Бо бачаҳо. Сардори Раҳдор: “Дастпӯшаку ҷӯроб”

Акрам гӯйро ба замин гузошту дастпӯшакро аз дасташ ба зӯр бароварда, ба тарафи ҳавлӣ ҳаво дод.

–Ту чӣ кор мекунӣ?–ҳайрон шуда пурсид апааш –Суман.

Акрам гуфт:

Ин дастпӯшакҳо даридаанд. Онҳоро соли гузашта бибиам бофта буд. Имсол бе дастпӯшаки пашмӣ болои барфи хунук чӣ гуна чавгонбозӣ мекунам?

Ту калонак шудаӣ,–гуфт апааш Суман.–Дастпӯшаку ҷӯробҳоят хурд шудаанд.

Акрам назди модар омад.

–Модарҷон, –гуфт.–Зимистон наздик шуда истодааст. Аммо дастпӯшаку ҷӯробҳоям хурд шудаанд. Дар зимистони оянда барои ман ҷӯробу дастпӯшаки нав лозим аст.

Бале писарҷон,–гуфт модар.–Барои соҳиби ҷӯробу дастпӯшаки пашмӣ шудан заҳмат кашидан лозим аст. Мо бояд чанд корро анҷом бидиҳем.

Кадом корҳоро?–пурсид Акрам.

Аввал, бояд каме пашми гӯсфанд пайдо кунем,–гуфт модар.

–Аз куҷо?–пурсид Акрам.

Модар дар ҷавоби ин савол лаҳзае андеша кард, баъд гуфт:

–Биё ба ҳавлии бобои Муҳиддин биравем.

Модар бо Акрам ба ҳавлии бобои Муҳиддин, бо лабханд,–чӣ қадар пашми гӯсфанд хоҳед, медиҳам. Аммо пашми тайёр нест. Пашм алҳол дар тани гӯсфанд аст. Агар ҳунар дошта бошед, худатон тарошида бигиред. Ман пир шудаам. Пашмтарошӣ барои ман мушкил аст.

–Мо метавонем,–бо табассум гуфт модар.

Бобо ба дасти модар қайчии пашмтарош дод. Худаш дар интихоби гӯсфанди серпашм ёрӣ расонд.

Модар ба тарошидани гӯсфанд пардохт. Акрам ба ӯ ёрӣ расонд. Суман ҳам ба ёрӣ омад. Дере нагузашта ғарами калони пашми гӯсфанд пайдо шуд. Гӯсфандро сар доданд. Модар як қисми ғарами ҳосилшударо гирифт. Қисми дигарашро ба ихтиёри бобои Муҳиддин гузошт.

Онҳо ба хона баргаштанд.

Модар дар оташдон оташ афрӯхт. Акрам об овард. Модар пашмро бо оби гарм тоза шуста, дар офтоб хушк кард.

Акнун пашмро бо совачӯб нарм кунед,–гуфт модараш.

Акраму Суман бо совачӯб пашмро зада-зада нарму ғоза кардаанд.

Пашми нармро ба назди бибиашон оварданд. Бибиашон пашми маҳинро ресида, ришта кард.

Акнун ба ҷангал рафта бутта чида биёред,–гуфт бибӣ.–Суман медонад, ки баргу гули кадом буттаҳоро чидан лозим аст?

Акраму Суман аз ҷангал буттаҳои сурху сабзу зарду норинҷӣ овардан.

Модар дар деги рангрезӣ об ҷӯшонид. Ӯ авал буттаҳои сурхро кӯфта ба деги андохт. Чун ранги об сурх шуд, як қисми риштаро ба об андохт. Баъд тар риштаҳои сурхро аз об бардошта, дар офтобрӯя паҳн кард.

Ҳамин тарз, риштаҳо ба чор ранг: сурху сабзу зарду норинҷӣ тақсим шуданд.

Акнун риштаҳоро калоба кунед,–гуфт модар.

Акраму Суман риштаҳоро алоҳида-алоҳида мувофиқи рангашон печонда, калоба карданд. Чор калобаи гуногунранг ҳосил шуд.

Ба апаат ду калобаро ба бибият бубар. Ӯ барои шумо дастпӯшак мебофаду ман ҷӯробатонро,–гуфт модар.–Бори дигар ҳунарашро нишон медиҳад.

Бибӣ Суманро ба наздаш шинонд. Ба ӯ бофтани дастпӯшакро ёд дод. Суман барои худаш, бибӣ барои Акрам дастпӯшак бофтанд.

Бибӣ ва Суман дар давоми се рӯз дастпӯшакҳои зебо бофтанд.

Суману Акрам дастпӯшакҳоро пӯшида, хеле хурсанд шуданд. Онҳо ба бибӣ ташаккур гуфтанд.

Имсол зимистон сарду сербарф омад. Акрам дар ҷавгонбозӣ воқеан дасти расо дошт. Дар байни шарикону ҳарифон бо азми маҳкаму дили пур бозӣ мекард. Дастпӯшаку ҷӯроби пашмие, ки бибиву модараш бо муҳаббат бофта буданд, дасту пояшро гарм мекард. Барояш рӯҳу қувват мебахшиданд. Худаш машғули бозӣ буду дилаш лабрези шодӣ.

Шод аз он буд, ки бибии меҳрубон дораду модари ғамхор. Шод аз хоҳараш Суман, ки дилсӯз асту дар ҳама кораш мададгор. Шод аз бобои Муҳиддин, ки пирест саховатманд. Шод аз ҳамсинфону ҳамсолон, ки бо ӯ ҳамдаму ҳамбозанд дӯсташ медоранд.

Гарданбанди нави ман ба ту маъқул шуд?–гуфт Суман ба Акрам.–Вақте ки бофтанро ёд гирифтам, дигар боз истода натавонистам. Барои модару бибиам низ рӯймол бофтам. Барои бобои Муҳиддин ҳам гарданбанд бофтам. Барои ту ҳам мебофам.

–Вақте ки ҳама ёрӣ мерасонанд, кор ҷолиб мешавад, гуфт Акрам.

МАНБАЪ: Сардори Раҳдор: “Даспӯшаку ҷӯроб”.

Таҳияи Дониёрова Фарида,

мутахассиси пешбари шуъбаи

адабиёти кӯдакон ва наврасон.