Бо бачаҳо. Ҳ. К. Андерсен:  “Элиза ва қувони ваҳшӣ”

Ханс Кристиан АндерсенДар дурии дуриҳо, дар кишваре, ки ҳар зимистон парастуҳо аз макони зисти мо ба он ҷо парида мераванд, подшоҳе зиндагӣ мекард. Ў соҳиби ёздаҳ писар ва гулдухтаре бо номи Элиза буд.

Ёздаҳ бародари Элиза аллакай мактабхон буданд. Ҳар яки онҳо дар сари синаашон нишони ситора ва дар миёнашон шамшер доштанд. Онҳо дар лавҳаҳои тилло бо қаламсангҳои алмосӣ менавиштанд. Хоҳ азёд бошад ва хоҳ аз рўйи китоб, ба дараҷаи аъло хонда метавонистанд. Он лаҳза зуд пай бурдан мумкин буд, ки шоҳзодаҳои ҳақиқӣ хонда истодаанд. Хоҳаракашон Элиза дар курсии шишагӣ нишаста, китоби суратдореро, ки бар ивази нисфи шоҳигарӣ харидаанд, тамошо мекард.

Оре, кўдакон рўзгори гуворо ба сар мебурданд, вале он муддати кўтоҳ идома ёфту бас. Падарашон, подшоҳи кишвар, маликаи бадкирдореро ба занӣ гирифт, ки кўдакони бечораро дўст намедошт. Кўдакон инро аз рўзи аввал эҳсос карданд: дар қаср дилхушӣ барпо шуд ва кўдакон ба хоначабозӣ оғоз намуданд, лекин модарандар ба ҷойи санбўса ва себи дампухт, ки онҳо доимо ба серӣ мехўрданд, дар пиёлаҳо барояшон регмайда андохта доду гуфт, ки инро ҳамчун зиёфат қабул кунанд.

Пас аз як ҳафата маликаи зиштмуомила шоҳдухтар Элизаро ба деҳае ба тарбияи як хонаводаи деҳқони камбағал фиристод. Аз ин ҳодиса вақти зиёде нагузашта, вай аз хусуси шоҳзодаҳои бечора дар назди падарашон чунон бадгўйиҳо кард, ки подшоҳ онҳоро чашми дидан надошт.

Ҳоло, ки сиҳату саломат ҳастед, ба чаҳор тарафи олам парвоз кунед!- гуфт маликаи бадкор. Монанди парандагон хомўш парида равед ва дар фикри зиндагии худ бошед!

Аммо вай ҳар қадар бадӣ мехост, онро амалӣ карда натавонист, – шоҳзодаҳо ба ёздаҳ қуи зебои ваҳшӣ табдил ёфта, фарёдзанон аз тирезаҳои қаср ба фазои боғу ҷангалҳо бол кушоданд.

Субҳи бармаҳал онҳо аз назди кулбаи ҳамон деҳқоне гузаштанд, ки хоҳаракашон Элиза он ҷо мезист ва ҳанўз дар хоби ноз буд. Онҳо гарданҳои мавзуни худро ёзонида, дар атрофи бом шалап-шалап бол мезаданд, вале ҳеҷ кас онҳоро на диду на шунид. Қувони ваҳшӣ ночору ноумед парвозро идома доданд. Онҳо дар сатҳи абрҳо баланд парвозкунон сўйи ҷангалзори тираву тори беканоре, ки то соҳили баҳр доман мегустурд, равон шуданд.

Элизаи бечора дар кулбаи деҳқон бо барги сабзе бозӣ мекард, зеро дигар ягон хел бозича надошт. Ў баргро сўрох карду аз он сўрохӣ ба офтоб нигарист. Ногаҳ ба ў чунин намуд, ки чашмаш ба чашмҳои равшани бародарони худ бархўрд. Вақте ки нурҳои гарми офтоб ба чеҳрааш лағжиданд, бўсаҳои нарми бародаронашро ба ёд овард.

Рўзҳо яке паси ҳам мегузаштанд. Ҳангоме ки шамол буттаҳои садбарги назди ҳавлиро алвонҷ медод, мепурсид: «Оё дар ҷаҳон аз шумо зеботар мавҷуде ҳаст?». Садбаргҳо сар ҷунбонда мегуфтанд: “Оре аз мо зеботар Элиза аст”.

Аммо синни Элиза аз понздаҳ гузашт ва ўро ба хонаашон, ба қаср бозгардонданд. Малика дид, ки Элиза чӣ қадар нозанин шудааст, аз ин ба хашм омад ва ҳисси бадбиниаш ҷўш зад. Ў зиёд мехост, ки Элизаро ба қуи ваҳшӣ табдил диҳад, вале дар айни ҳол ин корро анҷом додан номумкин буд. Зеро подшоҳ мехост духтарашро бинад.

Як субҳи барвақт малика ба шиногоҳи мармарӣ, ки саросари онро бо қолинҳои пурнақшу нигор ва болишҳои мулоим ороста буданд, ворид шуд. Се қурбоқаро рўйи даст гирифта, ҳар якашонро бўсид ва ба қурбоқаи якум гуфт:

Ту ҳангоми ба ҳавз даромадани Элиза тори сараш бинишин, бигзор, ў мисли ту танбалу кундзеҳн шавад!

– Ту ба пешониаш бинишин!- гуфт ба қурбоқаи дуюм.- Бигзор, Элиза мисли ту бадафту зишт гардад, то падараш ўро нашиносад!

Ба қурбоқаи савум пичирос зад:

Ту ба қафаси синааш бинишин! Бигзор, бадрафтор шаваду аз ин хислаташ азоб кашад!

Малика қурбоқаҳоро ба оби мусаффои ҳавз андохт ва об фавран ба худ ранги сабз гирифт. Сипас Элизаро ба наздаш даъват карду либосҳояшро аз танаш кашида, амр дод, ки ба об дарояд. Элиза амри вайро иҷро намуд. Дар ин вақт як як қурбоқа ба сараш, дигаре ба пешониаш ва сеюмӣ ба қафаси синааш нишаст, аммо Элиза инро ҳатто эҳсос накард. Чун ў аз об баромад, дар сатҳи он се лолахасак шиновар гардид. Агар ба қурбоқаҳо бўсаи маликаи албастӣ таъсири бад намегузошт, онҳо бояд ҳангоми дар сару пешонӣ ва қафаси синаи Элиза ҷой гирифтан ба садбарги сурх табдил меёфтанд. Лекин Элиза чунон поку бегуноҳ буд, ки сеҳру ҷоду ба ў зараре расондан натавонист.

Маликаи бадкирдор инро дида, ба ғазаб омад ва ба тани Элиза шираи чормағз молид. Пўсти бадани шоҳдухтар тамоман қаҳваранг шуд. Сипас малика ба чеҳраи дилрабои Элиза малҳами бадбўе молид, баъд аз он мўйҳои абрешиминашро парешон кард. Акнун Элизаи зебову хубсуратро шинохтан ғайриимкон буд. Ҳатто падараш тарсид ва гуфт, ки ин духтари ман нест. Ҳеҷ кас ўро нашинохт, ғайр аз саги занҷирбанд ва парастуҳо, аммо фарёди ҳайвонҳои безабонро касе намешунид!

Элиза гиря карда, бародарони сарсонашро ба ёд овард. Он гоҳ пинҳонӣ қасрро тарк намуд, тамоми рўз саҳроҳову ботлоқҳоро тай зад ва ба ҷангале расид. Элиза худ дуруст намедонист, ки ба кадом тараф биравад. Лекин чун бародарони аз хонаи падарӣ рондашудаашро хеле пазмон шуда буд, ба қароре омад, ки то онҳоро наёбад, ҷустуҷў хоҳад кард.

Дар ҷангал чандон зиёд нагашта буд, ки шаб фаро расид. Элиза хеле хаста шуд, ў сар ба кундае ниҳода, болои ушнаҳо дароз кашид. Ҷангалро сукут фаро гирифтаву ҳаво гарм буд, дар сабзазор садҳо кирмаки шабчароғ, мисли оташакҳои сабз, милт-милт мекарданд. Вақте дасти Элиза ба буттае расид, кирмакҳо аз он монанди ситорачаҳо рўйи алафзор боронвор бирехтанд.

Элиза тамоми шаб бародаронашро хоб дид: ҳамаи онҳо чун пештара кўдак буданд, якҷоя бозӣ мекарданд, бо сангқаламҳо дар лавҳаҳои тиллоӣ менавиштанд, китоби бо расмҳои сеҳрнок ороёфтаро, ки нисфи шоҳигарӣ баҳо дошт, тамошо карданд. Аммо онҳо дар лавҳаҳо мисли пештара ҳарфҳову нақшаҳоро намекашиданд, балки ҳар чизеро, ки дидаанду аз сар гузаронидаанд, тасвир менамуданд. Ҳамаи суратҳо дар китоб зиндаву воқеӣ буданд: парандаҳо суруд мехонданд, одамон аз саҳифаҳо берун омада, бо Элиза ва бародарони ў гап мезаданд. Лекин агар саҳифаеро мегардондӣ, одамон баргашта ба саҳифаҳо медаромаданд, вагарна тамоми суратҳо печ дар печ омехта мешуданд…

Давоми ин афсонаи хубро шумо метавонед аз китоби Ҳанс Кристиан Андерсен “Элиза вақувони ваҳшӣ” бихонед. Ин китобчаи зебо соли 2024 дар тарҷумаи Ш.Маликшоева чоп шудааст. Онро ҳамчунин дар толори хониши шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон дастрас кардан мумкин аст.

Таҳияи ЗаринаЗиёвуддинова,
мутахасисси  шуъбаи адабиёти
кудакон ва наврасон.