Бо бачаҳо. Ҳикоёти пандомӯз аз “Ҳазору як шаб”

Анўшервон  ва  духтари  деҳотӣ

Ва аз ҷумлаи ҳикоятҳо ин аст, ки малики одил Нўшервон аз барои нахҷир савор шуд ва дар пайи оҳу аз лашкар ҷудо монд. Дар он ҳангом, ки ў аз пайи нахҷир ҳамерафт, деҳкадае падидор шуд ва ўро ташнагӣ ғолиб буд.

Рўй бад-он деҳкада кард, ба дари хонае истод ва аз хонагиён об бихост. Дарҳол духтараке бадар омад. Чун ўро бидид, ба хона боз гашт ва аз барои малик як найшакар бифишурду ўро ба об биёмехт ва ба қадаҳе гузошта, чизе муаттари шабеҳи хок ба миёни қадаҳ бирехт. Пас аз он қадаҳро ба малик бидод. Малик ба қадаҳ назора карда, дар ў чизе дид, ки шабеҳи хок аст. Пас малик аз он об кам-кам бихўрд, то оби қадаҳ тамом шуд. Пас аз он бо духтарак гуфт:

– Хуб гуворо буд, агар ин хок намедошт. Аз ин ки ин хок ўро нософ карда буд.

Духтарак гуфт:

– Эй меҳмони азиз, ман ба амд ўро нософ кардам.

Малик гуфт:

– Аз баҳри чӣ ин кор кардӣ?

Духтарак гуфт:

– Ман дидам, ки ташнагӣ бар ту чира гашта, агар ин шабеҳи хок дар ў набудӣ, ту ўро ба як дафъа менўшидӣ ва туро зарар мерасонид.

Малики одил Нўшервон аз сухани он духтарак ва бисёрии ақлу ҷавдати зеҳни ў хира монду ба ў гуфт:

– Ин шакар аз чанд най фишурдӣ?

Духтарак гуфт:

– Ин ҳама аз як най фишурдам.

Анўшервонро аҷаб омад ва сурати хироҷи он деҳкада бихост. Хироҷи он деҳкадаро андаке ёфт. Дар дил бигирифт, ки чун ба самти мамлакат боз гардад, ба хироҷи деҳкада биафзояд ва бо худ гуфт: Дар деҳкадае, ки аз як най чандин об фишурда шавад, чӣ гуна хироҷи он ба ин қиллат (камӣ) хоҳад буд? Пас аз он малик ба нахҷиргоҳ рафт ва ҳангоми шом бозгашта ба дари ҳамон хона бигузашту об бихост. Ҳамон духтарак баромад. Маликро бишинохту ба хона бозгашт, ки аз баҳри ў об биёварад. Омаданаш дер кашид. Анўшервон шитоб кард. Чун духтар биёмад, ба ў гуфт:

– Аз баҳри чӣ дер кардӣ?

Духтарак гуфт:

– Аз як най ба қадри ҳоҷат шакар барнаёмад, ночор се – чор най фишурдам, боз ба қадри ширае, ки аз як най баромада буд, аз онҳо наёмад.

Анўшервон гуфт:

– Ин воқеаро сабаб чист?

Духтарак гуфт:

– Нияти султон дигаргун гашта.

Гуфт:

– Инро аз куҷо донистӣ?

Гуфт:

– Аз пешиниён шунидаам, ки чун нияти султон ба қавме дигаргун шавад, баракат аз он қавм биравад.

Пас Анўшервон бихандид ва он чиро, ки дар дил гирифта буд, аз дил бадар овард ва духтаракро ба хештан тазвиҷ (ҳамхона) кард.

 

МУКОФОТИ   АМАЛ

Ва аз ҷумлаи ҳикоятҳо ин аст, ки дар шаҳри Бухоро марде буд саққо (машкоб, обкаш), ки ба хонаи марде заргар об мебурд. Сӣ сол он мардро ҳол бад- ин минвол гузашт ва он заргар зане хубрўву покдоман дошт. Рўзе саққо ба одати маъҳуд (маъмул, одати ҳамешагӣ) об биёварду ба ҳумраҳо рехт ва он зан дар миёни хона истода буд. Саққо ба назди ў рафта, дасти ўро бигирифту бифишурд ва роҳи хеш пеш гирифта, бирафт. Чун шавҳари он зан аз бозор боз омад, зан ба ў гуфт:

– Рост гўй, ки ту имрўз дар бозор чӣ кардаӣ, ки Худои таоло аз он дар ғазаб шуда?

Он мард гуфт:

– Он чи имрўз кардаам, ба ростӣ бо ту бозгўям ва он ин аст, ки ба дукон нишаста будам, зане ба сўйи дукони ман биёмаду фармуд, ки дастбанде аз барои ў бисозам. Ман дастбанде заррин сохта, ба ў бидодам. Дасти худ бадар овард. Даст ба соид биниҳод. Ман аз сафедии дасту накўии соиди ў ба ҳайрат бимондам ва гуфтаи шоир ба хотир овардам:

Дасте аз парда бурун омад чун оҷ сафед,

Гуфтӣ аз меғ ҳаме теғ занад Зуҳраву Моҳ.

Пушти дасте ба масал чун шиками қоқум нарм,

Чун думи қоқум бар карда сарангушти сиёҳ.

 

Он гоҳ дасти ўро гирифта бифишурдам. Зан гуфт:

– Субҳоналлоҳ, гуноҳ аз марди саққо набудааст, ки ў сӣ сол аст ба хонаи мо роҳ дорад ва ҳаргиз ман аз ў хиёнате надида будам, магар имрўз дасти маро бигирифту бифишурд.

Пас он мард истиғфор карду ба Худо бозгашт. Рўзи дигар марди саққо биёмад ва дар назди зан хештанро ба хок бияндохту маъзарат хост ва гуфт:

– Эй хотун, аз ман даргузар, ки шайтон маро фиреб дод.

Зан ба ў гуфт:

Аз пайи кори худ рав, ки ин хато аз шавҳари ман буд, на аз ту ва ин кор, ки ту кардӣ, ивази бадкории ў буд.

Чун зани он мард кирдори саққоро ба шавҳари худ бигуфт, марди заргар гуфт:

– Даққатун бидаққатин, яъне ивази як дафъа кўбидани дар як дафъа кўбидан аст. Агар ман беш аз ин мекардам, саққо низ беш аз ин мекард.

Пас, ин калом дар миёни мардумон масал шуд.

 

Аз китоби “Ҳазору як шаб” (Ҳикоёти пандомӯз). Душанбе, 2024.

Таҳияи Маҳинабону Бобоҷонова. Муҳаррир Н.Салимӣ.

Ин маҷмуа гулчиннест аз ҳикоёти китоби “Ҳазору як шаб”, ки маъхази он “Ҳазор афсона”-и халқҳои эронинажод маҳсуб мешавад. Нашри мазкур дар асоси муқобилаи нусхаҳои сангӣ ва чопи “Офтоб”, Теҳрон (1925) баргардон, тасҳеҳ ва ба нашр омода карда шудааст.

Ин китобча аслан барои кӯдакону наврасон омода шуда, ҳикоёти пандомӯзи зиёдеро дар бар гирифтааст.

Хоҳишмандон ин чандин китоби хуби ба ин монандро метавонанд дар толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи ЗаринаЗиёвуддинова,
мутахассисси  шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон