Бо ҳунари кешбофӣ аз китоби “Кешбофӣ” метавон ошно шуд
Дар ин дастури таълимӣ – методӣ роҳҳои омўзиши усулҳои бофтан тавассути кашак (чангак) ва сихҳои бофандагӣ овардашуда, пайдарпайии тарзи иҷрои кешбофӣ бо расмҳо ва схемаҳо нишон дода шудааст. Дастури мазкур барои омўхтан ва баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷўён нисбат ба ҳунарҳои қадимаи мардумӣ, махсусан, ҳунарҳои бофандагӣ (кешбофӣ) мусоидат намуда, ҳамчун роҳнамо барои роҳбарону омўзгорони маҳфилҳои бофандагӣ ёрии иловагӣ мерасонад.
Муаллифони китоб М.Дадобоева ва Ш.Бобоева дар сарсухан аз ҷумла навиштаанд, дар бофандагӣ замони муосир омезиши услуб, нақшу нигор ва мувофиқати ресмонҳои гуногун, маҳорати кор бо сихҳои ҷуроббофӣ ва кашакҳо ба таври васеъ истифода карда мешавад. Қисми зиёди нақшу нигорҳо ба таври мустақил нав нестанд, вале миқдори пайвасткуниҳои онҳо зиёд шуда, боиси бланд гардидани тафаккури эҷодкоронаи бофанда шуда, ба офаридани асарҳои нав ба нави замонавӣ имконияти зиёд пайдо мегардад.
Хоҳишмандон китоби “Кешбофӣ”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа намоянд.
Неъматулло Шамсов,
сармутахассиси шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар