Бо бачаҳо. Муҳаммад Ғоиб: “Боғи гузар”

Муҳаммад ҒоибКитоби Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб бо номи “Боғи гузар” соли 2022 чоп шудааст ва як силсила шеърҳои барои бачаҳо навиштаи шоири маъруфро дар бар мегирад.  Ду шеър аз ин маҷмуа интихоб кардем ва аз шумо даъват мекунем шеърҳои дигар ин китобро дар толори хониши шуъбаи адабиёт барои кӯдакон ва наврасон мутолеа намоед.

САГЧА

Мазан сагчаро бо чўб,
Мазан онро мисли тўб.

Хурдакак аст, убол аст,
Танаш ранги пахол аст.

Занӣ, гирёнчак шавад,
Саги тарсончак шавад.

Ба сўи ту натозад,
Бо ту дигар набозад.

РОҲИ КАҲКАШОН

Олам ситоразор аст,
Беғубор аст осмон.

Имшаб ба дидаи мо
Тобад Роҳи Каҳкашон.

Шаб то саҳар нахуфта,
Бо ранҷу заҳмате Моҳ

Бо ин раҳ мекашонад
Магар аз хирманаш коҳ?

 

Таҳияи Нафиса ҚУРБОНОВА,
мутахасисси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон.