Бо бачаҳо. Оҳуи тиллоӣ. Афсонаи ҳиндӣ. Бахши охир

Роҳи ӯ аз байни деҳа мегузашт. Одамон ғамхори ӯ буданд. Кӯшиш мекарданд, ки аз рӯйи имкон ба ӯ ёрӣ расонанд.
– Салом, майдаяк, – кулолиаш ба ӯ муроҷиат кард. – Ман аз мусибати ту бохабарам. Бароят чӣ коре бикунам?
– Ташаккур барои ғамхорӣ, амаки кулолӣ. Худам аз уҳдааш мебарорям –гуфт писарак.
– Эй ҳамсоя, – кулолӣ ба зани роҳгузаре руй овард.
– Ба ту чӣ лозим аст, кулолӣ? – Пурсид зан.
– Ин кӯзаро ман ба қарибӣ сохтам. Ба он камтар шир андоз, ки тӯшаи роҳи ин майдаяк бошад, – гуфт кулолӣ ва кӯзаро ба ҳамсоязан дароз кард.
– Оҳ! Бо ҷону дил! – Ба ятимак нигариста ҷавоб дод зан. – Инро бо худ бигир, хурдакак, дар роҳ ба ту даркор мешавад.
– Ташаккур, холаҷон. То дидор!
– Роҳи сафед, майдаяк!
Писарак барои ёфтани оҳу роҳашро давом дод. Ӯ ба даруни ҷангал даромада, хеле роҳ рафт, то ки пайроҳа гум шуд. Беша торафт анбӯҳтар мешуд. Дар торикӣ писарак бар решаҳои дарахтоне, ки мисли мор дар пеши роҳаш печида буданд, ӯро пешпо мехӯрд. Шохаи дарахт гӯё аз китфаш кашида ӯро пеш рафтан намегузоштанд. Ятимак аз ҳамаи ин монеаҳо гузашта, пеш мерафт. Аз думболи писарак сартароши маккор тарсону ларзон ба атроф нигоҳ карда, аз паси як дарахт ба паси дарахи дигар гузашта, равон буд. Писарак ногоҳ аз рафтан бозмонду ба боло нигоҳ кард:
– Парандаи хурдака, чаро ин қадар фиғон мекашӣ? – Пурсид ӯ аз парандаи саҳархез. – Оё ба чӯҷаҳоят ягон ҳодиса шуд? Ин қадар ғавғо мекуниву ман чизе намефаҳмам. Чӣ? Мор? Ба лонаи ту мор медарояд? Биё , тезтар ба он ҷо равем. Ман ёрӣ медиҳам. – Гуфт писарак.
– Беақл! – пичирос зад сартарош аз пушти дарахт. – Ҳозир ӯро мор мегазад ва ман ҳеҷ гоҳ макони оҳуро ёфтам наметавонам! – Мурғаки саҳархез писаракро назди лонааш овард.
– Чуҷаҳоро нарас, – хоҳиш кард писарак аз мори хунор. – Ба чӯҷаҳо нарас! Ман ба ту ана ин шири бомаззаро медиҳам. Нигоҳ бикун, ман аз барг косача сохта ба он шир мерезам ва ту онро мехурӣ. Хоҳиш мекунам, чуҷаҳоро нахӯр. Мана шир! Бинӣш!
Бӣйи шири тозаро ҳис карда мор чӣҷаҳоро гузошту ширро хӯрд.
– Ташаккур, бародари азиз, ту чӯҷаҳои маро наҷот додӣ, – миннатдори кард паранда ва пурсид: – Барои чӣ дар ин бевақтӣ ба ҷангал омадӣ?
– Ман оҳуи тиллоро мекобам. Шояд ту роҳи Кӯҳи кузапуштро медонӣ?
– Медонам. Аз қафои ман биё. Ман ин роҳро ба ту нишон медиҳам, – гуфт паранда.
– Ташаккур, – изҳори хурсандӣ кард писарак ва муддате аз паси паранда раҳнамо равон шуд.
– Ҳо, ана, дар он наздикӣ Кӯҳи кӯзапушт ҷойгир аст. Оҳуи тиллоӣ дар он ҷо зиндагӣ мекунад. Ин роҳ туро ба он ҷо мебарад. Хайр, бародар, ман ба назди чӯҷаҳоям меравам.
– Ташаккур ба ту мурғаки саҳархез! Парвоз бикун, роҳи сафед! –дафтафшон гуфт писарак.
Ӯ бо паранда хайрухуш карду ба роҳаш нигарист ва қариб буд, ки ба чуқурӣ афтод.
– Ин чист? Чуқурӣ? Касе ба ин дом афтидааст? Ҳозир мебинам,- гуфт ӯ ва ба чуқурӣ нигарист ва беихтиёр фарёд кард. – Охир, инҳо палангчаҳоянд-ку? Инҳо тамоман хурдакаканд! Гиря накунед, ман ҳозир шуморо халос мекунам. Ана, ба ин шохи дарахт часпида берун бароед. Офарин! Акнун – ту! Боз андаки дигар, боз, боз! Ту ҳам, майдаяк, сахтакак ба шох часп, ман туро мебарорам. Боҷуръатак бош, майдаяк! Ана, ҳама дар як ҷо. Оҳо, шумо овоз мебароред? Ҳушёр бошед, дигар ба чуқурӣ наафтед. Вой, модарпаланг!- Тарсид писарак.
– Модарпаланг! – Аз пушти дарахт сар бароварда бо тарс гуфт сартарош. – Ҳозир ӯ писарак ва баъд маро мехӯрад! Зуд ба қаср баргаштан лозим! Писарак мурд! Ба ҷониби қаср! – Гуфт хабаркаши тарсу ва ба қафо давид. Модарпаланг ба назди писарак омаду бо миннатдорӣ сар хам карду гуфт:
– Ташаккур, бародари хурдакак! Ту чӣ хел шабона танҳо дар ҷангал пайдо шудӣ?
– Ман оҳуи тиллоро мекобам, – гуфт тписарак ба модарпаланг. –Ман бояд ба домани кӯҳи кӯзапушт равам.
– Ба пушти ман савор бишав, ман туро дар як дам ба он ҷо мерасонам.
Писарак ба пушти модарпаланг савор шуду вай бо якчанд ҷаҳиш ӯро ба домани кӯҳи кӯзапушт овард.
– Хайр, бародари хурдакак, – Давоми роҳро худат танҳо бирав.
Писарак хурсандона ба модарпаланг таъзим карду ба атроф нигариста дод зад.
– Кӯҳи кӯзапушт! Ана он! Ана банбукҳои сабз! Хирсакҳо ва олуи ҷангалӣ! Оҳу! Оҳу! Хоҳаракам оҳу! Ту дар куҷоӣ?
– Салом, Бародарам! – Аз болои харсангҳои осмонбӯс поин омад, ба ӯ ҷавоб дод тиллоӣ.
– Ман бисёр хурсандам, ки туро ёфтам! – Гуфт писарак.
– Чӣ ҳодиса рӯй дод, бародари хурдакак? Ту гиря мекунӣ? Хайр, гиря накун. Мусибати ба сарат омадаро бигӯй.
– Агар ман ба роҷа то баромадани офтоб даҳ тангаи тиллоӣ набарам, ӯ барзагови маро мекушад.
– Хайр, ман дар ҳалли ин мушкилӣ ба ту ёрӣ медиҳам.
Ана! Ана, ин тангаҳо!
– Ташаккур, хоҳарам, оҳу! Ман медонистам, ки ту ба ман ёрӣ медиҳӣ!
– Гӯш кун, бародари хурдакак! Ба назди роҷа барнагард, дар ҷангал бимон! – Гуфт оҳу.
– Не хоҳарам, оҳу! Ман дар ин ҷо монда наметавонам.

Охир, ман бояд барзагови худро халос бикунам. То баромадани офтоб ин тангаҳоро ба роҷа доданам лозим. Ман бояд ҳар чӣ зудтар биравам.
– Охир, ту дар муҳлати таъйиншуда ба манзил расида наметавонӣ… Хуб, ба пушти ман савор бишав. Ман туро зуд мерасонам.
Ташаккур, хоҳарам!
– Сабр кун, бародар! Ана аз ин банбук най бисоз. Агар ман ба ту лозим шавам, се бор ин найро бинавоз ва ман пайдо мешавам.-Гуфт оҳу.
– Ташаккур, хоҳарам оҳу!
– Акнун маҳкам бидор!
Дар як лаҳза шамоли сахте бархост. Бамбукҳо садо бароварданд, шохи дарахтон ба ҷунбиш даромаданд, Оҳу то қаср сар-сари дарахтони ҷангал парида омад.
Вақте ки сартарош тарсону ларзон ба қасри роҷа баргашт, аллакай моҳ равшанӣ мекард. Вай бо забони гирифта ба роҷа нақл кард, ки чӣ гуна аз пайи писарак мерафт ва ҳатман макони оҳуро меёфт, агар модарпаланги бадхашм пайдо намешуд.
– Вай ба писарак ҳуҷум кард, ӯро дар пеши чашмам пора-пора кард… – сартарош ҳоло нақлашро ба анҷом нарасонда, садоидаркӯбӣ баланд шуд.
– Кист он ҷо? Монед, дарояд! – Амр кард роҷа.
– Ин манам, роҷаи бузург! Ана, он чӣ ки тӯ талаб кардӣ,– гуфт ятимак ва ба ӯ тангаҳоро дароз кард. – Акнун барзагови маро медиҳӣ?
– Албатта, гуфт роҷа. – ман медонам, ин тангаҳоро ба ту кӣ додааст. Агар ту нагӯйӣ, ки оҳуи тиллоӣ дар куҷост, ҷаллоди ман саратро аз танат ҷудо мекунад.
– Роҷаи бузург, иҷозат диҳед… – ҷаллоди хоболуд ба гап ҳамроҳ шуд.
– Оҳ, роҷаи бузург, ту оё намедонӣ, ки дӯстонро намефурӯшанд? Не, ман намегӯям, ки оҳу дар куҷост, – Бо ифтихор ҷавоб дод писарак.
– Намегӯйӣ?
– Намегӯям.
– Майлаш, писарак, ки якравӣ мекунад, сарашро аз тан ҷудо кунед!–Амр кард роҷа.
– Хайрият, – Хурсанд шуд ҷаллод.
– Истед! Ӯ кадом,як найро дар бағалаш пинҳон мекунад.
Эҳтимол, ин сирре дошта бошад! – дод зад сартароши маккор ва чолокона онро аз бағали писарак кашида гирифт.
– Ин най аз они ман аст! Баргардон!-дод зад писарак.
– Найро ба ман бидеҳ,– гуфт роҷа ва ӯ найро гирифта навохт ва ҳамон лаҳза дар қаср оҳуи тиллоӣ пайдо шуд.
– Ту маро даъват кардӣ, бародари хурдакак ман?– Гуфт оҳу.
– Оҳуи тиллоӣ… – оҳиста ва бо тааҷҷуб пичирост зад роҷа.
– Инҳо туро фиреб карданд, Оҳу! Гурез аз ин ҷо! Зудтар гурез! – дод зад писарак ба тарафи вай.
Роҷа гуфт:
– Ҷаллод, ман ин писаракро ба қатл ҳукум мекунам!
– Ман – тайёр! – пеш омад ҷаллод.
Роҷа ба оҳу нигарист:
– Мешунавӣ, оҳу?
– Ту аз ӯ чӣ мехоҳӣ?-Пурсид оҳу.
– Тилло! Тиллои бисёр.
– Писаракро сар бидеҳ! Бигзор, аз ин ҷо биравад!– гуфт оҳу.
– Посбон, бигзор, писарак равад, – амр кард роҷа. – оҳу ин ҷост..
– Рав, бародари хурдакак! Аз ҳеҷ чиз натарс, гуфт оҳу.
– Ман бе ту ба ҳеҷ куҷо намеравем, – гуфт писарак.
– Аз ман парешон нашав, бародари хурдакак. Инҳо ба ман осебе расонда наметавонанд, – гуфт оҳу ва ба роҷа рӣй овард: – Ба ту чӣ қадар тилло лозим аст, роҷаи бузург?
– Бисёр. Хеле бисёр, – ба изтиро омад роҷа.
– Агар аз ҳад зиёд шавад– чӣ? – пурсид оҳу.
– Ҳайвони беақл! Тилло ҳеҷ гоҳ аз ҳад зиёд намешавад, – гуфт роҷа.
– Хуб. Фақат дониста бош: агар ту маро нигоҳ дорию гӯйӣ, ки «Бас аст», тамоми тиллоҳо ба сафолакҳо табдил меёбанд! – Оҳу инро гуфту сум бар замин кӯфт ва аз зери сумҳояш ба ҳар сӯ тангаҳои тилло паридан гирифтан.
– Тилло!
– Пул!
– Тилло! – аз ҳарф тараф навкарони роҷаи хасис бо изтиробу ҳайрат фарёд мезананд…
– Ана онҳо! Боз! Боз! Бисёртар! Ман мехоҳам роҷаи бойтарин олам бошам, Оҳу. Боз тилло! Ана тиллоҳои ман!– Дод мезад роҷа.
Тилло ҳамоно аз зери сумҳои оҳу мепарид ва ба зудӣ атрофро пур карда, то шифти қаср расид.
Тилло чунон бисёр шуд, ки ҳатто дигар нафас ҳам кашида намешуд.
– Аз ҳад зиёд шуд, Тилло тамоми қасрро пур кард. «Бас… лабони роҷаи хасис каҷ шуд, қариб буд, ки ин калимаро ба забон орад. Лекин ӯ ба писарак муроҷиат кард:– Эй писарак, ба оҳуи худ амр бикун, ки биистад.
Писарак гуфт:
– Инро худат бигӯй, роҷаи бузург!
– Не, ман гуфта наметавонам! Агар бигӯям, ҳамаи ин тиллоҳо ба сафолак табдил меёбад! Гуш кун, писарак, барзагови худро бигир, нисфи молу мулки маро ҳам бигир, фақат ба оҳуи худ бигуй, ки биистад. Раҳм бикун…
Ниҳоят, роҷа дар зери тилло монд, нафастанг шуд ва ноилоҷ худаш фиғон кашид:
– Оҳу! Ёрӣ диҳед! Наҷот диҳед! Бас аст! Бас аст!Бас аст!
Чун ин калимаҳои сеҳрнок, аз забони роҷа садо доданд, тамоми тангаҳои тиллои ӯ ба сафолакҳои гилин табдил ёфтанд.
– Ин чист?! – Бо ҳарос дод зад роҷа. – Тангаҳои тилло ба сафолак табдил ёфтанд! Ҳамаи тиллоҳо! Ман гадоям, гадо! Ёри диҳед!
– Худат худро наҷот бидеҳ, вагарна, ман сари туро аз танат ҷудо мекунад, – бо тамасхур гуфт ҷаллод бо ҳокими пештарааш.
– Мо акнун ба хидмати роҷаи дигар меравем, – ӯро дастгирӣ кард сартарош ва ҳар ду аз дарбор бадар рафтанд.
– Биё, мо ҳам меравем, бародари хурдакаки ман! Мо бояд барзагови туро ҳам халос бикунем – гуфт оҳу.
–Биё, маравем, хоҳарам оҳу, – сар ҷунбонид писарак…
Онҳо қуфли панҷараро кушода, барзаговро озод карданд.
Писарак дӯстони содиқихудро гарм ба оғӯш гирифт, ҳар се дар зери шуоъҳои тиллоии офтоби субҳидам аз дарбор ба манзилҳои худ равон шуданд.
ПОЁНИ АФСОНА
Аз китоби “Оҳуи тиллоӣ” (Афсонаи ҳиндӣ”, таҳияи Фарзонаи ҲАЁТ, мутахассиси шуъбаи адабиёти кӯдакон ва внаврасон.