Бобои 71-солаву набераи 7-сола. Ду хонандаи фаъоли шуъбаи Дастхатҳои Шарқ

АсмоХонандагони шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ аслан кормандони илмӣ бошанд ҳам, дӯстдорони назму насри осори классикии форс-тоҷик низ ба ин шуъба зиёд ташриф меоваранд. Яке аз чунин нафарон Шоҳвалӣ Ғайюри 71 сола, шаҳрвани Афғонистон буда, наберааш Асмо хурдсолтарин хонандаи ин шуъба мебошад. Асмо 7 сол дошта, дар дабистони назди Сафоратхонаи ҷумҳурии Эрон дар синфи дуюм таҳсил мекунад. Асмо, ки бо ҳуруфи форсиасос таҳсил мекунад, мутаносибан, хонандаи шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир дар Китобхонаи миллӣ мебошад. Асмои хурдакак дар шуъбаи мазкур адабиёти барои синну соли худ мувофиқро мутолаа менамояд.

Шоҳвалӣ Ғайюр на корманди илм ҳасту на ихтисоси муаллимӣ дорад. Ӯ сарбози низомӣ (ҳарбӣ) генерал-лейтинант будааст. Ба риштаи тахассусаш нигоҳ накарда, китоб хонданро бисёр дӯст медорад. Мутолааи осори Мавлонову Бедил, Синову Ҳофиз ва бисёре аз намояндагони адабиёти классикиро меписандад.

ЭронМегӯяд аз соли 2023-юм инҷониб аъзои Китобхонаи миллӣ буда, ҳар гоҳе наберачааш Асмо низ ӯро ба ин боргоҳи маърифат ҳамсафар мешавад. Боборо ҳамроҳӣ кардан ба  Китобхона набераро хуш меояд. Асмо ин ҷо афсонаҳо мутолиа мекунад, шеърҳо аз бар мекунад. “Ҳар китоберо, ки дархост мекунем, кормандони Китобхона зуд дастрасамон мегардонанду ҳамеша кӯмак мекунанд. Аз Китобхонаи миллӣ хушам меояд, зеро ин ҷо китобҳои бисёр хуб ҷамъоварӣ шудаанд. Ҳамзамон шароити хуби мутолаа  фароҳам аст”, иброз дошт Шоҳвалӣ Ғайюр.

Дар зимн, Асмо – кучактарин хонандаи шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир бо шавқи зиёд ба мо чанд мисраъ шеърро аз эҷодиёти Афшини Ало қироат намуд.

Бод осмонро дишаб такон дод,

Сето ситора дар дастам уфтод.

Буданд онҳо бисёр зебо,

Як донаашро додам ба бобо.

Он дигариро додам ба модар,

Дидам, ки монда як дона дигар

Онро ба боло партоб кардам,

Ин корҳоро дар хоб кардам.

Умед дорем, ки минбаъд дар Китобхонаи миллӣ хонандагони зиёде ба сони бобои Шоҳвалӣ Ғайюр ва наберачааш Асмо пайдо мешаванд.

Муҳидинова Махфират