Бо Худо бош, ки кори ту накў хоҳад шуд… Аз Мавлоно Муҳаммадризо Навъин Хабиушонӣ бихонем
Аз шуарои замону суханврони ҷаҳон аст. Ба Ҳиндустон омада, дар хидмати умарову шоҳзодагон ба сар мекарда. Маснавии “Сўзу гудоз” ва “Соқинома”-и ў машҳур аст. Дар санаи як ҳазору нуздаҳи ҳиҷрӣ / 1610 – 11 дар Бурҳонпур ба раҳмати илоҳӣ пайваста .
Ин абёт ўрост:
Бишкан дилам, ки роиҳаи дард бишнавӣ,
Кас аз буруни шиша набўяд гулобро.
******
Нохун ба ҷигар кораду гул бар мижа бандад
Ин нағмаи маҳбуб, ки дар пардаи соз аст.
******
Мо худ ба орзу дари ў боз мезанем,
В-арна, калиди ганҷи саодат ба дасти мост.
******
Рўят зи файзи бода чу гул дар чаман шукуфт,
Май боғбони гул шуду гул баҳри ман шукуфт.
******
Гар дар оташ равию ғарқаи тўфон гардӣ,
Бо Худо бош, ки кори ту накў хоҳад шуд.
******
Ў дар дилу бар ман рақами ҳастии мавҳум,
Чун номи китоб аст, ки бар пушти китоб аст.
******
Ҷилваи ҳамсояи маъшуқ ҳам дил мебарад,
Ҳар куҷо дуде зи равзан сар кашад, парвона бош.
Аз китоби Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019
Таҳияи Саноат Набиева, сармутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.