Бо бачаҳо. Кашфиёти бузурги ҷуғурофӣ

Сайёҳ ва баҳнаварди машҳури мусулмон Ибни Баттута зодаи шаҳри Танҷири Марокаш (Африқои Шимолӣ) буда, дар асри 14–зиндагӣ кардааст. Ў сафарҳои худро аз Африқои Шимолӣ оғоз намуда, тавассути Саҳрои Кабир ва баҳри Сурх аз Осиёи Миёна, Ҳиндустон ва Чин дидан кардааст.

Ибни Батута дар масири роҳаш ба Чин аз Сейлон, Бирма ва Малайзия убур намуда, зиёда аз 25 соли ҳаёти худро дар мусофират гузаронидааст. Сафарномаи Ибни Батута аҳамияти бузурги илмии этнографӣ ва ҷўғрофӣ дорад.

Қитъаи амрикоро кӣ кашф кардааст?

Вуҷуд доштани қитъаи Амрикоро бори нахуст дар асоси хулосаҳои илмӣ олим ва донишманди ҷомеъулулуми тоҷик Абурайҳони Берунӣ пешгўӣ карда буд. Баҳрнаварди испанӣ Христофор Колумб баъди чаҳор аср, яъне соли 1492 аз Испания берун  шуда, бо киштӣ аз тариқи баҳри Кариб ба тарафи ғарб сафар кард. Ў мехост, ки роҳи баҳрии Хиндустону Хитойро пайдо кунад, аммо ба он тасодуфан ба қитъаи Амрико расид. Ў ҳатто тасаввур ҳам намекард, ки қитъае дар ин самт вокеъ аст. Дар ташаккули илми ҷуғрофиёӣ кашфиёти олимони мусулмон низ нақши муҳим доштааст.

Клавихо кӣ буд?

Руи Гонсалес Клавиҳо сайёҳи испанӣ мебошад, ки соли 1404 чун сардори ҳайати сафорат аз ҷониби шоҳи Кастилия Генрихи III бо мақсади барқарор намудани робитаи дўстона ва ҳамкории тиҷоратӣ миёни Испания ва давлати Темур ба дарбори Темур омада буд. Ў бо урфу одат, фарҳанг ва анъанаҳои мардумони Осиёи Марказӣ ошно гардида, пас аз бозгашт ба ватани худ ёддоштҳояшро бо номи «Рўзномаи сафар ба дарбори Темур –шаҳри Самарқанд» нашр намуд, ки ин асар доир ба таърихи халқи тоҷик дар аҳди ҳукмроyии Темур манбаи муҳимми таърихӣ–ҷуғрофӣ маҳсуб меёбад.

Роҳбалади Васко да Гама кӣ буд?

Роҳнамои Васко да Гама (баҳрнаварди португалӣ) дар сафарҳояш баҳрнаварди мусулмон Ибни Маҷид Аҳмад (нимаи 2–юми асри XV) буд, яъне кашфиёти ҷуғрофиёии ў асосан бо кўмаки ин фарди мусулмон рўй додаанд. Дар солҳои 1497–1498 зимни гузаштан аз Милинди ва Каликут ў роҳнамои эскадраи киштии Воско да Гама буд. Ў дар «ал–Ҳовия»–и худ дар бораи илми баҳрнавардӣ маълумот дода, аломату нишонаҳои наздикии Замин ва тартибу низоми вазиши бодҳо, хатти сайри роҳҳои баҳри Сурх, халиҷи Форс ва уқёнуси Ҳиндро шарҳ додаст.

Пири райис ва кашфиёти ў

Баҳрнавард, адмирали мусулмон Пири Райис (1465–1554) дар Қустантания соли 1513 харитаи ҷаҳонро тартиб дод. Ў дар асри худ «Китоби Баҳрия» эҳтимоли мавҷудияти қитъаи Амрикоро зикр карда буд.

Аз китоби “Ҷуғрофия. Донишнома” таҳияи Ситора Расулова, шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд.