Бо бачаҳо. Садриддин Айнй

Садриддин АйнйСардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ 15-уми апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони хонигарии Бухоро таваллуд ёфтааст.

Аз соли 1895 тахаллуси «Айнӣ»-ро қабул ва бо ҳамин ном шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст.

Асарҳои эҷодкардаи ў «Ҷаллодони Бухоро», «Ғуломон», “Дохунда», «Ёддоштҳо», «Намунаи адабиёти тоҷик», рисолаҳои илмӣ дар хусуси ҳаёт ва эҷодиёти Рўдакӣ, Ибни Сино, Саъдӣ, Навоӣ, Бедил, Восифӣ ва дигарон мебошад.

Осори адабию илмии Устод Айнй дар Куллиёти 26 – ҷилда гирд оварда шудааст.

Устод Айнй ба адабиёти бачагона диққати махсус дода, солҳои 1935-1940 қиссаҳои «Мактаби куҳна» ва «Ятим»-ро ба хурдсолон пешкаш намудааст.

Садриддин Айнӣ соли 1997 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори унвони олӣ- аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон гардонида шуд.

Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

15-июли соли 1954 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст. Марқади ў дар «Боғи Устод Айнӣ» (шаҳри Душанбе) қарор дорад.

ДАР ВАСФИ МАКТАБ

Эй монда қадам ба роҳи мактаб,

Олист мақому ҷоҳи мактаб,

Мактаб сабаби ҳаёт бошад,

Мактаб сабаби наҷот бошад.

Мактаб ба ту ақлу ҳуш бахшад,

Мактаб ба ту шаҳду нўш бахшад…

Бархезу гузор хоби худро,

Баргир ба каф китоби худро

Рав аз ҳама пештар ба мактаб,

Шавқ аст туро агар ба мактаб.

Саъйе бинамову илму одоб,

Беҳтар зи шарики хеш дарёб,

То дар ду ҷаҳон азиз бошӣ,

Бодонишу ботамиз бошӣ!

КИСТОНҲО

Кист он кас, ки шири софу лазиз,

Ба шумо аз ҷигар расонду чашонд.

Баҳри осоиши шумо аз хоб,

Хест, гаҳвораи шумо ҷунбонд,

Шустушў кард дасту пойи шумо,

Аз муҳаббат ба ҷойи пок нишонд?

 

Кист он, ки рўз то бегаҳ давид,

Ошу нон баҳри шумо тайёр кард,

То шумо дар мактаб омўзед илм,

Ҷумла кори хонаву бозор кард,

 

То шумо доно шаведу ботамиз

Аз насиҳат гўшатон пурбор кард?

(Ҷавобҳо: модар, падар)

              РУБОЙ

Мактаб ба ту ёд медиҳад илму адаб,

Мактаб зи ту мебарад ғаму ранҷу тааб.

Як нуктаи мухтасар зи мактаб гўям:

Одам нашавад магар касе аз мактаб!

Аз китоби “Офтоби оламоро”, ки ашъори адибон барои бачаҳоро гулчин кардааст. Китоб соли 2020 чоп шудааст ва ҳоло хонандагон метавонанд онро дар толорихониши адабиёти кӯдакон ва наврасон” мутолиа кунанд.

 Таҳияи Зарина Зиёвуддинова