Бо бачаҳо. Саиднабӣ Наҷимӣ: “Амали нек” (Ҳикояҳои бачагона)
Китоби мазкур аз ҳикояҳои хурд – хурди Бачагона иборат аст. Ҳар яке аз онҳо дар хусуси хислатҳои гуногуни кўдакону наврасон нақл менамоянд, ки хеле шавқовару ибратбахшанд.
Муаллиф дар навиштаҳояш кўшиш кардааст, ки бо тасвири лаҳзаҳои аҷоиби зиндагӣ ба дили хонандагони хурдсоли худ роҳ ёбад. Боварии комил дорем, ки мутолиаи ҳикояҳо ба бачаҳо ғизои маънавӣ мебахшаду онҳоро ба роҳи рост, накўкорӣ меҳанпарастӣ, одобу ахлоқи ҳамида ҳидоят менамояд, то минбаъд ҳар яке чун фарзанди сазовори Ватан ба камол расида, аз пайи амалӣ гаштани орзуяшон мешаванд, дар ҳаёту зиндагӣ мавқеи худро пайдо карда, соҳиби обрўву эътибор мегарданд.
Китоб барои падару модарон, омўзгорон, кормандони соҳаи маориф чун воситаи тарбия хизмат карда, барои донишҷўён ва мактабиён муфид аст.
Инак, чанд ҳикоя аз ин китоб:
ПАЙРАВӢ БА МОДАР
Малоҳатҷон хурдсол бошад ҳам, ба ҳар гирумони модараш зеҳн мемонд, ба ҳамаи корҳояш пайравӣ мекарду то ёд гирифтанаш оромӣ надошт. Агар модар ба дасташ ҷорўб гираду ба рўбучини хонаю рўи ҳавлӣ сар кунад, Малоҳат ҷорўбро даррав аз дасташ мегирифт. Ё ин ки дару тирезаҳоро пок кунад, фарши хонаро шўяд, ба сари оташдон равад, Малоҳат ҳамоно ба он ҷо ҳозир мешуд. Модарро маҷбур мекард, ки иҷроиши корро ба ихтиёри ў супорад. Боз аз модараш хоҳиш менамуд, ки ба фаъолияташ назорат намояд.
– Модарҷон, – гуфт рўзе, – ба хаёлам ҳамаи корҳои Шумо мекардагиро зуд ёд гирам. Бекор нишастанро бад мебинам.
– Саросема нашав, духтарам, ҳоло ту хурд ҳастӣ, оҳиста – оҳиста иҷрои ҳамаи корҳоро ёд мегирӣ. Фақат ғайратро гум накун.
– Модарҷон, хотиратонро ҷамъ доред, ба фикрам, ғайратам ҳеҷ гоҳ гум намешавад, мебинед – ку як корро то ба охир нарасонам, дилам ором намегирад.
– Ин хислатат хуб, – гуфт модар хушҳолона, – аз беғамию дилвасеъгӣ дур будан беҳтар.
– Эҳ, – гуфт ба сўи модараш нигариста. – Ба гап овора шуда, тамоман аз ёдам баромадааст. Барои гўсфандон алаф реза карданӣ будам.
Малоҳатҷон чусту чолокона сўи молхона роҳ гирифт, Модар аз паси вай бо меҳр нигариста, зери лаб дуои ҷонаш мекард.
ҶАСОРАТ
Посе зи шаб гузашта буд. Мардум аз ғояти гармӣ дару тирезаҳои хонаро боз карда мехобиданд. Имшаб дар хонаи Олимино танҳо ду бародар буданду халос. Олиму Осим дар оила фарзандони калонианд. Азбаски имшаб падару модарашон укаҳояшонро ҳамроҳ гирифта, ба туй рафтаанд, волидонро бовар кунонданд, ки хонаро нигаҳбон мешаванд.
Олим аз хоб бедор шуда берун баромад. Ногоҳ садои пасти нафаскашии касеро ҳис кард. Зуд чароғро дар гиронду ҳуш аз сараш парид. Дар рў ба рўяш шахси миёнақади рўяш бо рўймоли сиёҳ печонидаро дид, ки мили таппончаро рост карда меистод.
– Аз ҷоят наҷунб бача, – бо овози дағал дўғ зад ў – овозатро набарор. Олим ҳайкал барин шуда монд. Ақаллан барои бедор кардани Осимҷон, ки қуввати дил шуданаш мумкин буд, имкон надошт.
– Дари хонаи дарунро кушода медиҳӣ, – фармонравоёна гуфт он каси ношинос. Олим калидро аз зери кўрпача гирифту фармонро иҷро кард.
– Акнун гўй, ки падару модарат пулҳоро дар куҷо мемонанд?
– Намедонам.
Дузд бо дасти дигараш дари шифонерро кушоду дар гирди лабонаш табассум мавҷ зад.
– Оҳо… Чизҳои қиматбаҳо бисёр – ку? Ба ин рўймол чизҳои ман интихобкардаро гузошта мебандӣ!
Олим аз рўи гуфтаи ў амал мекарду аз дил мегузаронд, ки ба боварии волидайн сазовор шуда наметавонанд аз афташ… Ў қаҳрамониҳои комсомолону пионерони давраи Ҷанги Бузурги Ватаниро, ки борҳо аз кинофилмҳо дидаасту аз китобҳо хондааст, ба хотир оварда, якзайл роҳи халосиро меҷуст. Худ ба худ мегуфт, ки ба наздикӣ 17- сола мешаваду наход зўраш ба як одам нарасад. «Аввал илоҷе карда, аз дасташ яроқашро гирифтан даркор»,- ниҳоят ба қароре омад ў. Дар ҳамин асно шояд таъсири рўшноии чароғ буд, ки Осим ҳам аз хоб бедор шуд. Дид, ки ҷогаҳи бародараш холию чароғи хонаи дарун фурўзон. Гумон кард, ки шояд падару модараш аз тўй баргашта бошанд. Як чанд сония хомўш истод. Аз хона овозе намебаромад. Якбора дилаш таҳ кашида рафту «Ако, ту канӣ?» – гуфтанашро надониста монд. Дузд аз садои ногаҳонӣ чунон ҳаллос кард, ки сараш қариб ба шифти хона расида буд. Ў саросемавор ба хонаи берун баромада, ба ў таҳдид карданӣ шуд.
– Ором шав вагарна…
Осим аз тарс чу барги сафедор меларзид.
– Натарс, натарс, ин одам ба ту кораш не, ҳамту чизҳоро мегираду халос, – мегуфт бо ҳаяҷон Олим. Сонӣ фурсатро аз даст надода, бо тамоми қувват бо пои рост ба дасти дузд фаровард. Таппонча аз дасти ў парида ба кунҷи хона ба рўи қолин ғалтид. Дузд ба Олим бо ғазаб нигаристу тозон рафта таппончаро гирифтанӣ шуд. Лекин Олим хомўш наистода, бо як чаққонӣ аз пояш кашид. То дузд пояшро аз дастони ў раҳо кардан Осим ин лаҳзаи қулайро ғанимат дониста, зуд таппончаро ба даст гирифт.
– Ана акнун, ту, дастатро боло мебардорӣ, – гуфт бо шердилӣ Осим ва ангушташро ба қулфаки таппонча гузошт.
– Не, не – е ин тавр накун писарам. Ман ҳеҷ чизатонро намегирам. Падаратро мешиносам. Ҳамту як шумоёнро фаҳмидани шудам – дия, роҳи фиребро пеш гирифт он мард.
– Ҳардуятонро ҳам шердил гуфта мешунидаму лекин надида будам. Ман бегона не, аз ҳамин маҳалла.
– Гапро мўл накуну берун баро, – гуфт боқатъият Олим. Ҳамин вақт дари кўча тақ – тақ шуд. Осим таппончаро ба акааш доду зуд рафта дарро кушод. Дузд мисли мурғи посўхта буд. Дар ин лаҳза хаёл мекард, ки кабўтар бошаду тез ба осмон парвоз намояд.
Падару модар ин лаҳзаро дида, ба чашмони худ бовар накарданд. Падараш зуд рафта, ба милиса занг зад. Рўзи дигар нотарсии бародарон ба тамоми шаҳр паҳн гардид.
БАРФАК
– Дада, дада, вайро бинед, – гуфт ногоҳ писарчаам Музаффар.
Ба берун нигариста дидам, ки гурбачаи ҳамсоя Барфакро сагчае аз пасаш таъқиб мекунад. Барфак барои ба чанголи сагча
нафаромадан, гирдогирди ҳавлӣ «мав – мав»- гўён метохту худро аз назари вай дур карданӣ мешуд. Ногоҳ сагча бо як чолокӣ Барфакро аз думаш дошт. Бечора гурбача ларзону тарсон зўр зада, гурехтани мешуд. Кўшиш мекард, ки аз чанголи сагча халос ёбад. Сагча тамоми қувваташро ҷамъ карда, ба гурбача сахт мечаспид. Музаффар ба гурбача раҳмдилона назар дўхта, аз ман хоҳиш кард:
– Дада, ман, берун бароям.
Вай саросема буд.
– Исто, исто, куҷо меравӣ? – пурсидам аз ў.
-Ба пеши гурбача…
– Ҳаво хунук писарам, беҳтараш ман рафта сагро пеш кунам – гуфтам.
– Не, ман худам, – якравӣ кард Музаффар ва тозон берун баромада, сўи саг санг ҳаво дод. Сагча рў ба гурез ниҳод. Музаффар Барфакро навозишкорона бардошта, ба хона дароварду ба косача шер рехт. Гурбача чашм аз Музаффар намеканд. Гўё, ки ба вай минатдорӣ мекард.
Соате нагузашта ба ҳавлӣ: «Музаффар, ҳой Музаффар, гурбачаамро дидӣ – мӣ?» – гўён писарчаи ҳамсоя Афзал омад.
– Ҳа, биё, гурбачаат дар хонаи мо, – гуфт ўро пешвоз гирифта Музаффар ва ба вай воқеаро нақл карда дод.
– Ман гумон кардам, ки ин ҷонвар гум шуд – гурбачаашро ба бағал гирифтанӣ мешуд Афзал. – Биё акнун ба хона меравем. Вале Барфак майле ба соҳибаш намекард. Афзал оташин шуда, бо шаст аз гўши гурбача дошт ва онро бардошта рафт. Сўи ҳавлиашон шитофт.
Баъди фурсате Барфак боз назди тиреза пайдо шуд. Вай «мяав – мяав» – гўён бо нохунҳояш шишаи тирезаро мехарошид, гўё мегуфт: «Дарро кушоед, ман дароям».
Аз ҳамон лаҳза то имрўз гурбача дар паси тиреза пайдо мешуду Музаффар порчаи гўшт ё буридаи нони мулоимро гирифта берун мебаромад.
**** ***** *****
Таҳияи мутахасисси пешбари шуъбаи адабиёти
кўдакон ва наврасон Хатичамо МУРОДОВА.
Ин ва даҳҳо ба ин монанд китобҳои хуби назмиву насриро шумо, хонандагони азиз метавонед дар толори хониши шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон мутолиа намоед.