Бобои ҷанговар, бобои қаҳрамони ман…Нақл аз корномаи яке аз се бародарони шўҷоъ
Онҳо се нафаранд- Шукур, Тавур ва Маъбур. Ҳар се ҳам собиқадори ҷангу меҳнат. Барои истиқлолияти Ватани маҳбуб ба қавле ҳам хун рехтанду ҳам барои гул- гулшукуфии он то охири умр ба меҳнати пурсамар машғул буданд.
Бародарон аз зодгоҳашон деҳаи Полезак (совхози ба номи Абдулло- командир) –и ноҳияи Рашт (собиқ Ғарм) ба ҳифзи Ватан рафтанд. Саҳифаҳои ҷангии ҳаёти бародарони қаҳрамон бисьёру ибратбахш мебошанд. Онҳо дар майдони ҷанг се маротибагӣ ҷароҳат бардоштаву шифо ёфта, боз аз сари нав ба размгоҳ даромаданд. Сари синаи ҳар се бародаронро орденҳои «Шараф» ва бисёр дигар медалҳои ҷангию меҳнатӣ оро медиҳанд.
Қисми ҳарбие, ки Тавур Ғафуров дар он хидмат мекард, 12 августи соли 1944 супориш гирифт, ки шаҳри Ауси РСС Латвияро аз истилогарони немис озод кунад ва бо ин ба ҳуҷуми васеи фронти якуми Прибалтика роҳ кушояд.
Взводе, ки дар он сержанти калон Тавур Ғафуров хизмат мекард, мебоист баландии қисми шимоли шаҳрро ишғол намояд. Душман муқобилияти сахт нишон дода, имкон намедод, ки ҷанговарони мо баландиро ба даст оранд.
Командири взвод баъди чанд нобарорӣ ба андеша рафт. Тавур, ки аз нияти командир воқиф шуда буд, пеш баромад.
– Рафиқ командир, иҷозат диҳед, ман як озмуда бинам. Чашмони командир барқ заданд, вале бо тезӣ ҷавоб надод. Яқин ҷасорат, иродаи устувор ва ба худ боварӣ доштани Тавур ўро ба ваҷд оварда буд.
– Майлаш. Амал кунед! – гуфт… Тавур аз байни чакалакзор роҳ пеш гирифт. Баъди чанде худро ба замин партофта, аз байни ботлоқзор хазида-хазида пеш рафт Роҳ ба камингоҳи душман наздик мегардонд. Вале ҳарчанд, ки эҳтиёткорӣ кард, аз чашми душман дур намонд, ўро диданд ва ба сўяш оташ кушоданд. Тавур худро мурда вонамуд кард ва ба чуқурие сарозер афтод. Гитлерчиён бо ҳамин аз Тавур умедашро канданд. Тавур аз чуқурӣ ҷаҳида баромада, чанд қадам пеш гузошт ва ба камингоҳи душман граната партофт. Садои фараҳбахш ва ғулғулаи «Ура!» атрофро ба ларза овард. Супориш бомуваффақият иҷро гардид. Баланди ба дасти аскарони шӯравӣ гузашт. Дар ин ҷанг бахши сержанти калон Тавур Ғафуров ҷасурона амал мекард ва ҷанговарони взводро рўҳи тоза ва қувваю мадори нав мебахшид. Онҳо ҳуҷуми девонавори душманро мардонавор мегардонданд. Тавур худаш шахсан 5 сарбози гитлериро маҳв сохт. Шаҳри Аус низ баъди чанд соат аз фашистон озод гашт. Барои корнамоиаш дар ин ҷанг Тавур Ғафуров бо ордени «Шараф” дараҷаи II мукофонида шуд. Ин лаҳза шаммае буд, аз ҳаёти ҷангии яке аз бародарон Ғафуровҳо.
Баъд худи Маъбур Ғафуров шаҳр дод, ки ў бо роҳхати комсомолӣ ба ҷанг рафтааст. Ў ният дошт, ки душмани малъунро дар лонааш мағлуб созад. Вале ў дар озодкунии шаҳрчаҳои Великий руг ва Старый рус сахт маҷрўҳ гардид. Баъди шифоёбӣ ўро ба ақибгоҳ фиристоданд.
Маъбур Ғафуров дар ақибгоҳ боз ба корҳои комсомолӣ машғул гардида таҷрибаи дар фронт ғун кардаашро ҳаматарафа истифода мебурд. Вай хабари хуши Ғалабаро дар зодгоҳаш шунид.
Дар расм Бобоям Тавур Ғафуров ва худам.
Фирўза Таурова, мутахассиси шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.