Бо кӯдакон. Кароматуллоҳи Мирзо. “Одами нағз”

Маҳмуд ба соати девор нигарист: вақти аз кор баргаштани падару модараш наздик омада буд. Ў бо чеҳраи хандон аз хона берун шуд. Аз поғундаҳои сементии пешайвони баландашон поён мефуромад, ки дарвозаи ҳавлӣ ғиҷирросзанон кушода шуд. Муаллим Ғанизода меомад. Табъи ў якбора хира шуд, дар ҷояш гўё шах шуда монд.

     – Маҳмуд, падарат канӣ? – Ғанизода ба ў наздик шуд.

    – Падарам дар кор, нестанд,- гуфт Маҳмуд ва пас аз лаҳзае илова кард: – Он кас намеоянд.

   – Меоянд, ҳозир меоянд,- муаллим ба соаташ нигариста, ба кати миёни ҳавлӣ, ки яккаандозҳои наппа нави махмалӣ болои он густурда шуда буд, гузашта нишаст.

   Чӣ? Муаллим намераванд, бафурсат нишастаанд? О, ҳозир падару модарам омада мемонанд. Кор расво, ў шарманда мешавад. Не, муаллим бояд баромада раванд… Маҳмуд бетоқат шуда буд. Аз назди Ғанизода бо сари хам гузашта, аз дарвоза берун рафт. Чанд қадам аз ҳавлиашон дур шуда, таги чинори канори роҳи мошингузар истод.

   Чашмаш ба роҳ буду таърифҳои падару модар ба ёдаш меомад: «Маҳмуди мо баъди насиҳатамон бачаи хуб, боодоб, гапгир шудааст. Муаллимаш ҳам акнун аз вай розӣ…».

Дилаш дар сина сахттар метапид. Чӣ кунад? Кошки падару модараш наоянд, дер биёянд. Вай дар ҳамин хаёлот буд, ки модараш намоён шуд. Ў аз афташ, ба бозор ё мағоза даромада будааст, ки дар як халта ким чӣ бардошта меомад. Маҳмуд ба тарафи хонаашон як нигоҳ карду беихтиёр сўйи модар давид.

    – Маҳмудҷон, падарат омаданд? – модар халтаи пурборашро рўйи сабзаҳои лаби ҷўй гузошта, қомат рост кард. Маҳмуд илоҷи халосӣ меҷуст. Фикре ногоҳ ба хаёлаш омад.

   – Оча, шуморо апаам суроғ карданд, ба хонаашон равед, – гуфт ў.

  Апаат чӣ гап доштааст? – хавотир шуд модар.

  – Намедонам, тезтар равед будааст, – таъкид кард Маҳмуд.

   – Писарчааш бемор буд. Ҳамин рўз то бегоҳ чашми сабилам парид. Беҷо набудааст, – модар дар ҳавлӣ мондани халтаи пурборашро фаромўш карду саросема ақиб гашта, ба тарафи хонаи духтараш рў овард.

    «Ҳоло боз падарам меоянд. Гуноҳаш зиёдтар шуд, дуруғ гуфт. Модарашро апаш ҷеғ назада буд. Ба куҷо равад?» Сўзиши дили ў зиёд гашт.

       Ана дар роҳи калон падари Маҳмуд намудор шуд. Ў дар кор монда шуда буд, ки вазнин-вазнин қадам мемонд. Гоҳе қомати баланду хароби ў беихтиёр ба як сў майл мекард, ба назар чунин менамуд, ки сараш мекалавад.

           – Ҳа, Маҳмудҷон, ин ҷо истодаӣ! Гард, хона меравем. Китоби суратдор харидӣ? – падар ба ў наздик шуд.

      Маҳмуд «аз дукони мактаб китоби суратдор мехарам» гуфта, аз падараш пул гирифта буд. Китоб нахаридааст, боз як дурӯғ.

     – Дада, акаам шуморо кофта омаданд, – гуфт Маҳмуд ва беихтиёр ба гиря даромад.

    – Акаат чӣ мегуфтааст? Чаро гиря мекунӣ? Чӣ гап шуд?

    Маҳмуд ба пурсишҳои падар дигар чизе нагуфта гирист.

   – Барои чӣ гиря мекунӣ, бачам?

Гард, хона меравем,- падар аз дасти ў дошта, ба тарафи ҳавлиашон қадам монд.

    – Ба хона надароед, надароед! – Маҳмуд пеши роҳи падарашро гирифта. Ба домани ў часпид.

    Ҳамин вақт модараш расида омаду ба ў гуфт:

   – Маҳмуд, чаро дурўғ гуфтӣ? О, апаат маро ҷеғ назада будааст-ку!

    – Маро ҳам «акаам ҷеғ заданд» гуфта, ба хона даромадан намемонад, – гуфт падари Маҳмуд.

   – Девона шудааст, – модар ғурбат карда, ба тарафи дарвоза қадам монд. Падараш ҳам Маҳмудро базўр аз пеши роҳаш як тараф тела дод.

   – Надароед! Ба хона надароед! – Маҳмуд худро ба рўйи роҳ партофта, болои хок ғел мезад.

   Падару модар бо тааҷуб аз роҳашон гашта, вайро бардоштанд, ў ором намешуд.

   – Чаро ба хона надароем, Маҳмудҷон, барои чӣ? – Маҳмудро меҳрубонӣ мекарданд падару модар.

Ҳамсояҳо аз ҳавлиҳояшон баромаданд. Баногоҳ дарвозаи Маҳмудино кушода шуду муаллим Ғанизода аз ҳавлӣ хандон баромад.

    – Аҳа, ассалом муаллим, дар хона шумо будед, ки Маҳмуд моро ба хона даромадан намемонад. Дар мактаб ягон беодобӣ кардагист? – пурсид падари Маҳмуд аз муаллим Ғанизода.

Ду ҳафта пеш ҳам муаллим Ғанизода ба хонаи онҳо омада буд. Дар назди падару модараш Ғанизода гуфт, ки Маҳмуд вақтҳои охир беодоб шудааст, аз дарсҳо мегурезад, ба насиҳатҳои муаллим – ҳама якҷоя Маҳмудро бисёр сарзаниш карданд.

   Маҳмуд ваъда дод, ки дигар беодобӣ намекунад, аз дарсҳо ҳам ақиб намемонад. Аммо вай боз гуноҳ кард.

Қариб як ҳафта аст, ки падару модарашро фиреб медиҳад. Пагоҳиҳо «мактаб меравам» гуфта, аз падараш пул мегирад, модар ба ў палточаашро мепўшонад, китобҳояшро наздаш оварда мегузорад. Маҳмуд бошад, баъди кор рафтани онҳо аз нав ба кати хобаш дароз мекашад. Мактаб намеравад…

    – Муаллим, Маҳмуд боз ягон гуноҳ кардааст? – пурсид такроран падараш аз муаллим.

    Нигоҳи Маҳмуд бо ҳарос дар рўйи муаллим лағжид. Ҳамин ҳоло Ғанизода гуноҳи ўро мегўяд, Маҳмуд шарманда мешавад… Муаллим чанд лаҳза ба ранги рўйи сап-сафед кандаи шогирдаш нигаристу сухан дар забонаш монд. Пас аз чанде хомўшӣ ба гап даромад:

    – Не, ман аз Маҳмуд шикоят надорам. Маҳмуд бачаи нағз,- муаллим ба падари ў мурочиат кард: – Ман ба шумо дигар гап дорам, – Ғанизода аз зери бағали падари Маҳмуд  гирифта,ба канори роҳ рафт. Онҳо хеле гап заданд. Муаллим гузашта рафт.

    «Муаллим чӣ гуфт? Маҳмуд бачаи нағз, гуноҳ надорад?» Нигоҳи Маҳмуд аз паси муаллим буд. Ғанизода оҳиста-оҳиста аз ҳавлии онҳо дур мешуд. «Муаллим одами нағз,- аз дил гузаронд Маҳмуд.- Пагоҳ, албатта, мактаб меравам, дигар дурўғ намегўям».

      *****     ******      *****     *****    

Китоби “Одами нағз”-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо ва даҳҳо китоби хуби дигарро бачаҳо метавонанд дар толори хониши кӯдакон ва наврасон мутолиа намоянд.

 

Таҳияи С.Шогунбекова,

мутахассиси шўъбаи кўдакон  ва наврасон.