Бо бачаҳо. Масалҳо аз «Баҳористон»-и Ҷомӣ. Идома

КАБЎТАР ВА МУРҒИ ХОНАГӢ

Кабўтаре буд. Ду бачаяк дошт. Онҳоро дўст медошт ва эҳтиёт мекард. Ӯ ба бачаҳояш аз ҳар ҷо ба таври гулчин, чида-чида ғизоҳои лазиз меовард. Барои ҳамин, қувваташ танҳо ба парвариши ду бача мерасид.

Рўзе аз кабўтар пурсиданд:

– Эй кабўтар, чаро ту аз ду бача бештар барнаёрӣ? Мурғи хонагиро бин, бачаҳои зиёд дорад, магар ту аз ӯ бештар қудрат надорӣ?

Кабўтар гуфт:

– Шумо бинед, ман ба бачаҳои худ, ба ҳавсала, аз ҳар куҷо ғизоҳои хубро ба таври интихоб, чида-чида меорам. Аммо чӯҷаҳои мурғи хонагиро бинед, аз сари роҳ, партоб, пору ва ҳар он чӣ ки роҳгузарон мепартоянд, мехўранд. Барои ҳамин, бо ҳавсала, чида-чида ғизо ҷамъ кардан, метавон танҳо ду бачаро парвариш кард. Вале аз партоби сари роҳ метавон ба ҳазор чўҷаи мурғи хонагӣ ғизо дод. Ба ҳами хотир гуфтаанд:

Хоҳӣ, ки шавӣ ҳалолрўзӣ,
Ҳамхона макун аёли бисёр.

Донӣ, ки дар ин сарочаи танг,
Ҳосил нашавад ҳалоли бисёр.

ТОВУС ВА ЗОҒ

Як товусу як зоғ буд. Онхо парвозкунон ба саҳни боғе расиданд ва айбу ҳунари якдигарро диданд. Товус ба зоғ гуфт:

– Ин мўзаи сурх, ки дар пойи туст, лоиқи атласи заркаш ва пероҳани мунаққаши ман аст. Он замон ки ба дунё меомадем, ҳар ду дар пўшидани мўза ғалат кардем: ман мўзаи пўстии сиёҳи туро пўшидаам ва ту мўзаи чармии сурхи маро.

Зоғ гуфт:

– На, ин тавр нест. Агар хатое рафтааст, дар пўшишҳои дигар рафтааст: ту ба бадани худ нигар, ҳама муносиби мўзаи ман аст. Ҳақиқат ин аст, ки ҳангоми таваллуд ту сар аз гиребони ман баровардаӣ ва ман аз гиребони ту.

Дар он наздикӣ сангпуште буд, ки сар ба дарун кашида, ин гуфтугӯву баҳсро мешунид. Ў сар бароварду гуфт:

– Эй ёрони азизу дўстони соҳибтамиз, ин муноқишаву баҳсро як сў гузоред. Аз ин гуфтгўйи бефоида даст кашед. Худои таоло ҳама чизро ба як кас надодааст. Ихтиёри ҳама орзуву хоҳишҳоро дар кафи як кас наниҳодааст. Барои ҳар касе чизеро муносиб доидааст.  Касеро аз меҳрубонии худ бенасиб накардааст.

Барои ҳамин, ҳар кас бо додаи худ хурсанд бояд буд ва бо ёфтаи худ хушнуд. Барои ҳамин ин пандро дар ёд гиред:

Бурдан ҳасад аз ҳоли касон таври хирад нест,
Зинҳор, ки аз таври хирад дур набошӣ.

Аз халқ тамаъ ҳамчу ҳасад мояи ранҷ аст,
Бигсил тамаъ аз халқ, ки ранҷур набошӣ.

РЎБОҲИ ЛОҒАР ВА МУРҒИ ШИКАМКАЛОН

Баҳористон»-и ҶомӣРўзе аз рўзҳо як рўбоҳи лоғар бо як гурги шикамкалон вохўрд. Гург хеле гурусна буд. Рўбоҳ, ки аз гург метарсид, ба вай садоқати худро нишон дода, ўро таъриф мекарду сано мегуфт.

Ҳар ду ба боғе расиданд. Диданд, ки дарвозаи боғ маҳкаму устувор ва деворҳояш баланду пурхор аст. Онҳо гирд-гирди боғ мегаштанд, ки илоҷе карда ба он ҷо дароянду чизе бихўранд.

Ҳамин тавр, гаштанд, гаштанду дар таги деворе сўрохе диданд. Аз ин сўрох рўбоҳи лоғар зуд гузашта метавонисту гурги шикамкалон базўр. Рўбоҳи чолок сар ба сўрохӣ дароварду ба боғ нигарист ва зуд сар ба берун бароварду ба гург гуфт:

– Баҳ-баҳ, чӣ бўйи хуше, чӣ қадар меваҳои зиёд.

Гург гуфт:

– Зуд даро, ки ман ҳам аз дунболат дароям. Рўбоҳ, ки лоғар буд аз сўрохӣ осон гузашт, вале гург бо заҳмат даромад. Дар боғ ангурҳои рангоранг диданду меваҳои фаровон ёфтанд. Бо ҳавас ба хўрдан шуруъ карданд.

Рўбоҳи лоғар зирак буду ҳушёр. Вақти хўрдан аз сӯрохии танг чӣ гунна берун рафтанро фикр мекард. Вале гурги шикамкалон, нодону гўлу гумроҳ буд, ҳар қадар тавонист хўрд.

Аз фаш-фаши хӯрдану паридану ҷаҳидани гурги ҳарис боғбон огоҳ шуд, ки ба боғ дузд даромадааст. Ӯ зуд чӯбдастеро бардошта, ба тарафи онҳо давид.

Рӯбоҳи лоғари борикмиён зуд аз сӯрох ба берун рафт ва гурги шикамкалон, ки  зиёд хӯрда буд, дар сӯрохи девори  боғ банд монд.

Боғбон чобукона ба назди гург расид ва ба сару пушти вай бо чўбдаст чунон зад, ки  гург на мурдаву на зинда, пўст даридаву пашм канда аз сўрох берун рафт.

Барои ҳамин гуфтаанд, ки нафси бад – балои ҷон.

Китоби “Масалҳо аз “Баҳористон”-и Ҷомӣ” соли 2019 чоп шудааст. Ҳикояҳои Абдурраҳмони Ҷомиро донишманди тоҷик Равшан Раҳмонӣ барои кӯдакон ба забони содаву осон омода кардааст.

Ин ва даҳҳо ба ин монанд китобҳоро шумо метавонед дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед. Ин толор дар ошёнаи якуми бинои Китобхонаи миллӣ ҷой гирифтааст.

Таҳияи
Садоқат ШОГУНБЕКОВА