Бо бачаҳо. Юсуф Аҳмадзода: “Садсола шав – е, дурроҷ!
Баҳорон як паррандаи кабкмонанде аз кўҳ фуромада, аз ҷўчаи боғамон об мехўрд ва ҳамин ки ташнагиаш бишкаст, паси буттаҳои ғўл гузашта, ҳамчунон мехонд, ки модарам, раҳматӣ, аз шавқ: «Садсола шав-е, дурроҷ!» гуфта мемонд.
Ман ба хониши дурроҷ он қадар парвое надоштам. Вале боре аз дарёча об гирифта истода, беихтиёр ба овозаш гўш додам, ки ким- куҷои савташ замзамаҳои модарамро ба ёдам овард.
Даррав хона даромада, як каф биринҷ баровардаму ба рўи тахтасанги лаби дарёча пошида:
– Дурроҷ! Дурроҷ! – гўён онро ду-се бор ҷеғ задам. Наомад. Аз куҷое зоғча пайдо шуд ва донаҳои биринҷро як-як чида хўрд.
Рўзи дигар, вақте ки биринҷ бароварда дурроҷро фарёд намудам, боз ҳамон зоғча омад. Ҳамин тавр, ман ба зоғча ҳар рўз як кафӣ биринҷ бароварда мехўрондагӣ шудам. Вай ҳам баробари шунидани овозам фир – фиркунон парида меомад. Ҳатто як дафъа ба сари китфам қариб нишаста буд, ки ман ҳадаҳа онро доштанӣ шудам. Аз афташ, зоғча аз ин тарсид, ки парида рафту чанд вақт бедарак шуд.
Вале як пагоҳӣ тирезаи хонаамон аз берун «тук-тук!» шуд. «Кӣ бошад? Модарандарам навакак ба бозор рафта буд-ку?»- гўён аз ҷо хеста дидам, ки он зоғча будааст!
Вай маро дидан замон:
– Дурроҷ! Дурроҷ!- гўён аз шавқ садо баровард.
Ба «дурроҷ!» гуфтани паранда ҳеҷ бовариам наомада, лаҳзае ҳайрон шуда мондам. Вале аз шавқу шодӣ ва зиёда кунҷковӣ зуд ба ошхона даромада ним коса биринҷ баровардам.
Зоғча «гурусна ба шер задаст» гуфтагӣ барин чунон ба коса дарафтод, ки он қариб буд аз дастам ғалтида мешикаст. Ман бошам, хайрият, ки косаро сахтакак дошта истодам. Вай ҳам бе ҳеҷ бок ба сари дастам нишаста, ба коса нўл мезад ва ҳарисона дон мехўрд. Вале гоҳ-гоҳ бо тарс ва хавоси парешон ба атроф нигариста, шояд, монанди ман дилаш дар ваҳм буд, ки агар модарандарам омада монад, бешак пўсти ҳар дуямонро ҳам меканад. Охир, вай аз ним коса биринҷ як бор палав мепазад ва он ҳам бошад, баъзе шабҳое, ки падарам аз саҳро ояд.
Зоғча магар сер шуд ва ё донаҳои биринҷ ба гулўяш дармонд, ки ҷонсарак аз сари дастам парида, то лаби анҳор нарасида патар- путуркунон афтид. Онро бемалол дошта, ба лаби анҳор бурдам ва аз кафам об дода, болу парашро силакунон қаноти чапашро бардоштам, ки зери он сахт маҷрўҳ будааст. Дар ҷои захм хуну рим ба ҳам омехта, шах шудаанд.
Аз хона равғани пахта бароварда ба ҷароҳаташ молидам. Падарам дар саҳро бузу гўсфандони маҷрўҳшудаамонро ҳамчунон табобат мекард. Аз тарси он, ки мабодо модарандарам омада ин кори маро набинад, онро баргашта ба ҳаво сар додам.
Зоғча аввал то лаби бом парида, сонӣ, хез зада-хез зада гум шуд. Вале рўзи дигар овозаш боз аз рўи ҳавлиамон баромад:
– Дуроҷ! Дуроҷ!
Модарандарам баробари шунидани овози он қариб гурдакаф шуд ва касе гулўяшро хафа карда бошад:
– Киш-е, парсўхтаи мурдагӣ!- гўён чиррос зад ва ҳамин тавр ҳар дафъа зоғчаро бо сангу кулўх зада пеш мекард.
Аммо ман дар набудани модарандарам ба он аз кафам дону об дода, боз сар медодам. Ҳамин тавр, зоғча ба ман тамоман одат кард, ки аз ҳавлиамон ҳеҷ дур намерафт. Равад ҳам, зуд бармегашт. Шабҳо низ дар шохаи тути рўи ҳавлиамон хоб мекард. Вале ҳамин ки суроби модарандарамро дид, намедонам, ба куҷое ғайб мезад.
Рўзҳое, ки модарандарам ба бозор ва ё деҳаҳои ҳамсоя рафта чизфурўшӣ мекард, ба ман Худо медод! Дар дами дарвозаамон қариб тамоми бачагони маҳалла ҷамъ шуда, маро мехонданд: «Фаррух, зоғчата бозӣ дорон! Фаррух, мо як тамошо кунем. Фаррух, зоғчата… намефурўшӣ-а?..» Аз ҳама баландтар Самад фарёд мекашид.
Дар рўи ҳавлии мо гўё сирки ҳақиқӣ барпо мешуд. Ман миёни давра истода зоғчаро бозӣ медоштам. Вай ҳам ба сари даст ва китфони ман нишаста, аз кафи бачаҳо нону тутмавиз ва ҳар гуна чиз мехўрд: сонӣ, то гирифтани овозаш: «Дурроҷ! Дурроҷ!» гуфта ҳамаро қоил мекард.
Як вақт айни тафси зоғчабозӣ модарандарам даромада омад! Хаёлам, ки замин як нафас аз зери поям канда шуд ва ё сарам чарх зад, ки базўр поидам. Ва ҳамин қадарашро медонам, ки Самад зоғчаро аз дастам гирифту ба бағалаш пинҳон карда гурехт. Дигар вақте ба худ омадам, ки модарандарам аз сари похсадевор келини раисамонро овоз медод:
– Пошшохон, як ба шипанг сим зада, почотона ҷеғ намезанед?
– Айни долу зарби кор, намонанд даркор, оя.
– Илтимос, писараш мемурад, гўед.
Падарам, бечора, бо рангу рўи чун девори оҳакаш рехта ҳанўз аз дар надаромада, модарандарам дасташро ба сараш шофкунон арбада бардошт:
– Ҳой мўсафед! Баччата ғундор, ё ба сағирахона бар, ки ин сархўр хунама сафед кард. Мана, бин! Дар хона ҳеҷ чӣ намондааст: на биринҷ, на ҷаву гандум. Ҳа, илоҳинам… ҷувонимаргак…
Агар падарам аз дасташ кашолакунон ба хона намедаровард, вай ҳавлиро ба сар бардошта, боз чӣ қадар суханҳои бад мегуфт. Ба қавли падарам, ҳамаро шарманда мекард. Хайрият, падарам дару тирезаро баста, ўро анча ором намуда, баъд аз хона баромада ва як ба лабу рўи кафида ва пешони варамидаи ман нигоҳ карду магар раҳмаш омад, ки бо оҳанги мулоим гуфт:
– Канӣ, ҳамчун… зоғчат?
– Да- да- дар дасти Самад, – гуфтам базўр аз гиря худдорӣ карда.
Падарам дигар чизе нагуфту кўча баромада, ба хонаи Самадино даромад, ки овози очааш баланд- баланд шунида шуд:
– Бо ин қадар тану тўшу мушти базарб саҳро баромада хирман кўбад намешавад, занат?!
Ҷавоби падарамро аниқ нашунидам, вале аз фарёду фиғони зоғча фахмидам, ки онро ба хўрҷинаш андохта мебарад. «Эҳ, наход, ки падарам… Ҳеҷ бовар намекунам… Ҳамин…Самади пакана ҳам зоғчаро ба дасташ надиҳад чӣ мешуд?»
Лекин ҳамон шаб ман аз садои таҳлукаомези он бедор шудам:
«Дурроҷ! Дурроҷ!»
– Об-бо, ин мўйсафеди ношуд ҳаминака ҳам ўҳда карда натавонистааст-е, – гўён модарандарам низ ғур-ғуркунон аз хоб бедор шуд ва аз зери айвон рўи ҳавлӣ гузашта, магар ташна буд, ки ҷумаки обро кушод. Баробари ширроси об дари оғилхона низ ғиҷирросзанон во шуд ва аз он як суроби бадҳайбате падид омада, гурс-гурс қадамзанон аз девори кўча хез зада рафт.
– Ду-узд!!!
Фарёди модарандарамро шунида ҳамсояҳо ҷамъ шуданд ва «Хуб, ки зоғча будаст, набошад, бе гову гўсола мемондед, оя»– гуфта як-як баромада рафтанд.
Баъди ин воқеа модарандарам дигар ба зоғча кордор намешуд ва бо сангу кулўх ҳам онро зада аз ҳавлӣ пеш намекард, вале ҳеҷ намемонд, ки аз хона доне ва ё резаи ноне диҳам.
– Ризқашро худаш ёфта мехўрад,- мегуфт ў.
Ман ба ҳамин ҳам ҳазор бор хурсанд будам. Аммо ҳайф, ки ин шодии ман дер давом накард…
Боре модарандарам ҳадаҳа сари тағора нишаста:
– Маҳ!- гўён офтобаро ба дастам дод ва фармуд, ки ба сараш об резам. Вай, аз афташ назди кадом як магазинчии шиносаш шитоб дошт, ки дар ин гуна маврид сарашро шуста, ҳамеша мўяшро дуто карда, ба пушт партофта мерафт.
Офтоб акнун як қади сафедор баланд хеста буд. Дар лаби бом зоғчаву гурбаи ҳамсоя турфа бозие доштанд. Зоғча аз паҳлўи гурба гузашта, ба думаш якто нўл мезад. Гурба, ки танашро офтоб дода, баданашро ёзонда мехобид, аз ин нороҳат шуда, танбалона «Мияв!» мегуфту думашро ликконда мемонд. Зоғча бошад, хез зада худро ақиб мегирифт ва боз аз паҳлўи дигараш нўл мезад. Гурба ҳамон навъ «ҷавоб» медод. Ниҳоят ин нағмаҳои зоғча ба дилаш зад, ки вай якбора вағғосзанон аз ҷой ҷаст…
Ҳамин вақт як мушти обдори ба сарам фуромадаи модарандарам маро ба худ овард, ки ман саргарми тамошои гурбаву зоғча шуда, оби офтобаро на ба сари ў, балки ба тарафи дигар рехтаам. Акнун кор аз кор гузашта буд.
– Оба куҷо рехтӣ, кўр!- гўён маро ба замин ғелонда заданӣ буд, ки яке зоғча аз бом тирвор парида фуромада, ба модарандарам ҳамла намуд. Ў дастони дароз – дарози ҳузарбашро ба ҳар тараф ғурронда, онро аз сараш дур мекард.
Ниҳоят зоғча ду-се бор: «Дуроҷ! Дуроҷ!»- гўён бо шаст худро ба обрез зад ва дастпонаи қубачадори тиллоиеро, ки модарандарам қабл аз саршўи аз дасташ гирифта монда буд, ба яке чанг задан ба ҳаво бардошта бурд.
Вай аз паси он ҳаёҳуйкунон ба кўча тохта баромад ва… қарибиҳои говгум ҳамроҳи Гурози шиваршикан омад.
Милтиқи думилаи ба китф овехтаи Гурози шиваршиканро дида, дилам ҷиғӣ кард…
Онҳо баъди хўрдани палав то як поси шаб чой нўшиданд. Гурози шиваршикан ҳар гоҳ ба тути рўи ҳавлӣ чашм партофта, ба болини қу такякунон фақат гап медод ва ҳар замон шиками хик баринашро молида-молида гўё ғусса мехўрд, ки модарандарам ба ҳамин деҳқони хокпош расида чӣ дид, балки ҳуснашро хор кард. Агар ба вай мерасид, сари даст бардошта мегашт, ба тамоми ҷангали Сарвода хўҷаин мешуд ҳолӣ…
«Па- ақ!!»
Аз садои тир як қад парида хестам, ки чизе аз шохи тут тўппӣ афтид. Давида рафта онро бардоштам. Зоғча аллакай мурда буд!
Дар ҳаётам нахустин бор чизе диламро сахт фишурд, ки аз алами он худро дошта натавониста, ҳой-ҳой гиристам, ҳамчунон ки ба сўгвории модарам мегиристам.
Вале ҳамин вақт аз лаби ҷўчаи боғамон аз мағзи гулу буттаҳои ғўл овози дурроҷ баланд гардид, ки он савти рўҳбахш дар кунҷи дилам як умеди тамоман дигар ва як равшание монанди нури саҳар пайдо намуд ва аз миёни нурҳои рангоранги он гўё баръало овози модарамро шунидам: «Садсола шав-е, дурроҷ!»
Манбаъ: Юсуф Аҳмадзода: “Садсола шав-е, дурроҷ”. Душанбе, “Адиб”, 1989.
Ин китобро хоҳишмандон метавонанд дар толори хониши адабиёт барои кӯдакон ва наврасон мутолаа кунанд.
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахасисси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон