Бо бачаҳо. Ошноӣ бо “Анордона”-и Майя Доматтӣ

Соли гузашта нашриёти “Эр-граф” китоби Мая Доматтти “Анордона”-ро чоп кард. Майя Доматти зодаи шаҳри Душанбе буда, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиндагӣ ва кору эҷод мекунад. Аввалан асаре, ки аз ӯ ба хонандаи тоҷик расидааст, ҳамин китоби “Анордона” мебошад. Майя Доматти асосан барои кӯдакону наврасон эҷод мекунад.

Ҳадафи ин маҷмуа чист? Барои посух пайдо кардан ба ин суол ба сарсухани худи муаллиф рӯ меорем:

Маҷмӯаи андарзу қиссаҳои пандомези “Анордона” армуғонест аз ҷониби муаллифи китоб, ба сифати гулдастае иборат аз чанд масалу насиҳатҳои ибратомӯз, ба хонандаи китобдӯсти ҷавон.

Қиссаву ҳикоячаҳои китоби мазкур бозгӯйи ривояту қиссаҳои маъмули халқӣ набуда, балки баёни мушоҳидаву таҷрибаҳои  шахсии худи муаллифанд, ки дар қолаби қиссаҳои барои хонандагони ҷавон шинос, дар якҷоягӣ бо тахайюлоту тарзи баёни хоси бадеии худи муаллиф таълиф гардидаанд.

Китоби мазкур як таркиби маъмул ва шинохташудаи матне, ки дар худ як ва ё чанд ривоятҳоеро, бо оғозу хулосаҳои муаян ҷой додааст, набуда, балки намунаҳоест аз мавриду ҳолатҳои алоҳидае, ки ҳар яки мо бо онҳо дар ҳаёти рӯзмарра дучор мегардем.

Мақсад аз нашри чунин қиссаҳо, ки бо забони содафаҳму равон паҳлуҳои гуногуни зиндагиро баён менамоянд, аз роҳнамоӣ намудани хонандаи ҷавон дар ҷилвагирӣ ва роҳ надодан ба хатову каҷравиҳои ҳамеша роиҷ ва равона намудани онҳо ба ҷодаи дурусти зиндагӣ иборат мебошад. Гарчанде, ки бисёре аз он қиссаҳо, ба таври монанд қаблан ҳам аз ҷониби касони дигар низ зикр гардидаанд, боз ҳам ҳадафи китоб айнан ҳамон аст, яъне бозгӯ ва такрори сабақҳои қаблӣ.

Худи панду масалҳо – ин маҷмӯи рисолатест бо баёни таҷрибаи ҳаёт, муносибат ва муоширати одамон ва дар ниҳоят интиқол додани он таҷрибаву сабақҳои зиндагӣ ба наслҳои оянда, хусусан ба кӯдакон ва наврасон. Ин маҷмӯи қиссаҳо ҳамчунин як навъи воситаи таълимиест барои мураббиёни кӯдакистонҳо, муаллимони синфҳои ибтидоӣ ва волидайни ҷавон, ба сифати дастур ва василаи тарбиявии хонишҳои пеш аз хоб ва водор намудани кӯдакон ва наврасон ба тафаккури хулосабарориҳои мустақили худ нисбати он қиссаҳо.

Анордона” – ин танҳо василаи хониш барои кӯдакони хурдсоли синни томактабӣ набуда, он инчунин маводест барои калонсолон дар таҳлили ҳолатҳои хос, ибрози афкор оид ба қаҳрамонони ҳикояву қиссаҳо ва талоши онҳо дар самти бо тариқи дигар ҳал намудани вазъияту мавридҳои мухталифи зиндагӣ.

Қиссаҳои мухтасару пандомӯз ин як василаи таъсирнокест дар амалӣ намудани раванди таълиму тарбия ва нишон додани ҳадафу моҳияти панду насиҳатҳо, дарк намудани фарқи некӣ ва бадӣ ва чанг задану бедор намудани торҳои қалби ҳассоси хонандаи наврас мебошад.

Бо эҳтиром Мая Доматти

ИНАК, ДУ АФСОНАИ ХУБ АЗ ИН КИТОБИ ХУБ:

                                 

АРВОҲИ КӮҲӢ

Дар як деҳаи дурдасти кӯҳӣ писараке зиндагӣ мекард. Волидайн надошту бо бобову хоҳараки хурдсолаш мезист. Ҳар боре, ки бобояш ба шикор ва ё барои хезумчинӣ мерафт, он писарак аз танҳо мондан дар хона метарсид. Вай шунида буд, ки гӯё арвоҳи кӯҳӣ вуҷуд дорад ва аз ин хаёл дилаш ба тарс меомад.

Боре, он писарак, аз паи бобояш аз хона берун омад. Бороне сим-сим мерехт ва чанде пас садои раъду барқ ҳам расид.

Ана, ба худ гуфт писарак, ин ҳамон арвоҳи кӯҳист. Он дар ҳамин наздикиҳост. Чунин гӯён, вай тарсон пас ба кулбаашон даромада интизори бобояш шуд. Баъди чанде бобояш омаду ба писарча хитоб намуд:

Биё бо ман, ман ба ту кӯҳу манзараҳои дигарро нишон медиҳам.

Не-не! Дод зад писарча. – Ман метарсам!

Вай аз арвоҳи кӯҳӣ метарсад, – гуфт хоҳарчааш.

Э, ҳамин тавр гӯй, гуфт бобояш. Бидон ки ман ҳам аз ӯ метарсам, вале ба ман дӯстонам ёрӣ медиҳанд.

Дӯстон? Кадом дӯстон? Ҳайрон гашт писарак.

Биё бо ман, – гуфт бобояш бо чашми худ бубину бо гӯши худ бишнав.

Онҳо бо ҳам берун баромаданд.

Ана он дарёчаи хурдро мебинӣ – он дӯсти аввалини ман аст. Он ба ман об медиҳад ва дар он об нерӯе ҳаст, ки ба ман диловариву нотарсӣ мебахшад ва аз ин рӯ ман аз арвоҳи кӯҳӣ наметарсам. Бирав зуд ва аз он дарёча ба ман як кӯза об биёр.

Писарак зуд давида об оварду ҳис намуд, ки натарсидааст.

Акнун нигар ба он бешае, ки дар болои теппа аст. Онҳо буттаҳое ҳастанд, ки ба ман ҳезум медиҳанд. Ман аз онҳо гулхан гиронда гарм мешавам ва аз сармои арвоҳи кӯҳӣ наметарсам. Дар омади гап, бирав чанд пора ҳузум бароям биёр, ҷони бобош, каме хунук шуд.

Ва ин бор ҳам писарак натарсида ҳезум овард.

Гӯш кун, давом дод бобо. Дар паси ин теппа як кӯле ҳаст. Моҳии бисёре дорад. Ана шаст, рафта чанд моҳӣ дошта биёрӣ чӣ?

Писарак шитобон ба сӯи кӯл рафт, моҳӣ гирифта ва дар бозгашт каме манда шуда сари харсанги калоне нишаста дам гирифт. Чӣ харсанги калону ҳамворе фикр кард писарбача.

Вақте ки ба назди бобояш баргашт пирамард бо табассум гуфт:

Мебинам ту ҳам дӯсте пайдо намудаӣ.

Кадом дӯст? Бо тааҷҷуб пурсид писарак.

Ана он харсанге, ки рӯяш нишаст будӣ, ҷавоб дод бобо.

Писарак каме фикр карду гуфт:

–Оре! Албатта он дӯсти ман аст, зеро ба ман фурсати дамгирӣ дод. Вай ба ман ёрӣ дод!

Сипас бобо гуфт:

Дар кӯҳ, одам бояд дӯсте дошта бошад. Арвоҳи кӯҳӣ ҳамеша ба мо менигарад, то мо ба мулки вай осебе нарасонем. То хуб зиста бошӣ аз муҳити атроф огаҳ бошӣ ва арвоҳи кӯҳӣ худ дар ин кор ба ту кӯмак мерасонад.

Писарак бо табассум гуфт:

Бобоҷон, раҳмат ба шумо, ки ба ман дар мағлуб намуданӣ тарсам ба ман ёрӣ намудед!

Пирамард бо меҳр хитоб кард:

Ту худ ба худат ёрӣ додӣ. Ту калон гашта, ҷавони нотарсу оқил хоҳӣ гашт, зеро ту набераи ман мебошӣ!

Аз он замон писарак ба ҳар кӯҳе, ки мебаромад, дигар аз чизе наметарсид. Акнун вай медонист, ки ӯ дар он ҷойҳо дӯстони бисёре дорад ва худи арвоҳи кӯҳӣ низ дӯсти вай мебошад.

                                       МЕҲР

Буд набуд дар як деҳае ҷавонписаре буд. Ӯ падар ва ду бародар дошт. Он писар чун як инсони бомеҳру шафқат ба воя расида буд, ҳама аҳли деҳа, то метавонист, ёрӣ  мерасонд. Дар ёрӣ расонидан ба касе “не” намегуфт. Ба яке об мекашонду барои дигаре ҳезум мешикаст, ба яке алаф медаравиду ба дигаре дар таъмири боми манзилаш кӯмак мерасонд. Ҳатто агар лозим гардид, кӯдакони хурдсолро бонӣ намуда  ва ё аз паи дастгирии пиронсолон мегашт. Ҳамаи ин корҳоро бо дилу ҷон, бо табассум ва бо ҳавсалаи том иҷро мекард.

Боре ба он деҳа як аспсавор, ки паёмрасони шоҳ буд омада, чунин хитоб намуд:

Ба диёри мо аҷнабиён ҳамла кардаанд! Ҳар деҳа бояд як ҷавонписарро бояд ба аскарӣ сафарбар намояд! Чунин аст фармони шоҳ!

Сокинони деҳа ба биму ҳарос афтоданд ва дар ин байн он ҷавонписар ба онҳо гуфт:

–Ғамгин нагардед, аз деҳаамон ман ба аскарӣ меравам.

Рӯзи дигар он ҷавон барои хидмати аскариву дифои ватан аз деҳа рафт. Хеле зуд аҳли деҳ фаҳмиданд, ки зиндагиашон мушкилтар гардидааст. Дигар касе ба онҳо беғаразона ёрӣ намедод. Боре мардум ба назди бародарони он ҷавон омада хоҳиш намуданд, ки дар як коре ба онҳо ёрӣ диҳанд. Бояд аз дарё як наҳре канда ба деҳа меоварданд то барои киштзор оби кофӣ бирасад. Агар об наояд, пас ҳосил талаф гардида, мардум дар зимистон ба гуруснагӣ дучор хоҳанд шуд.

Э, шумо содаҳоро ёфтед-а? – ҷавоб доданд бародарон. Ёрӣ мерасонем куя, инҷо боке нест, валекин танҳо ба ивази пул.

Сокинон чорае надоштанд, ба ҷуз аз ҳар ҳавлӣ пул ҷамъ намудану харҷи кори он бародаронро пардохтанд. Баъди чанде хабари нохуше ба гӯши аҳли он деҳа расид. Он ҷавонписари бомеҳру шафқат дар муҳориба бо аҷнабиён ҳалок гардида будааст.

Дере нагузашта, падари пиргаштаи он ҷавон аз ғаму андӯҳ ва ёди писараш бемор гашта, вафот мекунад. Ҳамдеҳагон низ аз чунин хабари нохуш рӯзҳо дар ғуссаву андӯҳ буданд.

Аммо бародарони он ҷавон бошанд, саросемавор ҳама молу мулк, хонаву дар ва чизу чораи он ҷавони меҳрубонро тақсим намуда, азони худ намуданд. Баъди муддате хабари ба марги дучор гаштани он ҷавон ғалат баромад. Рӯзе чанд ӯ ба деҳа баргашта мебинад, ки дар хонааш касони бегона зист дошта аз чизу чорааш нишоне намондааст. Ҳамсоягон аз чӣ рӯй додану он ҳодисаи гузашта ба ӯ хабар дода, аз куҷо ёфтани бародаронашро ба вай мегӯянд. Вақте ки ҷавон ба хонаи онҳо расид, бародарон ӯро ба остонаашон роҳ надоданд:

Мо аллакай молу мулкатро байни худ тақсим кардем. Айби худат, ба аскарӣ рафтан лозим набуд, – гуфтанд бародаронаш.

Ҷавонписар озурда гашта, дар канори деҳа дар як кулбаи вайронаи бесоҳибе ҷой гирифт. Субҳи рӯзи дигар сокинони деҳа ба назди он кулба омаданд. Ҳамаи онҳо шахсоне буданд, ки ба онҳо он ҷавон боре ёрӣ дода буд. Ҳар яке чизе бо худ оварда буд то зиндагии нави ҷавонро каме ҳам бошад осон бисозад. Вай ба ҳар яке аз ҳамдеҳагон барои ин некии онҳо минатдории худро баён менамуд. Сокинон бошанд дар ҷавоб мегуфтанд:

Ту худ дар инҷо меҳру шафқат кошта будӣ, акнун ҳосили он некиҳо бароят расида истодааст.

Ҳамин буд, ки ногаҳон боз паёмрасони шоҳ ба деҳа омада, дар хитоб ба он ҷавон чунин эълон намуд:

Шоҳи муаззам, барои қаҳрамониҳоят ба ту сарвате, замину манзиле ато намудааст.

Раҳмат, ҷавоб дод он ҷавон ва илова намуд, ки ман аллакай сарвате дорам, ки ҳатто шоҳон онро надоранд.

Чӣ гуна сарват? – дар ҳайрат монд паёмрасони шоҳ.

Ин сарват муҳаббат, меҳр ва эҳтироми халқ аст, – ҷавоб дод он ҷавонписар.

Аз китоби Майя Доматти “АНОРДОНА” таҳияи

мутахассиси пешбари шуъбаи

адабиёти кӯдакон ва наврасон Дониёрова Фарида