Бо бачаҳо. Искандари Исломиён: “Таълими момо”
Тирамоҳи зарнисор деҳаро аз будаш бештар зебою дилрабо карда буд. Дарахтони гирду атроф ба наварўсону духтараконе, ки дар рўзҳои ид худро оро дода бошанд, шабоҳат доштанд. Момои Мушарраф рўи кати ҳавлӣ зери дарахти зардолу чой нўшида аз насими форами ин фасл ҳаловат мебурд.
Наберааш Моҳпора ҳавлиро ҷорўб мезад. Момо кори наберашро бо диққат назора мекард. Моҳпора хазонҳои рўи ҳавлиро, ки мисли қолини зебо ҳама ҷоро пўшонда буд, рўфта ба даруни ҷўйбор партофт. Момои Мушарраф аз ин кори наберааш каме ранҷида ўро ба наздаш даъват кард. Моҳпора омада ба гўшаи кат назди момо нишаст. Момо ба ў бо ҳалимию меҳрубони фаҳмонд. Моҳпораҷон, меҳрубонаки момо, ҳеҷ гоҳ ҳавлиро ба тарафи ҷўйбор нарўб. Баракс рўфтанро аз лаби ҷўй ба дигар тараф оғоз намо. Хокрўбаю партобҳоро ба як ҷо ҷамъ намуда бурда ба партобгоҳ парто, ҷонаки момо. Аз ин кори ту ҷўйбор ифлос мешаваду шахсони аз он об нўшида бемор мешаванд. Дар урфият мегўянд, ки дар об ҳатто туф кардан амали носавоб аст.
Шумо низ духтаракони азиз аз насиҳатҳои момои Мушарраф бархўрдор гашта партовҳоро ба ҷўйбор напартоед!
ФАЙЗИ СУБҲ
Ҳар пагоҳӣ баъди дамидани субҳ, хуршеди оламгир мебарояду ба тану ҷони ҷумла ҷонварону одамон нуру гармӣ мебахшад. Ҳама бо дили гарм ба оғози рўзи ҷадид шуруъ менамоянд. Аммо Саидҷони лоғарандоми жўлидамўй ҳамеша аз хоб дер мехест. Ў рўз аз рўз беҳолу бемадор ва лоғартар мешуд.
Як саҳарӣ офтоби оламоро аз тиреза даромада нурҳои худро ба сари Саидҷон арзони намуда бо меҳрубонии беандоза навозишкунон гуфт:
– Субҳ ба хайр писарҷон! Шумо субҳгоҳон чаро аз хоб дер мехезед?
Ин одатро тарк кунед. Зеро бузургон мефармоянд, пур хуфтан яке аз нишонаҳои кўтоҳумрист. Касе, ки саҳарӣ барвақт аз ҷой хеста аз паи кору амали нек шавад Худо ба умру ҷони ў баракат ато мекунад. Тарки одати бад амри мардонагист.
Аз навозишу насиҳатҳои хуршеди ҷаҳонро Саидҷон хеле шоду масрур гашта аз ҷойгаҳ давида хесту ба саҳни ҳавлиашон баромад, ки аллакай ҳама ба кору бори зиндагӣ овора буданд.
– Субҳ ба хайр!- фарёд зад вай. Ҳама ўро дида табассум намуда- субҳи ту низ ба хайр бод- гуфтанд.
Саидҷон аз ин дам эътиборан худ ба худ қавл дод, ки дигар ҳаргиз дер намехезад. Мувофиқи ваъдааш вай аз ин пас ҳар саҳарӣ аз ҳама пеш хеста офтобакро пешвоз мегираду аҳли оилаашонро бо субҳи нав муборакбод менамояд.
МЕҲРУБОН БОШЕД!
Дар замонҳои хеле қадим одамон дар ҷангалзорҳои касногузар танҳо- танҳо зиндагонӣ мекарданд. Онҳо ҷудо – ҷудо ба сайд мерафтанд ва туъмаашонро дар алоҳидагӣ худашон истеъмол менамуданд. Ҳангоми бо ҳам вохўрдан ба ҳамдигар бо чеҳраи туршу бо чашми бад менигаристанд. Дўстию бародарӣ барои онҳо бегона буд.
Дар ҷангал қариб як моҳ беист барфу борон борид. Одамон аз хонаҳояшош берун рафта натавонистанд. Дар як ҷо нишастан ба дили мардум зад. Онҳо назди яке аз куҳансолони деҳа, ки таҷрибаи бои зиндагӣ дошт омада арзи ҳол намуданд. Мўйсафед ба онҳо гуфт:
– Ноомаду бадбахтии инсон ба феълу атвори одам вобаста аст. Одамон бояд бо орзуву омоли нек зиндагонӣ кунанд. Бо ҳам дўсту тифоқ ва меҳрубону ғамхор бошанд. Ҳангоми бо ҳам рў ба рў шудан ҳамдигарро бо чеҳраи кушоду лаби пурханда истиқбол намоянд, пас ҳамон вақт зиндагӣ хубу хуш мегузарад.
Ба туфайли насиҳатҳои мўйсафед аз ҳамон вақт инҷониб одамон бо ҳам дўсту меҳрубон шуда ба ҳамдигар ёрӣ мерасониданд. Аз ин пас зиндагиашон шоду хуррамона мегузашт.
Барои ҳамин бачаҳои азиз бо ҳамдигар дўсту ёрирасони ҳамдигар бошед, ки он кафолати зиндагии хуш аст.
МАНБАЪ: Искандари Исломиён: “Таълими момо”, Душанбе, 2025.
Ин ва даҳҳо ба ин монанд китобҳои шавқоварро бачаҳо метавонанд дар толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолаа намоянд.
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахасисси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон.