Бо бачаҳо. Юсуфҷон Аҳмадзода: “Нози баҳорон”
Китоби Юсуфҷон Аҳмадзда “Нози баҳорон” соли 2022 дар навшриёти “Адиб” чоп шудааст ва чанд шеъри нави ӯ барои бачаҳоро дар бар мегирад. Намунаҳо аз ин китоб:
НОЗИ БАҲОРОН
Боз баҳор омадаст,
Турна қаторо омадаст.
Сабз ҳама боғу роғ,
Лола-фурўзон чароғ.
Обаки ҷўҳо – равон:
Қад-қади ҷў мо –давон:
Лаб –лаби ҷўйи ҳисор,
Таг –таги беди қатор,
Селаи мурғи ҳилол
Мехўрад оби зулол…
Деҳа чӣ сон нозанин!
Нози баҳорон бубин!
ХАЁЛ
Борони реза борид,
Рангинкамон баромад.
Бар дошту кўҳу саҳро
Гўё, ки ҷон доромад.
Хуршед хандае кард?
Ё дар кушод заргар?
Бўйи гиёҳ пур шуд,
Аттор омад аз дар ?
Ғарқи хаёл як дам
Чашмони худ бипўшам:
Рангинкамони зебо
Ҳалқа шавад ба гўшам.
ОФТОБ
-Офтоб, Офтоб,
Як гапат мезанам:
Офтоб ё туӣ ?
Офтоб ё манам
Гўяд аз ҷон маро
Ҳар замон модарам :
-Эй писарҷон,туӣ
Офтоби сарам!
ДОМАНИ МОДАР
Як қадаму ду қадам.
Се қадами пайи ҳам,-
Дораракам мениҳад
Дар таги айвон қадам
Ў намеафтад дигар,
Ў нахўрад пешпо,
Додаракам медорад
Домани модарамро.
БЎЙИ НОН
Кўча –пур аз бўйи нон,
Ҷўча –пур аз бўйи нон.
Раҳгузарон –бўйи нон,
Пиру ҷавон –бўйи нон.
Растаи гул – бўйи нон,
Дасти гул –бўйи нон.
Ваҳ,зи куҷо бўйи нон?
Бўяки дилҷўйи нон?
Мошини пурнон гузашт!
Аз дари дўкон гузашт!
МЎРЧАЯК ДОНА ЁФТ
Мўрчаяк дона ёфт,
Донаи дўлона ёфт,
Шод шуду хона бурд,
Дона сари хона бурд.
-Оча, мана, дона!-гуфт,
Қариби як тона!-гуфт.
Чеҳраи модар шукуфт,
Гарм бибўсиду гуфт :
-Шукр, калонак шудӣ !
Донакашонак шудӣ!
ГУЛИ СИЯҲГЎШ
Пардаи шаб фуромад,
Ситора ҳам баромад.
Вақти саҳар фурў рехт,
Қад –қади роҳу ҷў рехт.
Гули сияҳгўш шуд
Зеби баногўш шуд.
ҚУРБОҚАҶОН
Қуроқаҷон, қур –қур макун ,
Ду лунҷакатро пур макун.
Холӣ кун акнун лунҷи худ,
Ором шав дар кунҷи худ,
То ними мо хоб кард,
Дилҳои моро об кард.
РЕЗАБОРН
Паси дару тиреза
Борони реза –реза,
Форам садо мекунад.
Ширин наво мекунад:
-Бедор шав, саҳар шуд,
Фасли баҳор сар шуд !
ДАСТИ ТИЛО
Холаҷонам тоқӣ дўхи,
Боаҳри ману Боқӣ дўхи
Бо риштаҳои зар дўхт ,
Бо ғояти ҳунар дўхт .
Тоқии моро дида ,
Чеварашро пурсида ,
Шодон бигуфто Ҷило:
-Дасти холаҷон тило !
ПАРВИН
Мо Парвинро кофтем ,
Аз сари ҷў ёфтем.
Аз обаки софи ҷў
Мешуст ў дасту рў .
Ду рўякаш-ду кулча ,
Пушти сараш – кокулча.
КАДУ
Тухуми каду шинондем,
Қад-қади ҷў шинондем
Ба ҷўйи мо об омад,
Обаки Варзоб омад.
Кадуи мо калон шуд,
Фонуси боғамон шуд.
РЎЗИ ИД
Пагоҳ,додарҷон ,ид аст ,
Мўзачаат даридаст.
Биё, ба дўкон барам,
Мўзачаи нав харам.
Гулаш-гулаки бодом,
Пулаш –пулаки додом.
ТОВУС
Товуси хушпари ман,
Парат –тоҷи сари ман.
Болу пари ту –ранга,
Гулҳош –танга танга .
Сафеду сурху зард аст,
Туро кӣ хушрў кардаст?
Товуси хушпари ман,
Парат –тоҷи сари ман .
Озода роҳ мегардӣ .
Бо сад фараҳ мегардӣ .
Якта –якта по монӣ,
Дар хонаи мо монӣ!
Аз китоби “Нози баҳорон” таҳияи Ш.Содиқова,
мутахассиси шўъбаи
адабиёти кўдакон ва наврасон.