Бо бачаҳо. Сардор Раҳдор: “Орзуи модар”

Сардор Раҳдор дар “Орзуи модар” талоши як духтареро ба қалам кашидааст, ки новобаста ба хурдӣ ва ҳама мушкилиҳо бо писарбачаҳо  ба кўҳ мебарояд ва барои модари бемор  сиёҳалаф  ва занбўруғ меорад,то ҳаваси модар шиканад. Ин кўшиш ва талоши духтар барои дигар исбот мекунад, ки  новобаста ба ҷинс  фарзанди хуб  дар  ҳама  ҳолат  метавонад  ба падару модар хидмат  кунад ва дуои  неки  онҳоро  гирад.

Ин ҳикояро пурра мутолиа намоед:

Баҳори имсола барвақт  ва хело  серборон омад. Калонсолон мегуфтанд, ки  имсол  соли занбӯруғу  алаф  ва гандуму  мева   аст. Бачаҳо  ба  кўҳдоману дараҳо  рафта занбўруғу  торон,  сиёҳалаф   мепухтанд. Модари Саида  бемор буд, ҳаваси ин хўрокҳоро  мекард. Ба кўҳ танҳо писарбачаҳо  барои занбўрғчинӣ мерафтанд.

Модари Саида ду духтар  дошт. Ба духтарҳо  иҷозати  ба  кўҳ рафтан намедод. Як бегоҳи ў сарро аз болишт бардошта бо  овози  аламнок  гуфт:

Кош соҳиби  писаре мебудаму  ба кўҳ  рафта, занбўруғу  сиёҳалафу чукурӣ  меовард.

Саида ин  суханони  модарро  шунида  афсўс хўрд, ки  писар  таваллуд   нашудааст. То  нисфи  шаб хобаш  набурда. Орзуи  кўҳравӣ  лаҳзае  ҳам  ўро  ормон нагузошт.

Вай  субҳи  барвақт  хоҳараш  Ситораро  бедор карда оҳиста гуфт:

 – Ман  ба кўҳ меравам . Ту аз назди модарам дур  нарав ва ба кўҳ  рафтанамро ҳам нагуй.

 Ту танҳо ба кўҳ нарав! Занбўруғзор  хеле дур  аст. Агар  падарам  пурсад, чи гўям?  – пурсид  Ситора.

– Ман танҳо намеравам, то омадани падарам бармегардам, гуфт Саида ва нону зардолу гирифту аз дарвозаи  ҳавлӣ  баромад.

Саида медонист, ки ҳамсинфонаш Акрам, Наим ва Зафар  имрўз  ба  кўҳ  мераванд. Чун  онҳо  сўии кўҳ равон шуданд, аз  паси онҳо равон гардид. Ҷӯраҳо то даромадгоҳи дара омадани Саидаро пай набурданд. Вақте ки ўро диданд, ба қафо баргардонидани Саида аллакай  дер шуда буд.Бачаҳо ҳайрон монданд:

Ту чаро  бе  маслиҳат чунин рафтор кардӣ ?-  гуфт Акрам , – охир ба кўҳ баромадан барои ту хатарнок аст.

  Ман мехоҳам  барои модарам сиёҳалаф чида барам. Модарам бисёр мехоҳад, ки барояшон шавлаи сиёҳалаф  тайёр намоям. Илтимос, маро  ҳамроҳ гиред, – илтиҷо  кард Саида.

Ман  розӣ,  -гуфт Наим .

Зафар ҳам розӣ шуд.

Хайр, модоме ки аз пасамон омадӣ, акнун ҳамроҳи мо меравӣ, –  гуфт Акрам.

Роҳ мушкил буд. Аз чанд рўди ҷарӣ гузаштанд. Саида ҳам ба мушкилиҳо нигоҳ накарда, аз оби сард гузашт.

Монда нашудӣ? –ба Саида рў оварда гуфт Акрам.

Не – гуфт Саида, аммо дар асл хеле хаста шуда буд. Дар ҳақиқат кўҳбароӣ кори мушкил будааст, аз дил гузаронд ў, вале орзуи писар доштани модар  ҳар замон дар гўшаш  садо медод.

 Онҳо ба доманкўҳе расиданд, ки пур  аз  замбӯруғ буд. Саида бори аввал бо чашми худ замбўруғҳои  сап –сафеди  тару тозаро  медид, ки  мисли донаҳои шатранҷ атрофи сангҳо ва лаби  ҷўйҳо рўида буданд. – Торону сиёҳалаф дар куҷо? –пурсид Саида .

Аз ин ҷо занбўруғ мечинем, поёнтар мефуроему сиёҳалафу торон мечинем, – гуфт Зафар.

Саида бо шавқ занбўруғҳоро чида, ба борхалтааш меандохт. Пеши назар чеҳраи  модараш  буд, ки  замбўруғҳоро дида, хурсанд  мешавад.

Занбўруғҳоро дар борхалтаат бисёр нагир. Барои сиёҳалаф у торон ҳам ҷой  монад, – гуфтани Акрам  ўро ба худ овард.

Баъди  чидани занбўруғ  сари чашмае  тановул  намуда, ба ҷустуҷўий торону сиёалаф рафтанд. Саида барои модараш бештар сиёҳалаф  чида, чанд дона торон ҳам гирифт.

Ҳаво гарм нашуда баргаштан лозим, – гуфт Акрам .

Мо омода , –  гуфтанд ҳамроҳон.

Ин тавр бошад рафтем , – гуфта роҳбаланд шуд Акрам .

Гарчанде  роҳ  мушкил  бошад  ҳам, хурсанд  намудани модараш ба дили  Саида қуввату шодӣ мебахшад. Саида ба хона расида тозон назди модар омад.

Куҷо  будӣ, ки ин қадар хастаӣ? –  пурсид модар.

Хаста нестам. Медонед,  модарҷон, ман як гуноҳ кардам, – гунаҳгорона гуфт Саида .

Чӣ  хел гуноҳ ?

  Ман, аз Шумо напурсида,  ҳамроҳи  ҳамсинфонам  ба кўҳ  рафтам, – сарашро хам карда гуфт Саида.

– Кори хуб накардӣ, –  ҷиддӣ ҷавоб дод модар.

Модарҷон, барои чидани  сиёҳалаф  рафтам. Бобоям гуфтанд,ки  сиёҳалаф баро шифои модарат  зарур  аст. Модарҷон, маро бубахшед, дигар  такрор  намекунам, – гуфт  Саида .-

 Э, ширинаки ман, заҳмат  кашидӣ. Роҳи дуру дарози  хатарнокро тай  намудӣ. Бо баҳонаи  занбўруғчинӣ  манзараҳои  диёри  биҳиштосоямонро дидӣ, –  Саидаро  аз  хиҷолат  бароварда гуфт модар.

Бале. Манзараҳои  зебо, обҳои  мусаффо, ҳавои  тоза доштааст куҳсор, – ҷавоб   дод Саида.

Сайри табиат   ба саломатии  инсон манфиатовар  аст. Тамошои табиат, обҳои  мусаффо, меваҳои  гуногун  ба  инсон неру  мебахшанд,  – гуфт  модар.

  Акнун  ман роҳашро  омўхтам.  Шумо  сиҳат  шавед, ҳатман ҳамроҳ меравем , – хурсандона  гуфт Саида.

Албатта  меравем. Имрўз орзуи  ман  амалӣ  шуд,  ман  мехостам , ки  шумо ба камол  раседу  самараи  меҳнати  шуморо  чашам. Аз роҳи  дуру  хавфнок  бароям  рустаниҳои  шифобахш овардӣ.  Бо  ин  хел  духтари  нотарс  дигар ман  аз надоштани  писар  ҳасрат  намекунам.

Аз шунидани  ин суханҳо  Саида ба  ваҷд  омада,  худро  беихтиёр  ба оғўши  модар  партофт.

 ******     *****    *****

Ин ва даҳҳо ба ин монанд китобҳои хуби назмиву насриро шумо, хонандагони азиз метавонед дар толори хониши шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон мутолиа намоед.

Таҳияи У. Марупова,
мутахассиси шуъбаи
адабиёти кўдакон ва наврасон.