Бо бачаҳо. Муродалӣ Собир: “Қиссаи фил ва муш”

Як рӯзи баҳорон буд,
Ҳаво абру борон буд,
Он замон вазид шамол,
Офтоб баромад дарҳол.
Баъди борон ҳамеша,
Дар гашти роҳи беша,
Муше нишаста дар санг,
Аз офтоб шуда гаранг.
Як рӯзе филро ӯ дид,
Аз ҷояш як қад парид.
Як фили калон зӯр
Пояро монда базӯр
Дар бешаи хушнамуд
Сайру гашт ӯ менамуд.
Филро муш вақе ки дид,
Даррав ба сӯяш давид.
Бо таъзиме бигуфто
Аз як авлодем мо.
Мефахрам ман бо шумо,
Ман наям акнун танҳо.
Авлоди мо бошад як,
Аҷдоди мо бошад як.
Надорем чун рафтуо,
Гаштем аз ҳама ҷудо.
Думу гӯшу пӯсти мо,
Гувоҳи ин иддао.
Гапашро фили дамон,
Бовар кард аз дилу ҷон.
Монанди хешу табор
Бо муш ӯ шуд мададгор.
Пас мушакро ҳамеша,
Мебурд ӯ сайри беша.
Монанди хеши асил
Ҷо гирифт ӯ пушти фил
Кибру ғурураш афзуд,
Ғайрату зӯраш афзуд.
Гурбае буд дар он ҷо,
Дар фикри сайду ғизо.
Вақте ки мушро ӯ дид,
Лабу лунҷашро лесид.
Чун буд гурусна беҳад,
Гуфто, ки ризқам омад!
Боҷуръату далер шуд.
Мушро бидиду шер шуд,
Яку якбора зад хез,
Ба пушти фил боситез.
Муш шуд он гаҳ гузарезон,
Ба гӯши фил шуд пинҳон.
З – ин бало шуд ногаҳон
Фил дар талвосаи ҷон.
Ин сӯ давиду он сӯ,
Аз тарс наъра зад ӯ.
Тамоми беша ларзид,
Гурба аз ин битарсид.
Аз пушти фил ӯ парид,
Аз чашм шуд нопадид.
Фил ҳар сӯ сар меҷунбонд,
Дарди гӯшаш намемонд.
Он ҷо наҳре калон,
Фил шуд он сӯ шитобон.
Бо хартумаш об кашид,
Ба гӯши худ ӯ пошид
Аммо муш аз он дарун
Намеомад ба берун.
Он замон фил бошитоб
Даромад даруни об.
Ба гӯшаш об даромад,
Муш ҷаҳида баромад.
Ӯ ки тарсида буд сахт,
Ҷаҳида ба шохи дарахт.
Ҷони фил ҳам шуд халос,
Аз ин азобу васвос.
Аз он замон то ҳоло,
Бинанд агар мушеро
Фил ҳар ҷо бинад тарсад,
Дасту пояш меларзад.
Сарашро меҷунбонад,
Гӯшашро меафшонад.
Аз китоби Муродалӣ Собир: “Қиссаи фил ва муш”. Душанбе, 2024.
Хонандагон ин ва даҳҳо ба ин монанд китобҳои шавқоварро метавонанд дар толори хониши адабиёт барои бачаҳо ва наврасон бихонанд.
Таҳияи Рухшона Шарифова,
мутахасиси шуъбаи адабиёти кудакон ва наврасон