Бо бачаҳо. Оҳуи тиллоӣ. Афсонаи ҳиндӣ. Бахши аввал

Дар замонҳои хеле қадим дар Ҳиндустон роҷаи (хоҷа) сарватманде зиндагӣ мекард.  Ӯ чунон сарватманд буд, ки ҳатто худаш ҳисоби дороияшро намерафт: заминҳои беканор, қасрҳои пуршукӯҳ, сандуқҳои пур аз сангҳои қимматбаҳо ва тангаҳои тилло. Ҳар чизе, ки орзу карда мумкин буд, ӯ дошт. Вале дар баробари ин бисёр хасису золим буд. Дар як тарафи тахти ӯ ҷаллоди якчашмаи шамшербадаст меистод. Ҳар вақте ки роҷа ба ғазаб меомад, ҷаллод фавран яке аз хидматгоронро напурсидаву насанҷида ба қатл мерасонд.  Дар тарафи дигари тахти роҷа як одами назарногири майдаяк – сартарош қарор доҳт. Лекин ӯ бадтар аз ҷаллод буд, чунки ба роҷа рӯзу шаб дар бораи воқеаҳои рӯз хабар мерасонд. Ба назар чунин мерасид, ки аз чашми ин шахси нобакор ҳеч чиз пинҳон намемонд.

Сатароши дарбор як рӯз бозор дид, ки аз бари растаҳои бозор ятиме савори барзагов мегузарад. Ин барзагов ягона моли шахсии ӯ буд. Писарак ҳар рӯз барзаговашро нағзакак нигоҳубину навозиш карда, ба он савор мешуду ба саҳро рафт, ки корҳои роҷаро иҷро кунад. Роҳи вай аз байни бозор мегузаш. Вай ин пагоҳӣ низ ба саҳро мерафт. Вай аз байни бозору аз бари савдогароне мегузашт, ки харидоронро барои хариду молашон шавқманд мекарданд:

– Бананҳои ширин! Бананҳои ширин барои онҳое, ки кисаҳояшон

пури пул аст.

– Табақу табақчаҳо! Пиёлавю кӯзаҳои беҳтарин! Чунин зарфҳои

хубро надида нагузаред..

Ятими  говсавор мерафту суруд мехонд:

Хуршед чун барояд,

Даъват маро намояд:

– Саҳар шуд, эй ҷӯраҷон,

Бубро зи хона шодон!

Ҳар субҳ обаки ҷӯй,

Хонад суруди дилҷӯй.

Ҳамвора мезанад ҷӯш:

– Аввал, биё, маро нӯш!

Дорад шамолак овоз:

-Бинмо ба корат оғоз!

Дар бозор фақат сартароши суханчин хомӯшу хап буд. Ӯ на суруд мехонду на гап мезад. Фақат гӯш мекард, ки мардум чӣ мегӯяд, то ки нарезондаву начаконда ба роҷа бирасонад. Сартарош дар охири бозор, дар зери соябони хамие ба одамони доро хидмат мекард. Вай ба гирду атроф менигаристу гӯш медод, ки чӣ ҳодиса руй медиҳад. Баъзан чунин саргарми ин кор мешуд, ки вазифаи асосиашро фаромӯш мекард. Вай ҳозир риши савдогареро метарошиду ҳушаш банди ятимаки барзаговсавор буд.

Эй сартарош, оҳистатар! Ҳушёр бош, ки ҳамроҳи ришам сарамро набурӣ! – Эътироз карда савдогар.

Сартарош гуфт:

– Ман ҳушёрам, худи шумо меҷунбеду ба ҳар сӯ менигаред.

Савдогар боз гуфт:

Ҳушёр бош, ки мӯйлабамро набурӣ.

– Ҷаноб, ман ҳар пагоҳӣ ришу мӯйлаби роҷаи бузургро ба тартиб меорам. Ӯ ба шарофати ҳунармандии ман дар ин гирду атроф дорои ришу мӯйлаби зеботарин аст. Ҳамзамон вақти риштарошӣ ӯро ман бо хабарҳои наву тоза хурсанд мекунам ва то ҳол ягон тори ришу мӯйлабашро ноҷо набуридаам.

Савдогар боз нороҳат шуда пурсид:

Ту ин қадар ба куҷо нигоҳ мекунӣ?

Сартарош гуфт:

– Ба он писараке, ки савори барзагов мегузарад. Чунин  барзагови  зеборо ман дар ҳеҷ ҷову ҳеҷ гоҳ надида будам

– Бале, – сухани сартарошро тасдиқ кард савдогар.-

Дар тамоми мамлакат ҳеҷ кас мисли ин ятимак чунин барзагови зебо надорад.

– Эй писар, ин барзагови туст? – Садо кард сартарош.

Ҳа. Ман бо ин барзаговам дар саҳро кор мекунад.

Гӯш кун, барзаговатро ба ман деҳ. Дар ивазаш, вақте калон шавӣ, ман риши туро бепул метарошам.

Не, ман намехоҳам, ки ягон вақт ришамро шумо тарошед.

– Барои чӣ?

– Шумо дар бораи ман ба роҷа хабаркашӣ мекунед. Беҳтараш, вақте ки ман калон шавам, тамоман риш наметарошам.

Ҳой, ту бачаи нобакор! Ҳозир ман ба ту нишон медиҳам, – дод зад сартарош ва косачаи обдори дар дасташ бударо ба замин партофту афзуд. –Ҳой, Барзагови ту бо думаш косачаи маро зада шикаст! Товонашро медиҳӣ!

Ту худат онро шикастӣ, –  гуфт писарак. – Барзагови ман ҳеҷ гуноҳ надорад.

Ман ба ту нишон медиҳам, шумбача! Ман инро ҳамин тавр намегузорам. Худи ҳамин рӯз ба роҷа шикоят мекунам…

Рӯзе роҷа ба шикор мерафт. Худписанду мағрур, савори аспи болопӯшаш тиллоӣ мерафту аз думболаш ҷаллоди якчашмаи шамшербадаст  қадам мезад. Риши фахаки ҷаллод дар шамол алвонҷ мехӯрад ва як чашмаш аз зери саллаш атрофро назорат мекунад. Аз думболаш надимон ҳаракт мекунад: хушомадгӯёни дарбор ва сайёдон ғавғо бардошта, пеш–пеши худ палангони шикориро мебурданд. Аз думболи ҳама сартароши хашмин савори хар мерафту ҳеҷ наметавонист бар ба бари роҷа равад.

Якбора аз ҳар тараф садои нағора баланд шуд. Инҳо одамоне буданд, ки сайдҳоро тарсонда, аз лонаҳояшон берун мекарданд.

Роҷа даст бардошт ва савораҳо аспҳояшонро нигоҳ доштанд.

Нигоҳ кунед! Оҳо! – Дод зад роҷа.

Дар куҷо? Ман онро намебинам! – Гуфт ҷаллоди якчашма. – Роҷаи бузург, иҷозат диҳед, ман сари ӯро аз тан ҷудо бикунам.

Аблаҳ, ту фақат ҳунари каллабурӣ дорӣ. Дар шикор аз ту ягон суде нест.

Ман, ман ӯро мебинам роҷаи бузург. Ман ӯро мебинам.

Ана, – ӯ дар байни дарахтон. Сумҳои вай чӣ гуна ҷилло медиҳанд! Ба ман камонғӯлак ва тири оташинро диҳед. Ба пеш!

– Роҷаи бузург, бинед, аз сумҳои вай тангаҳои тилло мепаранд!

– Пул?

– Пулакҳо!

– Тилло!

– Охир, ин оҳуи тиллост – ку! Ӯро ҳатман доштан лозим! Доред!

– Бубинед, ӯ дар ҷангал гум шуд!

Ӯро иҳота кунед.

– Тозед! Тозед! Шумо оҳуро доред! Ман тангаҳои тиллоро ҷамъ мекунам. Як, ду,се,чор,панҷ, шаш, ҳафт! – Сартарош навкаронро ба тарафи ҷангал раҳнамун карда, худаш шодона тангаҳоро ба ҳамёнаш ҷой мекунад.

Дар саҳар, дар наздикии ҷангал, ятимак кор мекард. Бо тамоми вазни худ испорро зер карда, барзаговашро ба пеш  меронд. Садои нағораю шиҳаи аспонро шунида, истод.

«Эҳтиром Роҷа боз ба шикор баромадааст», –  андешид писарак. Дар ҳамин лаҳза аз даруни беша оҳуе тозон баромадӯ ӯро дида, аз тарс дар ҷояшшах шуд.

Натарс. Оҳуҷон, ман сайёд нестам, – гуфт писарак. – Ман туро пинҳон мекунам. Биё, биё, натарс, охир! Ба сӯрохии ҳо он дарахти бузург нигар! Ковокӣ. Ту дар он ковокӣ бе малол меғунҷӣ ва сайёдон туро намебинад…

Ин чист? – Тааҷҷуб кард писарак. – Ту аз сумҳоят тангаҳои тилло мепошӣ? Не,не, ба ман пул лозим нест. Ҳоло ман ин тангаҳои тиллоро ба тарафи ҳо, ана  он буттаҳо, ҳаво медиҳам, ки сайёдон онҳоро набинанду ҳеҷ чизро пай набаранд. Зуд пинҳон шав! Ана ҳамин хел! Ман  ҳозир бо шохҳо даҳони ин ковокиро мепӯшам ва туро ҳеҷ кас намебинад.

-Эй бача! – Якбора садои воҳиманоке аз пушти сари писарак баланд шуд.

Писарак ба қафо нигариста роҷаро дид ва беихтиёр нидо кард:

Роҷаи бузург!

Аз ин ҷо оҳуе давида гузашт! – Хитоб кард роҷа. Бигӯй, вай куҷо пинҳон  шуд?

Оҳу? Оҳу ба он пайраҳа давида рафт.

Пас, барои чӣ изи  вай дар ин  ҷо тамом мешавад?

– Ту маро фиреб медиҳӣ? – эътироз кард роҷа ва ҷаллодро  фарёд кар.

– Ҳой, ҷаллод.

Ҷаллод ҳозир шуд.

– Роҷаи бузург, иҷозат диҳед, ман сари ӯро аз танаш ҷудо бикунам!

– Не, ҷаллод, агар маро фиреб дода бошад, ман ӯро ба чанги палангон медиҳам. Атрофро аз назар гузаронед! – Амр кард роҷа.

Касе аз надимон гуфт:

Роҷаи бузург, ӯ рост мегӯяд. Дар он пайроҳа, дар даруни бешаҳо, ман тангаҳои тилло ёфтам.

Ман сахтгирам, вале – одил. Барои он ки рост гуфтӣ, ман ба ту мукофот медиҳам! – Гуфт роҷа ва ба ҷаллод рӯ овард. –Ҷаллод, тангаҳои тиллоро ба ман бидеҳ. Чун ҷаллод тангаҳои ҷамъкардаашро ба ӯ дод, роҷа онҳоро гирифта, дар ҷайби худ андохт ва ба ятимак гуфт:

Ба ту, бачам, ман ҳаётро ҳадя мекунам.

– Акнун ба пеш! Ман бояд оҳуро дастгир бикунам, – ба навкаронаш фармон дод роҷа ва аз назар гум шуд.

Рафтанд, – гуфт писарак ва нафаси озод кашид. Баъд ӯ ба назди оҳу омада гуфт:

– Ту хеле тарсидӣ, бечораяк. Биё, акнун аз паноҳгоҳат баро. Сайёдон рафтанд.

Ташаккур, бародари хурдакаки ман! – Гуфт оҳу.

Ту гап зада метавонӣ – Ҳайрон шуд писарак.

Бале, чунон ки мебиниву мешунавӣ, – гуфт оҳу ва афзуд: – Ту ҷони маро халос кардӣ. Ҳар вақте ки ба ту ёриву мададе лозим шавад, назди ман биё.

– Ман туро аз куҷо меёбам? –Пурсид писарак.

Оҳу гуфт:

– Ту маро дар ҷангалзори дур, дар домани кӯҳи кӯзапушт меёбӣ. Дар он ҷо бамбукҳои сабз паст-паст садо мебароранд:

«кеш-меш», «кеш-меш». Дар он ҷо дарахти олу мерӯяд. Дар он ҷо дувоздаҳ хирсак ҷастухезу бозӣ кард «ҳо–ҳа», «ҳӣ–ҳӣ», гуфта, овоз мебарорад. Ва ҳар гоҳ, ки аз дарахт барге меафтад, сию панҷ паланг ҷамъ мешавад, ки ин манзараро тамошо бикунад.

Ҳар вақт ки ба мушкилие гирифтор шавӣ, бародари хурдакакам, ба он ҷо биё.

– Ташаккур хоҳарам оҳу. Ман меоям..

Дор! Дор!Маҳкам дор ӯро! – Якбора овози сартарош, ки аз навкарон қафо монда буд, баланд шуд. Вай дид, ки писарак бо оҳуи тиллоӣ гап мезанад, овоз баланд кард ва харашро дашном дод. – Хари аблаҳ! Ҳар гоҳ ки давидан лозим бошад, ӯ  фақат саркашиву сустравӣ мекунад!

Сартарош ба писарак хитоб кард, ки оҳуро сахттар дорад.

Гурез, гурез хоҳарам, оҳу! Тезтар! – Гуфт писарак.

Хайр, бародари хурдакаки ман, – гуфт оҳу ва аз назар ғоиб шуд.

Ҳа ин туӣ, бачаи якрав? Барои чӣ ӯро сар додӣ?-

Гуф сартарош.

Ман аз ту тарсидам, сартарош.

–Дурӯғ нагӯй! Беҳтараш, бигӯй, ки оҳу ба куҷо рафт, вагарна, аҳволат бад мешавад.

Писараг гуфт:

Бе ин ҳам аҳволи ман бад аст. Охир, ман ятимам.

– Ҳеҷ гап не. Гӯш бикун, ятимак ба ман бигӯй, ки оҳуи  тиллоӣ ба куҷо гурехт? Боз нагӯй, ки намедонӣ. Ман дидам, ки чӣ хел шумо мисли дӯстони дерин дар оғӯши якдигар будед. Хайр, гап зан. Дар  ивазаш зараре, ки барзагови ту ба ман расонд, яъне косачаи маро шикаст, туро мебахшам. Бигуй, ятимак ман ба ту тангаи тилло медиҳам-гуфт сартарош.

Ба ман тангаи ту лозим нест, – гуфт ятимак.

Сартарош гуфт:

Агар мехоҳӣ, ман ҳамаи ҳамин ҳамиёни тангаҳоро ба ту медиҳам.

Писарак гуфт:

Чун барои ман як танга ҳам лозим набошад, ҳамаи ин тангаҳо чӣ даркор?

Сартароши ғазабнок гуфт:

– Ҳа! Ту фикр мекунӣ, ки оҳу ба ту бештар медиҳад?

Беҳтараш бигӯй, ки ӯро  аз куҷо пайдо кардан мумкин аст!

Гап зан! Боз ту ба ҳоли ман мехвндӣ?

Ман не. Маймунҳо дар болои дарахтон механданд.

– Ҳоло ин лаънатиҳо ҳам тарадори туанд? Исто! – сартарош аз дасти писарак маҳкам дошт.

Сар деҳ маро! Сар деҳ! – Писарак дод зад.

Ана, ба даст афтодӣ. Акнун ба ҳеҷ куҷо намеравӣ! –Гуфт сартарош. – Маймунҳои лаънатӣ бо меваҳои какос маро мезанад! Вай дод! Ман инро инхел намегузорам. Ман аз болои шумо ба худи роҷа шикоят мекунам…

Чун роҷа баъди шикори нобарор ба қасраш баргашт, бисёр маъюсу  хашмгин буд. Ӯ фақат дар бораи оҳуи тиллоӣ, ки муфт аз дасташ халос хӯрд, фикр мекард ва нимшунаво худ ба худ  мегуф:

Ҳамаи роҷаҳо ягон чизи аҷоибод дорад. – Роҷаи Шимол аспи чубие дорад, ки парвоз мекунад. Ҳамсари роҷаи Ҷануб метавонад ба паранда табдил ёбад. Ҳатто роҷаи Ғарб чӯбаки сеҳрноке дорад, ки бо ҷунбондани он таомҳои бомаза пайдо мешавад. Дар бораи роҷаи Шарқ ҳоҷати гап ҳам нест. Ӯ филе дорад, ки ҷавоби як лашкарро медиҳад. Не, албатта, ман ҳам метавонистам соҳиби ин оҳуи тиллоӣ бошам ва сарвати бештарро соҳиб гардам, вале оҳу ба ҷангал гурехт… Хуб, оҳуи маро, кӣ раҳо карда бошад?

– Кӣ оҳуро раҳонид? Раҷаи бузург, иҷозат диҳед, ман сарашро аз тан ҷудо бикунам!- дод зад ҷаллод.

Кӣ оҳуро раҳонид?

– Кӣ оҳуро раҳонид?-навкарон низ садо бароварданд.

– Даматро гир, ҷаллоди беақл! – гуфт роҷа.

Роҷаи бузург,-ногоҳ овози тамаллуқкоронаи сартарош баланд шуд.

Дар деҳа писараке зиндагӣ мекунад. Ӯ ятим аст. Ҳамоне ки шумо дар ҷангал вохӯрдеду ҳадяи шоистае барояш ато кардед.

Ман ба писарак чӣ ҳадя  кардам? – Ҳайрон  шуд роҷа.

Оҳ роҷаи бузург, Шумо ба ӯ ҳаёт ҳадя кардед.

–Ҳа бале, бале, ман ба ятим мукофоти арзандае бахшидам. Хуб, баъд чӣ?

Ин писар метавонад оҳуро ёбад! – гуфт сартарош.

– Писарак метавонад оҳуро ёбад? – Тааҷуб кард роҷа.

Метавонад, роҷаи бузург, метавонад! – Гуфт сартарош.

– Ту маро фиреб намедиҳӣ, сартарош?

Роҷа бузург, иҷозат диҳед, ман… боз сари ягон касро аз тан ҷудо бикунам, – гуфт ҷалод.

Даҳонатро пӯш, ҷаллод!- амр дод роҷа ва ба сарвари муҳофизони худ рӯ овард:

Сардор!

Гӯш мекунам! – Гуфт сармуҳофиз.

– Ба сартарош ду сарбоз бидеҳ.

– Итоат!

– Сартарош, ин ду сарбозро бо худ бигиру писаракро биёр! – Амр кард роҷа.

Писаракро биёред!– Писаракро  ба назди роҷа биёред!- Дод заданд навкарон.

– Ман ӯро ҷазо медиҳам! – гуфт роҷа.

Роҷа писаракро ҷазо медиҳад!

– Роҷа писаракро ҷазо медиҳад! – навкарон нидо мекарданд.

Онҳо ҳоло сухани худро тамом накарда буданд, ки сарбозон писаракро ба пеши пой роҷа ҳаво доданд.

Роҷаи бузург,-ба ҳокими бадхашм муроиҷат кард, писарак.

Хомӯш! – Сартарош сухани ӯро бурид. – Ҳозир роҷа барои кирдори бадат туро ҷазо медиҳад!

– Хуб ки бошад, – бо виқор гуфт роҷа. – Гуноҳи якуми ту ин аст, ки барзагови ту косачаи сартароши беҳтаринимаро шикаст.

– Бале, бале,-сар ҷунбонд сартарош.

Дуюм ин ки… Дуюмаш чӣ буд.

– Ӯ ба ман дар ҷангал мисли паланги хунхор ҳуҷум кард!-гуфт сартарош.

Ӯ дурӯғ мегӯяд. Ӯ буд, ки… – худро ҳикоя карданӣ шуд писарак.

– Хомӯш! Думаю ин, ки шахси муътабарро задӣ… ва барои ин гуноҳат ҳам ҷазоятро мебинӣ.

Роҷаи бузург, иҷозат диҳед ман… – ба гап ҳамроҳ шуд ҷаллод.

Сабр бикун, ҷаллод! Писарак ҷарима медиҳад, – гуф  роҷа ва ба ятимак муроҷиат кард: – Писарак, ту бояд даҳ тангаи тилло бидиҳӣ.

Ба ман! Ба ман, – тангаҳои тилло?! – Хурсанд шуд сартарош.

Не, сартарош муҳтарам, ҷаримаро ҳамеша роҷа мегирад,-тамасхур зад роҷа. – Ту ҳаққи худатро пешакӣ гирифтаӣ. Ман вараму сиёҳ кабуд шудани баданатро, дар назар дорам.

Роҷаи бузург. Охир, ман ҳеҷ чиз надорам, ки диҳам. Ман ба ғайр аз як барзагов чизе надорам, – арзи бечорагӣ  кард кӯдак.

Хуб, ҳамон барзаговатро медиҳӣ,– ба миёнигап даромад сартарош.

Барзагов барои як косача?- тарсону ҳаросон пурсид кӯдак.

Не, барзагов барои як косача, фикр мекунам, бисёр аст, – бо тамкин суханашро давои дод роҷа ва ба ҷаллод рӯйовард: – Ҷаллод, ду пойи ақиби барзаговоро бибур! Барои ҷуброни як косача ду пойи барзагов бас аст.

Оҳ, роҷаи бузург, аз ман чизе мехоҳӣ, талаб бикун, фақан бигузор, ки барзагови ман зинда монад,-зорӣ кард ятимак.

Хуб. Ман раҳмдилам. Амр мекунам,  агар то баромадани офтоб ту ба ман даҳ тангаи тилло наорӣ, сартарош ду пойи барзаговро саҳиб мегардаду боқимондааш аз ман мешавад.

– Бирав! – дод зад роҷа ба тамоми овоз ва ба сартарош гуфт: – Ту, сартарош, аз думболи  ӯ меравӣ. Ӯ барои пул ба назди оҳу меравад ва мо мефаҳмем, ки макони оҳу куҷост.

Итоат, роҷаи бузург, – гуфт сартарош ва пинҳонӣ аз думболи писарак равон шуд.

Ятимак ғамгину сархам дар кӯчаҳои пурчанги деҳа қадам мезад. Қасри бошукӯҳи роҷа, ки дар он ҷо посбонон ҳушёрона барзагов ӯ – ягона дӯст ва хӯронандаву пӯшонандаашро посбонӣ мекарданд, дар пси сар монд. Барзаговро дар қафаси калони мустаҳкам, ки дар дараш қулфи калону вазнин овезон буд, нигоҳ медоштанд. Ятимак намедонист, ки дӯсти худро чӣ гуна озод бикунад. Ӯ ягон хешу табор ҳам надошт. Бинобар ин ба хулосае омад, ки аз оҳу мадад пурсад.

(ДАВОМ ДОРАД)

Аз китоби “Оҳуи тиллоӣ” (Афсонаи ҳиндӣ”, таҳияи Фарзонаи ҲАЁТ, мутахассиси шуъбаи адабиёти кӯдакон ва внаврасон.