Бо бачаҳо. Мирзо Турсунзода

Мирзо ТурсунзодаМирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Ҳисор (ҳозира Шаҳринав) таваллуд ёфтааст. Соли 1930 Дорулмуаллимини Тошкандро ба итмом расонидааст.

Аз соли 1946 то рўзи фавташ раиси Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ будааст. Соли 1951 академики АИ РСС Тоҷикистон интихоб шудааст.

Маҷмўаҳои ашъори ў «Пайғом» (1949), «Ман аз Шарқи Озод» (1950), «Мавҷи табрикҳо» (1951), «Қиссаи Ҳиндустон» (1954), «Асарҳои мунтахаб» (1955), «Чароғи абадӣ» (1958) ва ғайра аз чоп баромадаанд.

Муаллиф соли 1960, барои достони «Ҳасани аробакаш» ва силсилаи шеърҳои «Садои Осиё» сазовори Ҷоизаи Ленинӣ гардидааст.

Соли 1963 устод Турсунзода барои достони лирикии «Ҷони ширин» сазовори мукофоти давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ва Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон гардидааст.

Устод Турсунзода ба адабиёти бачагона аҳмияти даркорӣ дода, як силсила шеърҳои бачагона офаридааст.

Барои хизматҳои бузурги адабию ҷамъиятиаш соли 1967 сазовори унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, соли 2001 шарафёби унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон гардонида шудааст.

Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

24 сентябри соли 1977 Мирзо Турсунзода аз олам даргузашт.

САЙЁҲИ    ҲИНД

Ба ту, хонандаи азиз, аз нав

Менамоям муроҷиат, бишнав.

Бо хаёли диёри Ҳиндустон.

Ҳиндуи номуроди рўи ҷаҳон,

Кишвари мардуми ҷигарпора,

Халқи бехонумони бечора.

Хоби шабҳои хуш ҳаром кунам,

Қиссаи хешро давом кунам.

***

Кўдаке мегашт бо қуттии худ

Дар хиёбони лаби баҳри кабуд.

Метавонистӣ, ки дар чашмони ў

Пай барӣ аз мақсади пинҳони ў.

Медавид он ҳар тараф бо ҷустуҷў,

Сўи ҳар як раҳгузар оварда рў.

Огаҳӣ медод симои писар,

К- омадаст ин ҷо вай аз мулки дигар,

Ў нарезондаст хуни нофи худ

Дар ҳамин шаҳри лаби баҳри кабуд.

Гашт маълумам,ки афғонбаччаест,

Содаю гумроҳу нодонбаччаест.

Гашт маълумам, ки меҳмон омадаст,

Меҳмон аз мулки афғон омадаст.

Гуфтам: «Эй сайёҳи ҳинди кобулӣ,

Кўдаки хурдию дар ҳукми гулӣ.

Ҷисми хурдатро ба пушти Ҳиндукуш

Кӣ ҳаво дод, аз чӣ мегардӣ хамўш?

Ё туро бахти сиёҳат рондааст?

Боди афғонӣ магар паррондааст?

Баҳри чӣ кардӣ ту, эӣ наврасписар,

Аз сари кўҳи Сулаймонӣ гузар?

Ё касе гуфтат, ки дар Ҳиндустон

Ризқи инсон аст чун оби равон?

Ҳар чӣ мехоҳӣ, ту пайдо мекунӣ,

Нозу неъматҳо муҳайё мекунӣ.

Мекунӣ пур доманат аз чормағз,

Аз бананҳову апелсинҳои нағз.

Меравад дар ҷўйҳояш ҷои об

Дар тамоми фаслҳо ширу шароб,

Балки овардӣ ту ҳангоми сафар,

Ҷаннати афсонавиро дар назар.

Хостӣ ё аз ҷаҳонгардон шавӣ

Навҷавон сайёҳи Ҳиндустон шавӣ,

Ин замин кардаст аз даври куҳан

Фикри оламро асири хештан.

Дар фироқи он Сикандар шуд кабоб,

Бобуру Темурҳо хоку туроб.

Аз китоби “Офтоби оламоро”, ки ашъори адибон барои бачаҳоро гулчин кардааст. Китоб соли 2020 чоп шудааст ва ҳоло хонандагон метавонанд онро дар толорихониши адабиёти кӯдакон ва наврасон” мутолиа кунанд.

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова