Бо бачаҳо. Як қиссаи шавқовар аз китоби Гулчеҳра Муҳаммадиева “Чор ҳикоя”

Чор-хикоя“Чор ҳикоя”-и адиби бачаҳо Гулчеҳа Муҳаммадиева соли 2020 чоп шудааст. Ва тавре аз номаш пайдост, чор ҳикояи ахиран эҷодкардаи муаллифро дар бар гирифтааст. Яке аз ин ҳикояҳо “Духтараки шаҳрӣ” ном дорад, ки ҳамкорамон Нафиса Қурбонова барои шумо таҳия кардааст.

Китобро дар толори хониши адабиёт барои кӯдакон ва наврасон метавонед бихонед.

ДУХТАРАКИ ШАҲРӢ

Сабоҳат ҳафтсола буд. Оилаашон ба шаҳр кӯчид. Аҳли хонавода зуд-зуд ба деҳа меомаданд. Аз аҳволи бобою бибиашон хабар мегирифтанд. Аз байн се сол гузашт.

Рӯзе аз деҳа  хабар  омад. «Бобояш  сахт  бемор  аст».

Аҳли  оила  падару  модар  ва  ду  бародараш,  ба  хабаргирӣ  рафтанд. Падар  бобою  бибиро  ба  шаҳр  барои  зиндагонии  доимӣ  даъват  кард.  Онҳо  розӣ  нашуданд.

Ҳамин  тавр  Сабоҳат  бо  аҳли  оилашон  боз  ба деҳа  баргаштанд. Дар  рӯзҳои  аввал  Сабоҳатро  ҳамсинфон  хуш  қабул  накарданд. Духтарони  синф  ба  либоспӯшӣ, мӯйбофӣ, сухангӯйӣ  ва роҳгардиаш  ҳасад мебурданд.

Сабоҳат ба синф  даромада, албатта, «саломи  пагоҳирӯзӣ» мегуфт. Аз одоби хуши муомилааш  писарбачаҳо  ӯро  ҳурмат  мекарданд. Ду  нафар  аз духтарон – Шафоат  ва  Малоҳат ба ӯ ҳасад  бурда, «шаҳрӣ – дия»  гуфта, пичинг зада, масхара мекарданд.

Чунин  муносибат  Сабоҳатро  нороҳат  мекард.

Рӯзе  ба модараш  шикоят  кард:

Модарҷон,  маро  духтарони  синфамон  бад  мебинанд. Дигар  ба  мактаб  намеравам, − гуфта  оби  дида  рехт.

Рӯзе  дар  мактаб  мусобиқаи  волейбол  доир  шуд.

Дар  қисми  аввали  бозӣ  дастаи  духтарони  синфашон  мағлуб  шуданд.

Сабоҳат  пешниҳод  кард: «Агар  шумо  розӣ  бошед,  дар  давраи дуюми  бозӣ  ман  ҳам  иштирок  мекунам».

Ӯ  маҳорати  хуб  нишон  дода,  ва  ин сабаби  ғолиб  шудани   дастаи   синфашон  шуд. Дар  натиҷа мактабашон  яке  аз  ҷойҳои  намоёнро  ишғол  кард.

Баъд  ин  бозӣ  муносибати духтарон  нисбат  ба Сабоҳат  хуб шуд. Аммо  Шарофат  ҳамоно  ба  ӯ  пичинг  мезад:

− Ин  Сабоҳат  «Ман  шаҳрӣ» − гӯён  худашро  ба  ҳама хуб нишон доданӣ  аст. Ман ба  самимияти  ӯ  бовар  надорам, − гуфта, аз наврӯзгоҳ  қаҳролуд  сӯйи  хонаашон  равон  шуд.

Дигар  духтарон  низ  шодону  хандон «Мо  ғолиб шудем», −гуфта,  наврӯзгоҳро  тарк  карданд.

Канали  серобе  деҳаи  Сабоҳатро  аз  Наврӯзгоҳ  ҷудо  мекард. Дар  мавсими  баҳорон  канал  хеле  сероб  буд.  Вақти  гузаштани  пул   Шарофат  ба  об  афтид.

Ҳансинфон  ҳама  доду  вой  мекарданд.

Сабоҳат, ки  дар  шаҳр  дарси  шиновариро  омӯхта  буд, зуд  худро  ба об  андохт.  Шарофатро  наҷот  дод.

Дар  як  лаҳза   ҳама  сокинони  деҳа, ки аз Наврӯзгоҳ  бармегаштанд, дар  ду  тарафи  канал  ҷамъ  омаданд:

Офарин,  духтарам!

− Қанд  зан, Сабоҳатҷон!

Хеле  далеру  ҷасур  будаӣ, духтари  шаҳрӣ! – гӯён  аз  ҳар  тараф  нидои  таҳсин  баланд  шуд.

Падару  модари  Шарофат  низ  омада,  ба  Сабоҳат  миннатдорӣ  изҳор  карданд.

Сабоҳат, ман  гунаҳкорам,  бубахш  маро, нисбат  ба  ту  хеле  дағал  будам, −  гуфт  Шарофат  узр  хоста, сар хам кард.

Онҳо  ҳар  ду  даст  ба  даст  ба  хона  баргаштанд.

Таҳияи Нафиса ҚУРБОНОВА,
м
утахассиси шуъбаи
адабиёти кудакон ва наврасон.