Бо бачаҳо. Ҷалол Икромӣ: “Аз Москав чӣ овардӣ?”
Табар чандон хурд набуд. Вай дар ақлу фаҳм ҳатто аз баъзе «калонҳо” пештар буд Аз рўзе, ки дар қишлоқи онҳо мактаб кушода шудааст, вай мехонад. Ҳоло чор сол аст,ки гўё онҳо мактаб доранд. Вале Табар имсол синфи дуюмро тамом кард. Дар мактаби онҳо синфи сеюм акнун худи ҳамин сол кушода мешавад ва Табар як сол ба синфаш монда буд? Не, вай дар охири сол аз ҳама нағзтар имтиҳон медод.
Сабаби кушода нашудани синфи сеюм ба Табар дахл надорад. Соли аввал мактаб сар шуда, ба онҳо як муаллими самарқандӣ омада дарс дод. Лекин дар соли дигар вай наомад. Маорифи район ҳам ҳамон сол дар вақти худаш муаллим расонида натавонист. Баъд аз зимистон даромадан як муаллим омада,бачаҳоро ғун карда натавониста гурехта рафта буд. Вале дар соли дигар ҳанӯз аз тобистон тараддуд карда, шўрои ҷамоати нав шудагӣ мактаби тоза андохту дар сари сол як муаллими дурусте омада ба дарсгўӣ сар кард. Ана, ҳоло Табар дар ҳамон муаллим хонда синфи дуюмро тамом кард. Вай дар соли мактаб нахонданаш доимо дар идораи шўрои ҷамоа ва сари клуб, дар қатори одамони калон нишаста, аз онҳо гап меомўхта монд. Ҳатто дар вақти муаллим омада мактабро кушодан, дар вақти бача ғун кардан, вай ба сари кор истода:
- Муаллим, ин унсури бегона аст.
- Ин батракбача аст.
- Ин бечора дар таги дари муштузўр хизмат мекард.
Ҳозир падару модараш калхозчӣ–биргадир-гуфта дар бораи бачаҳо маълумот медод. Ва дар байни гап «муштзўр», «батарак», «унсури бегона»гуфтанӣ гапҳоро қарда мемонд. Агар шариконаш аз вай «унсури бегона” гуфтанӣ гап чӣ, гуфта пурсанд, вай дарҳол ба гуфтани маънои гап медаромад.
– Ҳамин бойҳо, ана вай амин ва оқсақол, ҳамаи одамҳои гандаро «унсури бегона»мегўянд. О, намедонӣ, бегона!-гуфта мемонад.
Табар падар надошт. Агар пурсед, вай дар бораи падараш ба шумо ҳикоя карда медиҳад
-Падарам батрак будааст. Бечора, дар таги дари бойҳо хизмат карда, ман ва модарамро мехўрондааст. Дар шашмоҳагии ман ба хӯҷаин ҷанг карда, зиндон мешавад. Баъд дар дасти одамҳои амир мурда меравад. Ҳамин модарам хизмати ину он карда,маро калон кардааст. Сабил монад рўзгор, модарам ҳам кампир шуда мондааст. Акнун умедаш аз ман. Охир,ман калон шуда истодам –ку! Худам ба колхоз тракторчӣ шуда, димоғи модарамро чоқ мекунам. Вале кампир дар колхоз имрўзҳо хеҷ камбудӣ надорад. Қувваташ ба ҷо, роҳаташ ҳам дар ҷояш.
Вай дар ҳамин қишлоқ яке аз беғамтарин махлуқон ба шумор мерафт. Мардум ўро «Табари беғам»,ё ки сода «беғам» мегуфтанд. Аз касе гап шунида ё ки шаттаи касеро хўрда, гирякунон ба пеши очааш намерафт.Чашмони вай ба гиря одат накарда буданд. Дар сиёҳии чашми вай доим як оташи хурсандӣ, як фараҳ ва шодмонӣ дар мегирифт.Пешонаи кушод, бинии рост ва мутаносиб, даҳони хурд, чашмони гирда ва сиёҳи ў доимо ба майли табассуми лабонаш иштирок мекарданд. Лекин вай хароб камгўшт буд. Пойҳои дароз, мўи қаҳваранг (сиёҳ ва зардимоил)дошт. Дар қўча ҷанг карда гаштани ўро мардуми қишлоқ ҳеҷ намедиданд. Вале як бор мўй сафедтарин одами қишлоқ-посбони клуб-Самеъ-бобо ба таърифкунандагони вай хитоб карда гуфт:
-Бисёр таъриф накунед! Дар вақти занозанӣ, ин«беғам»-атон ҳам аз дигарҳо монданӣ намекунад. Дирўз писари Олимқассобро чунон гирифта зад, ки ҳай-ҳай нагўям ягон ҷояшро қабуд мекард
–Хай, худи вай, ана, худи вай бачаи ганда, писари кулак, вайронакор–да!-гуфт монд ба ҷавоби вай Ҷумъа–ҷўраи ҷонии Табар.
Табар бисёрии бачаҳои қишлоқро тобеи худ карда гирифта, дар вақти ҳар чи тур бозӣ сардори тўда мешуд. Агар ду бача ҷанг карда монанд, онҳоро бо фармон, нашавад, бо қаҳру ҷаҳл аз ҳамдигар ҷудо карда, баъд бо гапҳои сахт онҳоро шарм мекунонид. Ва ниҳоят ҳар ду ҷангиро оштӣ дода мефиристод. Аз рафиқони худаш ҳеҷ касе ҷангӣ набудаанд. Онҳо бо як-ду бачаи бадаъмол ва ифлос, ки корашон бозиҳои бад буд, ҷангӣ буданд.
– Муштзўрбачаҳо!- мегуфт онҳоро Табар…
Аз китоби “Тазкираи адабиёти бачаҳо”, таҳияи мутахассиси шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон Шоира Содиқова.
Ин китоб соли 2019 чоп шуда, беҳтарин намунаи насри бачагонаи тоҷикро гирд овардааст. Китобро шумо, хонандаҳои азиз, метавонед дар толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасон мутолиа кунед.