Бо саховат – дастобадаст
Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришӽои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раӽмон нисбати дастгирии табақаи ниёзманди аӽолӣ, ятимону бепарасторон ва афроди дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ иқдоми хайрхоҳона анҷом медиҳад. Ин иқдомот фарогири баргузории чорабинищои фарҳангӣ, маърифатӣ, илмӣ, адабӣ, расонидани кумакҳои моддӣ, тақдими китобу маводи авдиовизуолӣ ва дигар лавозимоти хониш мебошад.
Ах ҷумла, бо ибтикори директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзализода Ҷумахон Хол ва шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди “Китобхонаи миллӣ” ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор беш аз 500 нусха китобҳои электрониву гӯё барои тарбиятгирандагон (нобиноён)-и ин муассиса тақдим карда шуд.
Китобҳои электронӣ бо назардошти талаботи озмунҳои ҷумҳуриявӣ интихоб гардида, адабиёти бадеӣ, ашъори шоирони классик, муосир ва роману новеллаву қиссаҳо аз нависандагони муосир мебошанд. Инчунин, ба ин муассисаи таълимӣ гунаи электронии китобҳои Пешвои муаззами миллат тақдим карда шуд, ки барои хонандагон муҳим ва саривақтӣ мебошанд.
Дар баробари ин дар доираи имкониятҳо ва ҳамкории афроди хайрхоҳу саховатпеша барои омӯзгорони ин муассиса як миқдор маводи ғизоӣ бо назардошти 9 навъи маҳсулоти ғизоӣ кумак карда шуд.
Кумакҳоро ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор кормандони Китобхонаи миллӣ дар ҳузури директори мактаб-интернати мазкур – Хотима Абдуғаффорзода ба омӯзгорон тақдим намуда, китобҳои электронӣ дар компютерҳои ин муассиса насб карда шуданд ва тарзи истифодаи онҳо барои масъулин омӯзонида шуд.
Директори Мактаб-интернати мазкур Хотима Абдуғаффорзода бо сипосу қадрдонӣ аз ташаббуси директори “Китобхонаи миллӣ” изҳор дошт, ки кумаки расида бидуни шак барои беҳбуди шароити омӯзгорон ва бошандагони мактаб-интернат ёрӣ хоҳад расонд.
Дар зимн, Муҳаммадиқбол Атозода, муовини директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки китобҳои электронӣ ва гӯё барои рушди маънавияти донишомӯзон ва омода кардани хонандагон барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ мусоидат хоҳанд кард ва дар ин самт роҳбарияти “Китобхонаи миллӣ” тамоми зарфиятҳои маънавиро дар ихтиёри шогирдони муассиса қарор медиҳад.
Махфират Муҳидинова, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа