Сухандони парварда, пири куҳан
Эй гули хушбўӣ, агар сад қарн боз ояд баҳор,
Мисли ман дигар набинӣ булбуле хушгўйро.
Насими сарди поиз баргҳои зарринни боғу бўстонҳоро девонавор ҳар сў пош медоду гўё амали дигаре надошта бошад, қасдан ба сару рўйи кас мехзад. Гарду ғубор имкони чашм кушодани ҷонзодеро намедод. Гулистоне, ки чанд моҳ қабл аз ин ба дилу димоғҳо фараҳ мебахшиду накҳати атру сумани ин чаманро анбарфишонӣ мекард, акнун хористонро мемонд-на бўеву на рўе!..Ба мисоли марди ҳақире, пире, асире!..
Шоири солдида, хирқаи дарвешӣ ба бар, вале тануманд, ҳушёр колои начандон бузурги сафарӣ дар китф чолоку бардам роҳ ҷониби шаҳри азизаш Шерозро пеш гирифта буд. Бале. Пас аз солҳои пурмашаққати тўлонӣ, мусофиратҳои бардавом бо ҳуббулватан-Шерози дилбанд рў овардан чӣ хушбахтист!
Чун нигоҳи шарарбори шоир ба ин гулистону бўстони замоне хушилҳон, боғи булбулону ҳазордастон, як марғзори фирдавсмакон афтод, таъбаш коҳида, тешаи таҳайюл ба кундаи андешаҳо зад: «Фасли тирамоҳу даймоҳ мисли пирӣ аст: сарду нотавон, бемадору беимкон, парешон. Ман ҳам монанди ин мавзеъ фартут шуда, анқариб чил соли умрро дарвешвор дар сафару майли ҷаҳонбиниҳо, рўзгорфаҳмиву оламдониҳо сипарӣ сохтам. Ҳарчанд ки имрўз Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозиро мардуми озодаи Арабу Ирон, Турку Ҳиндустон, Қошғару Ҳалабу Фарангистон, Мисру Уббодон ба хубӣ мешиносад ва эҳтиромаш медоранд, вале амал куҷост? Бояд натоиҷи ин сафарҳоро ба сифати қутубе навишт, ки пандомезу ҳакимона бошад ва номи ҷовидона ёбад… Вале чӣ ном?…»
Чашмони зираки шоир боз ба боғи хазонгашта бархўрд. Ногоҳ шайх боғро сабзгуну атрогин, гулгаштҳову лаби ҷуйборҳоро бо наънову ёсамин, бо себаргаву настаран, билкул ҳар сўеро чаман дид, марғзори сабзу даман дид. Шоир чашмонашро молиш дода, аз нав кушоду ҳолати аслиро бишнохт ва табассумкунон риши кўтоҳу мошубиринҷашро пармосида афзуд:
-Сароб! Ин дунё гўё ҳама сароб асту хоб аст!.. Вале ба ҳар оин асаре бояд иншо бикунам, ки китоби ҳар боб бошад, офтоби оламтоб бошад, аммо бе сароб бошад, аз он ҳар фард шаҳду гулоб нўшад, абиру атри Хутан бипошад. Пас, номи ин китобҳо «Бустон» ва «Гулистон» мешавад. Шоирро ба ёд омад, ки яке аз дўстони хирадмандаш низ дар фасли баҳорон ин матлаъро пешкаш фармуда буд, беихтиёр табассум кард. Аз паси табассум мисраъҳои шеър мавлуд гаштаанд:
Ба чӣ кор оядат зи гул табақе?
Аз «Гулистон»-и ман бубар варақе!
Гул ҳамин панҷ рўзу шаш бошад,
В-ин «Гулистон» ҳамеша хуш бошад!
Шоир лаҳзеи ба сукут рафт.Чашмонаш нимпўш, табассумоло меҷунбиданду ниҳоят шакаррезӣ фармуданд:
-Валлоҳ, ки имрўз фариштаҳои неку озода бо ман аст, илҳоми паризода бо ман аст! Ташаккур ба шумо, фариштаҳои илҳоми ман! Дорандаи имони ман, имкони ман рўҳи ман! Аё, парии илҳом! Поят бигузор бибўсам, то ки дастат намерасад ба сўям.
Шоир шод буд. Аз ин боис ки мақсуд низдик мегашт. Боди сард низ гўё аз аспи чобуки шиддат фаромада, оромӣ ихтиёр карда буду гардунаи ҷангиаш ҳам ба дида намерасид.
Шайх Саъдӣ роҳ мепаймуд ва маснавие таҳрезӣ мекард:
Сухандони парварда, пири куҳан,
Бияндешад, он гаҳ бигўяд сухан.
Мазан бетаамул ба гуфтор дам.
Накў гўӣ, гар дер гўйи чӣ ғам?
Бияндешу он гаҳ баровар нафас,
В-аз он пеш бас кун, ки гўянд: «Бас!»
Ба нуқт одамӣ беҳтар аст аз давоб,
Давоб аз ту беҳ гар нагўйӣ савоб.
-Бале.
Аввал андеша в-он гаҳ гуфтор,
Пойбаст омадаст, пас девор…
Аз дур деҳае ба чашм расиду шоир ба он самт шитоб кард. «Садҳо деҳаву шаҳрҳоро убур кардам, боз як деҳаи дигар»,-аз дил гузаронид шоир. Ҳар як деҳаву рустоҳои каламрави Димишк ба худ хос меҳмонхонаҳое доштаанд ва мардум маунату хўрок ба он ҷо бурда. Шоири Шерозӣ низ дари меҳмонхонае бикўфт ва пешвози ў марди кулўтариши уқоббинӣ, тундхў, вале босалобате баромад. Пас аз одоби салому мулоқот марди тундхў шоирро ба таҳорат фиристод, сипас ба адои намози шом падохтанд. Фориғ аз намоз меҳмондор Саъдии мусофирро аз пойгаҳи меҳмонхона ҷой нишон дод, ҳарчанд, ки садри хона холӣ буд. Дар пешгаҳ хон ороста, нону хурмову мавиз ва даҳҳо нуқли шириниву анвои меваҷот ва афшурдаҳо густурда буданд. Аз афташ меҳмонҳои олиқардеро интизорӣ мекашиданд. Кадхудои хона аз Саъдь ҳарфе ҳам напурсид, аниқтараш аз омадани мисли ў қаландар шод набуд. Бо ишораи кадхудо хидматгор дар лаъличае хурмо, нон ва дар дўлчаи гилии лабшикаста каҳва овард. Ин тавр муносибатро ба гадое ё хидматгоре раво медида бошанд ҳам, шоир ҳарфе нагуфт. Ногоҳ ғалоғула ва давутоз ба амал омада шамъҳоро фурўзон намуданд ва қандилҳо шаъшаи мепошиданд, ҳама «хуш омадед!» мегуфту «хайра мақдам!» мефармуд. Ба меҳмонхона чанд тан бузургону киборон, бархе дастору либосҳои фохира ба бар, бо салобату ғурури хосаи дарбориён дохил шуда, мувофиқи мартаба ё амал ба ҷойҳои хеш нишастаанд. Саъдӣ ҳамоно дар пойгаҳ менишаст ва ба гуфтору кирдори ба қавли кадхудо «меҳмонони олирутба» хомўшона назора мекард.
Ин мақол пайваста вирди забонаш давр мезад:
«Ассабру мифтоҳ-ул-фараҷӣ». (Сабр калиди гушоиш аст)
Меҳмони солору хушлибосе, ки ғурури тавонойӣ аз ў ҳувайдо буд, дар пешгоҳи хона менишасту бо тааммул сухан мегуфт ва дигарон ўро бо эҳтиром гўш мекарданд. Ба ҳар ҳол аз сухангўйии меҳмони олирутба маълум буд, ки ў адабшунида ва фозилтабъ аст.
-Ҳангоме, ки банда ба сўҳбати шумо расидам, маро кор бо раияти мулуки Димишқ буд. Ба дурустӣ бояд гуфт, ки бо сад нафар деҳқону косиб забон меёбиву бо чанд тан дўстони шиноси дарборӣ ё акобир созише ба даст намояд.Чаро? Ман аз шумо садри аъзам мепурсам.
Ҳозирон аз ин пурсиши муаммомонанд ба танг омадаанд ва ниҳоят пирамарде ноҳинҷор бигуфт:
-Аз онҳо дурӣ ҷустан салоҳи кор аст.
–Намешавад. Онҳо туро аз ҳар ҷо пайдо мекунанд.
Ба ҳолу ҷонат намемонанду вақти гарони туро мерабоянд.Чӣ бояд кард, ки ҳам аз ту наранҷанду ҳам эҳтироматро пос доранд? Валлоҳ, ки дар чунин рўзҳо ба Худо нола карда мегўям: «Ё Аллоҳ! Ту маро аз чунин дўстони хира дур соз, ман аз душманонам навъе карда, халосӣ меёбам!»
Ҳозирон механдиданд, вале садри аъзам ҷиддиёна посух мепурсид. Чун Саъдӣ дарк кард, ки касе ҳарфе гуфта наметавонад, лаб ба сухан кушод:
-Агар ҷоиз бошад, андешаи хешро баён кунам.
-Бифармоед.
-Сараввал дўстон ва ҳатто баъзе хешу ақраборо бояд ба ду гурўҳ ҷудо кард: нахуст дўстони камбизоат, сониян дўстони тавонгару сармоядор. Ба дўстони камбағал қарз дода, аз тавонгарон чизе хостан салоҳи кор аст.
-Чӣ тавр?
– Дўстони бесармоя дигар ба шумо во намехўранд аз бими он ки шумо аз онҳо воми додаатонро мепурсед. Тавонгарон рў аз шумо мепўшанд, ки мабодо боз чизе аз онҳо наталабед.
-Бисёр хуб. Аммо саволи дигаре дорам, дарвеш.
-Бифармоед, соҳиб.
–Дар ҳузури хирадмандон ё бузургон кадом ҳолат беҳ аст: ба сухан пардохтан ё поси одоби хомўшӣ?
Лабони шоир бо як назокати зебандаи ба худ хос лаҳзае хомўшона биҷунбиданду ниҳоят ба қироатомаданд:
Агарчи пеши хирадманд хомўшӣ адаб аст,
Ба вақти маслиҳат он беҳ, ки дар сухан кўшӣ.
Ду чиз тираи ақл аст, дам фурў бастан,
Ба вақти гуфтану гуфтан ба вақти хомўшӣ!
-Шумо кистед, эй дарвеши хирқапўш?
-Саъдии Шерозӣ.
Аҳли меҳмонхона якбора ба по шуданду таъзимкунон шоирро хайрамақдам мегуфтанд ва симимияти хеш зоҳир менамуданд.
Садри маҷлис чанд қадам пеш омада, афзуд:
-Эй шайхи покдоман! Шуморо ҷой пайгаҳ не, иззати шумо баробари тахти подшоҳист ва садри ин маҷлис аст. Боқӣ мо ҳама надимони шумо ҳастем. Бархезед! Шумо он шоире ҳастед, ки боре гуфтаед:
То мард сухан нагуфта бошад,
Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад.
Ҳар беша гумон мабар, ки холист,
Шояд, ки паланг ҳуфта бошад.
Ба ҳолу ҷони шоир намонда, ўро ба пешгаҳ бурданд ва садри аъзам бо эҳтиром боз ба суханаш афзуд:
-Бори дигар узру маъзарат мехоҳем, ки кадхудоёну меҳмондорон шуморо нашнохтанду ба иззати шумо нарасида, маро низ ба хиҷолат гузоштаанд. Хайр…Кунун гуфтану гуфтан аз шумову шунидану шунидан аз мо. Бифармоед, шайхо, шерозиё!
Ҳамин лаҳза кадхудои меҳмонхона даст бари сина ба по шуду носабуру ноором ба забон омад:
– Ман аз шайх Саъдӣ маъзарат мехоҳам ки эҳтироми эшонро бояду шояд пос надоштам. Эҳ, мани осӣ тундхўйӣ зоҳир карда, ҳадди адаби меҳмоннавозӣ бишкастам. Кунун дар ҳузури ҳозирон узр мепурсам. Маъзарат, шайхо…
Ҳарчанд Саъдӣ узри ўро қабул карда бошад ҳам, кадхудо хешро ноҳинҷор ҳис мекард ва пайваста бо баҳонаи ҷушонидани қаҳва бадар мерафт. Ақлу заковат ва шўҳрати Саъдии Шерозӣ мисли офтобе буду на ҳар кас ба нуру ҳарорати ў тоб медод.
– Боре аз сўҳбати ёрони димишқӣ ранҷидаву дилтанг ва бомалолат рў ба биёбони Қудс ниҳодам,- ба сухан оғоз намуд шоир.- Ба мавзее расидам, ки хеле сабзу хуррам ва ободон буд. Амлокдори чорвопарвар аз Байтулмуққадас – марди накўрою дасткушод-маро дар ин манзил ташвиқи истироҳат фармул. Ман таклифи ўро ба ҷон пазируфта, чанд моҳ он ҷо ба нигоҳубини чаҳорпои ў машғул будаму ғазал аз паи маснавӣ менавиштам. Обу ҳавои биёбони Кудс маро писанд афтод. Ногоҳ лашкари фарангиён даррасид, ки кадхудо –марди накўрой ба шаҳр рафта буд. Гурўҳи авбошпеша чаҳорпо пеш андохтаанд ва маро низ асир гирифтанд. Ниҳоят, ба шаҳри Тароблус омадем ва бо дигар асирон, ки аксар ҷуҳудон буданд, ба хандақу чоҳканӣ мефармуданд ва заҳмат мекашидем. Чанде рўзгор ин тавр ба саҳтӣ мегузашт ва рўзе марди ҳалабии шиносе бо ман вохўрду пурсид:
– Саъдиё, ин чи ҳол аст, ки асир шудайӣ?
Маро ашк ба дида омад ва оҳе кашида ин мисраъҳоро ба забон овардам?
Ҳамегурехтам аз мардумон ба кўҳу ба дашт,
Ки аз худой набудам ба дигаре пардохт.
Қиёс кун, чӣ ҳолам бувад дар ин соат,
Ки дар тавилаи номардумам бибояд сохт.
Аз китоби Давлатшоҳи Тоҳирӣ: «Дили Бедил», Душанбе, «Адиб», 2006.
Хоҳишмандон метавонанд ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Рисолат Шералиева,
мутахассиси пешбари шуъбаи
хизматрасони ба шахсони имконияташон маҳдуд.