Танҳо илм аст, ки роҳи Тоҷикистонро мунаввар мекунад

Зафар-Шариф-(2)Бо дарки муҳиммияти ҷойгоҳи илм дар таърихи башарият ва нақши калидии он барои имрўзу ояндаи ҷомеаи тоҷик санаи 30-юми майи соли 2024 мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар баргузор гардид, ки он дар таърихи муосири миллати тоҷик ва рушди илми ватанӣ ҷойгоҳи махсусро ишғол менамояд ва онро аз ҷиҳати стратегӣ метавон ҳамчун санади муҳими консептуалӣ дар соҳаи илму маориф арзёбӣ кард.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат сараввал аз тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва маорифу фарҳанг дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, зикр карданд, ки ҳатто дар лаҳзаҳои ҳассосу мураккаби даврони соҳибистиқлолӣ роҳбарияти давлат новобаста аз мушкилоти мавҷуда пешрафти илмро омили муҳими тараққиёти мамлакат дониста, барои рушду нумуи он чораҳои таъхирнопазир ва саривақтӣ андешид.

Вале новобаста аз ғамхорӣ ва дастгириҳои доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зикр намуданд, Пешвои миллат,  «имрӯз саҳми илми ватанӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ҳамагӣ 0,1 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда умуман конеъкунанда нест. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат вазифадор аст фаъолияти самарабахши соҳаи илмро талаб намояд ва иҷрои чорабиниҳои ба ин мақсад равонашударо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад».

Таҳлили амиқи Сарвари давлат аҳли илму маорифи кишвар, махсусан Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ ва кафедраҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро водор месозад, ки барои ба муҳаррики тавонои истеҳсолот табдил додани илму техника ва зина ба зина баланд бардоштани саҳми илм дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар чораҳои таъхирнопазиру саривақтӣ андешанд.

Тавре, ки аз суханронии Пешвои миллат бармеояд, дар ин самт қабл аз ҳама бояд сохтори Академияи миллии илмҳо таҷдид ёбад, комиссияи босалоҳият фаъолияти он ва Академияи илмҳои кишварзиро ҳамаҷониба таҳлил намуда, роҳҳои кам кардани хароҷот барои нигоҳдории таҷҳизоти кўҳнаву нолозимро муайян карда, дар ин замина озмоишгоҳҳои онҳо бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида шаванд. Ҳамзамон Сарвари давлат таъкид карданд, ки комиссияи мазкур ҷиҳати таҷдиди пояи иттилоотии таҳқиқоти илмӣ тавсияву пешниҳодҳои мушаххас манзур намояд.

Мавриди зикр аст, ки тамоми дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар ин самт маҳз ба як мақсад –  баланд бардоштани самаранокии фаъолияти муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ равона карда шудаанд. Зеро тавре ки зимни суханронӣ таъкид гардид,  «таҳия нашудани санади дахлдор оид ба меъёрҳои арзёбӣ кардани самаранокии фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва кормандони онҳо яке аз сабабҳои ин падидаи нигаронкунанда маҳсуб мешавад. Бинобар ин, Вазорати маориф ва илм, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Комиссияи олии аттестатсионӣ ва дигар сохторҳои марбута вазифадор карда мешаванд, ки бо таъсиси гурӯҳи корӣ дар муҳлати се моҳ доир ба ин масъала пешниҳоди мушаххас манзур намоянд».

Бо дастуру ҳидоят ва таҳти сарпарастии Сарвари давлат роҳандозӣ гардидани силсилаи озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикон» оинаи таърихи миллат», эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 255, аз 12 августи соли 2014), инчунин шабакаи алоҳидаи телевизионии «Илм ва табиат» (соли 2021), унвонҳои фахрии «Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон»,  «Корманди шоистаи Тоҷикистон», Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, инчунин ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника, Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ, ҷоизаҳои давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон ва амсоли инҳо далели возеҳи ин гуфтаҳо мебошанд.

Сарвари давлат аз дастовардҳо дар самти омодасозии мутахассисон барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ва таҷдиди сохтори муассисаҳои академӣ ёдовар шуда, аз ҷумла қайд карданд, ки «то замони истиқлол дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 65 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт. Ҳоло ин рақам ба 47 ва шумораи донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст. Яъне ҳам шумораи мактабҳои олӣ ва ҳам шумораи донишҷӯёни онҳо қариб чор баробар афзудааст. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз соли 2001 то соли 2019 дар сохтори Академияи миллии илмҳо бо роҳи азнавташкилдиҳӣ муассисаҳои нави илмиву таҳқиқотӣ пажӯҳишгоҳҳои масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, иқтисод ва демография, фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Маркази илмии Хатлон, Маркази синошиносӣ дар назди Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ таъсис дода шуданд. Ҳамчунин, таъсиси пажӯҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Маркази мероси хаттӣ, Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нав, Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ ва Маркази омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои ҳамин давра мебошанд».

Ба андешаи мо, муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа соҳиби илму дониш ва иттилооти фаровон будан аст. Иттилооту дониш бошад, асосан бо роҳи мутолиаи китоб ва дигар воситаи илмию адабӣ ба даст меояд. Аз ин рӯ, дар партави дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки бо мақсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намоянд.

Хотирнишон месозем, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз дар масоили таълиму тарбияи ҷавонон пайваста тадбирҳо андешида, соҳаи китобдориро, ки раванди идораи маърифати ҷомеаро танзим менамояд, ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ пазируфтаанд. Дар ин давра ба раванди омода намудани олимони ҷавон, вобаста ба талаботи соҳаҳои гуногуни кишвар, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, барои дастгирии ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатманд тадбирҳои муассир анешида шудаанд. Мо ин равандро дар фаъолияти амалии ректори МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин баръало мушоҳида менамоем.

Аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба олимони ҷавон — сардори раёсати таълим Арабов Фирдавс унвони илмии номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи технологияи иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сайёҳӣ Раҳмонов Абдусаттор бо унвони илмии номзади илмҳои педагогӣ, муовини ректор оид ба корҳои тарбия ва иҷтимои Иззатова Зулайхо бо унвони илмии номзади илмҳои филологӣ,  мудири кафедраи журналистикаи телевизон ва радиошунавонӣ Галимова Моҳинур бо унвони илмии номзади илмҳои филологӣ, Саидзода Шодона мудири кафедраи технологияи васоити ахбори оммва бо унвони илмии номзади илмҳои филологӣ, Зокиров Суҳроб Ёвари ректор бо унвони илмии номзади илмҳои фалсафа, Наимова Фарзона ва Бойбутаева Адолат бо унвони илмии номзади илмҳои филологӣ сарфароз гардонида шуданд.  Соли 2024 Зафари Шариф, Нодирзода Сайзароб, Шарофиддинзод Муслиҳиддин ва Холов Пайрав  рисолаҳои номзадии худро аз пешдифоъ гузаронида, ба ҳимоя пешниҳод намудаанд.

Месазад, ки мо дар фаъолияти рўзмарраи хеш, махсусан дар фаъолияти илмию эҷодӣ суханони зерини Пешвои миллатро аз мадди назар дур накунем: «дар замони мо, яъне давраи шиддати рӯзафзуни рақобату мухолифатҳо танҳо давлатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки миллати босаводу огоҳ, низоми пешрафтаи илмиву инноватсионӣ ва олимону навоварони донишманд дошта бошанд».

Зафари ШАРИФ,  декани факултети китобдорӣ
ва иттилоотшиносӣ,  

Наботов ШАРИФ,
доктор PhD – кафедраи  китобхонашиносӣ ва
библиографишиносии МДТ
«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода »