Бо як рӯзи покиву низофат дар Китобхонаи миллӣ
Баҳор фасли сабз аст ва покиро дӯст дорад. Замин нав бедор мешавад ва сабзаву гул ба тозагӣ ҳамнафаси баҳор аз хок сар берун мекунанд. Ин лаҳзаҳо хуб тамошобобанду лаззатовар. Вақти кас хуш мешавад, аз бӯи муаттари боғу хониши мурғони саҳарӣ одам нишот мегирад.
Ва ин сабзаву гул ҳам ба покӣ ниёз доранд. Боғ бояд ороставу пероста бошад, замин бояд аз хасу хазон пок бошад.
Оби ҷӯйбор монеае барои равон шудан ба самте, ки онро гулу сабзаву дарахтон интизоранд, надошта бошад.
Ва ҳамин аст, ки ҳар рӯзи шанбе кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди амал мешаванд ва боғу гулгашту роҳравҳоро тоза мекунанд, то гулҳо зудтар шукуфанд, сабзаҳо болотар қад кашанд.
То мурғакони нағмахон аз ин зебоиву покиҳо бештар илҳом гиранду бихонанд.
Аксҳои ҳамкорамон Абдуғаюр Саломовро, ки мебинед, аз ҳамин талошҳо ҳикоят мекунанд. Кормандони Китобхонаи миллӣ рӯзи шабеи гузашта сарҷамъ як силсила корҳои покксозиро анҷом доданд.
Б.ШАФЕЪ