Бо бачаҳо. Се ҳикоя аз Сафияи Носир

Сафияи НосирЗаррофаяки  себдӯст

Буд набуд, як Заррофача буд, Ӯ эркаи модар буду себро хеле дӯст медошт. Ҳатто дар хобаш ҳам себро медид. Рӯзе Заррофача бо модараш ба сайри боғ рафтанд.

–Модарҷон, ба ман ҳам себ диҳед! – хоҳиш кард Заррофача.

Заррофамодар як себро канда ба Заррофача зуд  ҳаво дод.

Заррофача чашмонашро пӯшида, даҳонашро калон кушод.

Себ ба даҳони Заррофача нарасид.

Он замон Хорпуште дар ҷустуҷӯи  хӯрок мегашт. Себ ба пушти Хорпушт афтод. Хорпушт шодон сӯйи хонааш шитофт.

– Себак куҷо шуд? – пурсид Заррофача.

– Намедонам! – гуфт Заррофамодар.

Заррофача ва модараш ба ҷустуҷӯйи себ афтоданд. Ҳайҳот! Себ дар ҳеҷ ҷо набуд.

Заррофамодар боз як себ аз дарахт канда, ба Заррофача ҳаво дод.

Хорпушти маззахӯрак боз чолокона себро дошту сӯйи хонааш давид…

Заррофамодар ӯро дид. Заррофача аз алам гирист.

Себи ман канӣ? – пурсид Заррофача.

Себи туро Хорпушт бурд, – гуфт Заррофамодар.

Гиря накун. Шояд Хорпушт сербача асту бачаҳояш гурусна. Ана, бин, Хорпушт мояд!

Хорпушт дар пушт тарбузи калон хандон сӯйи  онҳо меомад.

Хуш омадӣ! – гуфт Заррофамодар.

Оҳ, тарбуз! Бомазза будагист? – гуфт Заррофача.

Марҳамат, гиред! Барои шумо овардам, гуфт Хорпушт.

Ҳар се хушҳолона тарбузро бо иштиҳо хӯрданд.

Аз ҳамон рӯз Заррофача дӯсти нав пайдо кард.

Акнун ӯ тарбузро ҳам дӯст медошт.

 

ДАҲОНЯЛА

Азим дар кӯча машғули бозӣ  буд. Нохост ӯ бошитоб ба хона даромад ва аз дами дар садо кард:

– Бибиҷон, шумо дар куҷоед?

– Ман дар хонаи худам, ҷони бибӣ. Чӣ гап шуд?

Ӯ назди бибӣ омад пурсид: «Даҳоняла» чӣ чигуфтани гап?

Ин гапро боз аз куҷо ёфта омадӣ? Касе туро даҳонялаяла гуфт?

Не, бибиҷон, касе маро ин хел нагуфт, – ӯ лаҳзае нафас рост кард. – Юсуфҷон-бобо набераашро ҷанг кард, ту «даҳоняла» гуфтанд.

Бибӣ наберашро дар паҳлӯяш шинонда ба шарҳи вожаи нав шунидаи ӯ шурӯъ кард:

Бачаи гарангу карахтро, ки нонашро дигарон аз дасташ кашида мегиранд, «даҳоняла» мегӯянд,- мефаҳмонд бибӣ.  – Боз касеро «даҳоняла» мегӯянд, ки гапу кореро дар дилаш нигоҳ дошта наметавонад ва дарҳол сирашро фош мекунад.

Аз байн чанд рӯз гузашт. Хоҳару додарон ба зодрӯзи модар аз ҳама пинҳонӣ шеър азёд мекарданд. Рӯзе онҳо машқ доштанд, ки бибиашон аз дар омад ва шеърхонии  Азимро шунида бо навозиш пурсид:

– Тӯтияки ғазалхони бибӣ чӣ мехонад?

Гулнора беихтиёр мақсадашонро ошкор кард. Азим норозиёна ба апааш нигариста гуфт: Апаи «даҳоняла»…

АЙНАК

Нурия – холаи хаткашон  хона ба хона рӯзнома мефу – рӯшад. Бибии Азим рӯзномае харида рӯйи курсии роҳат нишасту варақ зад. Аммо бе айнак хонда натавониста аз наберааш хоҳиш кард:

– Азимҷон, ҷони бибӣ, аз ҷевон айнакамро биёр!

Азим айнакро овард. Онро ба дасти бибӣ дода, аз рӯйи одати ҳамешагиаш суол кард:

– Бибиҷон, ин айнакро кӣ сохтааст?

Ягон одами доно сохтагист, ҷони бибӣ, – гуфт ӯ айнакро ба чашм гузошта.

Чаро «айнак» мегӯянд? Маъниаш чӣ? Маъниаш чӣ? – Боз пурсид Азим.

Э «кони савол», намемонӣ, ки бубинам, дар рӯзнома чӣ гапҳои тоза аст? – бибӣ чашм ба рӯзнома дӯхт.

«Айнак» чӣ гуфтани гап, бибиҷон? – Аз пурсиш намонд писарак.

– «Айнак» ана ҳамин асбоби ба чашм гирифтаам аст, охир бачам. Як лаҳза қарор намегирӣ – а?

Бибӣ айнакро аз чашм гирифта гуфт:

– «Айн»дар забони арабӣ «чашм»  гуфтан аст, фаҳмидӣ? Арабҳо пас инро «айнак» номидаанд.

Бибиҷон, шумо арабед?

Не, ҷони бибӣ, ман тоҷикам.

Тоҷик бошед, «айнак»неву «чашмак» гӯед…

Сафия Носир: «Ситорачаи даруни себ”, Душанбе, “Истиқбол”, 2021

Таҳияи Фарзонаи Ҳаёт,
мутахассиси шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон.