онҳо ба ин сухан хандиданд ва бо масхара гуфтанд:

Дурўғ мегўӣ ва бо ин суханҳо мехоҳӣ моро битарсонӣ, вале мо дуздони шабгардем ва вазиру вакил намешиносем, зуд бош ҳар чи дорӣ бидеҳ ва ба саломат бирав, вагарна ҳолатро бад мекунем.

Бузургмеҳр гуфт:

Ман симу зар надорам, марди ворастаам ва дороии ман ақлу дониши ман аст, ки шоҳу гадоро ба кор меояд. Агар мехоҳед ба шумо панде бидиҳам.

Онҳо ҷавоб доданд:

Агар ақлу дониш медоштӣ, нисфи шаб дар кўча роҳ намерафтӣ ва худро вазири подшоҳ намехондӣ, ҳоло, ки пул надорӣ, ҳамин либосҳои ту моро бас аст. Ё худат ба хубӣ аз танат берун мекунӣ ё ба зўрӣ мегирем.

Бузургмеҳр вақте ҳолатро чунин дид, ночор либосҳои худро ба онҳо дод ва танҳо бо як пироҳан ва зерҷома ба хона баргашт. Либоси дигаре пўшид ва ба қаср баргашта омад. Анўшервон аз ў пурсид:

 – Имрўз чаро дер омадӣ?

Бузургмеҳр гуфт:

Зудтар омада будам. Ҳаво торик буд, дар кўча дуздон ба сарам рехтанду либосҳоямро бурданд. Ва ночор ба хона баргаштам ва ҷомаи дигаре пўшидам ва омадам.

Хусрав лабханди маънидоре зад ва гуфт:

Хуб, хуб, хуб аст, ки оқибат худат ҳам фоидаи саҳархезиро дидӣ. Ҳоло боз ҳам ҳар рўз ба ман бигў саҳархез бош, то комраво бошӣ. Пас комравоии худат куҷо рафт? Магар ин нест, ки имрўз ҳам саҳархезӣ карда будӣ?

Бузургмеҳр ҷавоб дод:

Бале, боз ҳам боварам ин аст, ки саҳархез бош, то комраво бошӣ ва чунонки кикр мекунӣ, имрўз чун дуздон зудтар аз ман аз хоб бархоста буданд, либосҳои ман насиби онҳо шуд!

Анўшервон аз ин ҳозирҷавобӣ бисёр хушдил шуду дастур дод, то либосҳои Бузургмеҳрро оварданд ва гуфт:

Ин моҷаро озмоиш барои ҳушу дониши ту буд ва шакке нест, ки саҳархезӣ нишони ҳушу дониш ва мояи комёбиву осоиш аст.

 

           Аз китоби Маҳдии Озаряздӣ “Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб” (Аз Марзбоннома). Ҷилди 2. Душанбе, “Ирфон” 2024.

Хоннадагони азиз агар хоҳиш дошта бошанд, кулли ҷилдҳои китоби мазкурро метавонанд дар толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасон мутолиа кунанд.

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахассиси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон: