Бо бачаҳо. Латофат: “Садранга пуфак баҳри Юсуфак”

Садранга пуфак баҳри ЮсуфакИн китоби шавқовар ва серсурат соли 2019 чоп шудааст. Муаллиф шоири хуби бачаҳо Латофат дар муқаддимаи кутоҳ овардааст: “Барои набераи дусолаам Юсуфҷон, ки дар Ню-Йорк зиндагӣ мекунад ва китобро хеле дӯст медорад. Кӯдакони китобхон ояндаи миллатанд”.

Инак, чанд шеъ аз ин китоб:

ОЧАБИНЙ

Коса – косои чинӣ,
Дарунаш пури шиннӣ.
Гамбўсак тозон овард
Барои очабинӣ.

 

Очаякаш оҳ, оҳ!

Дар хирмани сари роҳ,

Аз рўяки кулўхак

Чаппа шудаст ногоҳ.

МАЛАХАК

Ҷастиву ҷастӣ,  малахак,

Баланду пастӣ, малахак,

Рост,аҷаб намеравӣ,

Ё ки ту мастӣ, малахак

 

МОРИ   СИМИН

Деҳа мунаввар

Аз нури маҳтоб.

Хобида мардум,

Дашту даман хоб.

 

Рўдаки кўҳӣ,

Шорида ғамгин.

Аз дур метофт

Чун мори симин

 

                                           ГУЛИ  НИЛУФАР

Шабҳо, ки хомўш,

Дунё. Фаромўш.

Бо чашмаки боз,

Дар бистари  об,

Нилуфарак хоб.

Аз китоби “Садранга пуфак баҳри Юсуфак” таҳияи Шоира Содиқова, мутахасиси шуъбаи адабиёти  кўдакон ва наврасон

                  Ин ва боз даҳҳо ба ин монанд китобчаҳои ҷолибро шумо метавонед дар толори хониши шуъбаи адабиёти кӯдакон ванаврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.