Бобоҷон Ғафуров дар хотироти дўстон

“Пас аз он, ки аз байни мо одамони машҳуру мўътабар мераванд, албатта дар ёди мо поси хотири бузургу номи неки онҳо боқӣ мемонад. Дар заминаи чунин хотираҳо асарҳои арзандае таълиф мешаванд, ки дар онҳо хулқу хислати бузургон, замону муҳити воқеии зиндагониашон инъикос меёбад”.
(Аз китоби “Бобоҷон Ғафуров ва рушди таърихнигории миллӣ”).

Дар таърихи давлату давлатдории халқи тоҷик назири устод Бобоҷон Ғафуров шахсияти мушаххасро дарёфт кардан амри маҳол аст, ки ҳам сиёсатмадор бошаду ҳам олим, ҳам муарриху ҳам мураббӣ, ҳам фозил ҳам ҳомии миллат, хеле мушкил аст.

Олими тавоно Б.А.Литвинский диди хешро нисбати Б.Ғафуров чунин иброз доштааст. «Замоне мерасад, ки ўро аз санадҳои кўҳан, варақҳои зардшуда мекобанд. Вале ў имрўз дар хотири хешон, дўстон, шогирдон, ҳамнишинон, зинда аст, бо туфайли осори гаронмояаш

Чи тавре хоҳари Б.Ғафуров Зебуниссо Ғафурова қайд мекунад, некии он кас ба аҳли илму фарҳанги ҷумҳурӣ бисёр расидааст. Баъд аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) бо мақсади тарбияи мутахассисони оянда, бастакорону овозхонҳо, коргарону устодони рақс, бо ташаббуси ў як зумра санаъткорони умедбахш бояд ба Москва фиристода мешуданд. Бинобар ин, моҳи августи соли 1946 Ҳанифа Мавлонова, Ҳоҷӣ Аҳмадов, Анвар Муллоқандов, Мулук Баҳор ба шуъбаи вокалӣ, Зиёдулло Шаҳидӣ, Фозил Солиев, Шарифҷон Бобокалонов, Насимҷон Пўлодов ба шўъбаи бастакорӣ, Ғаффор Валаматзода, Азиза Азимова ба шўъбаи коргардонии Донишкадаи давлатии санъати ба номи А.В.Луначарский фиристода шудаанд. Зимистони ҳамон сол (1946) Б.Ғафуров бо дигар вакилони халқ ба маҷлиси навбатии Шўрои Олии Иттиҳоди Шўравӣ ба Москва рафта, фурсат пайдо карда, бо онҳо вомехўрад. Ҳангоми аз зиндагӣ ва таҳсилашон пурсон шудан пай мебарад, ки онҳо либоси гарм надоранд. Ба хотири кўмак намудан ба сардори намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Москва рў оварда мегўяд: Либоси инҳо ба боду ҳавои ин ҷо мувофиқ нест. Хоҳишмандам ба хар кадоме палтои гарми зимистона харида, боз ҳазор сумӣ (бо пули кўҳна) дихед , то ки мўҳтоҷӣ накашанду танҳо аз пайи хондан бошанд».

Бобоҷон Ғафуровро одамони зиёде ба некӣ ёд мекунанд.  Драматурги намоёни тоҷик Шамсӣ Қиёмов изҳор кардааст, Бобоҷон Ғафуров аз хоки дигар буд. Он кас аз хамаи соҳаҳои ҳаёти халқ огоҳ буда, мехост, ки дигарҳо ҳам ҳамин тавр рафтору кирдор дошта бошанд. Дар давраи котиби якуми ҳизби коммунистии Тоҷикистон (1946-1956) будан аз кори  муассисаҳои маданӣ доимо хабардор буд. Ҳангоми ба намоиши консертӣ тайёр шудани ҳунармандони  Филармонияи тоҷик, ки он вақт дар театри опера ва балет фаъолият дошт, Б.Ғафуров шахсан дар он ҳунарнамоӣ иштирок мекард. Баъди намоиш бо ҳунарпешаҳо сўҳбат меорост аз ҳолу аҳволашон пурсон мешуд, дархостҳои худро пешниҳод мекард. Хидмати Бобоҷон Ғафуров дар рушди фарҳангу хосатан мусиқии кишвар бебаҳост. Ў барои омўзиши «Шашмақом», ҳифзу нигаҳдории он дар давраҳои гуногун, таърихи пайдоиши оҳангу навоҳои халқӣ ва хусусияти миллию моҳияти аслии мақомҳои тоҷикӣ, аҳаммияти тарбиявию ахлоқии он диққати махсус медод. Академик Раҷаб Амонов оид ба ҳиссагузории Б.Ғафуров масъалаи ба чоп ҳозир кардани матнҳои шоҳасари санъати классикии тоҷик «Шашмақом» чунин ёдоварӣ шудааст: «Охири солҳои чил ва аввали панҷоҳ бо ташаббуси Б.Ғафуров масъалаи ба чоп ҳозир кардани матнҳои шоҳасари санъати тоҷик «Шашмақом» ба миён омад. Ба навиштан ва тайёр кардани сурудҳои рангини ин мероси беҳамтои мусиқӣ, се нафар ҳофизон ва оҳангсозони машҳур, Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов машғул гардиданд. Ҳамин тариқ, бо ҳидояти Б.Ғафуров устодони беҳамтои шашмақомхонон Б.Файзуллоев, Ш.Соҳибов ва Ф.Шахобов соли 1947 таҳти роҳбарии профессори консерваторияи шаҳри Москва, В.М.Беляев оҳангро ба нота баргардонданд, оғоз ёфт. Ҷамъ 252 оҳанг аз «Шашмақом» гирд оварда шуд, ки он солҳои 1949-1960 дар Москва дар ҳаҷми панҷ ҷилд китоб ба нашр расид”.

Б.Ғафуров ҳамеша дар талошу ҷустуҷўи захираҳо барои ободии диёри худ буда, чун шамъ худ месўхт то роҳи дигаронро ба сўи ояндаи дурахшон равшан гардонад. Раҳматулло Аҳмадов чунин хотироти худро дар бораи Б.Ғафуров иброз доштааст. «Ман моҳи феврали соли 1955 барои табобат ба Москва мерафтам. Дар вокзали шаҳри Душанбе огоҳӣ ёфтам, ки Б.Ғафуров ҳам ба Москва меравад. Дар ҳамин поезд ходимони санъати кино Б.Кимёгаров, В.Кузин ва П.Барамико барои ҳалли баъзе масъалаҳои эҷодии санъати кино низ ба Москва мерафтаанд. Б.Ғафуров аз ин огоҳ будааст ва ў аз ёрдамчиаш хоҳиш кардааст, ки онҳоро ба наздаш даъват намоянд. Б Кимёгаров дар вақти сўҳбат аз Б.Ғафуров хоҳиш менамояд, ки дар сохтмон бо техникаи навтарин таҷҳизонидани киностудияи “Тоҷикфилм” ёрӣ расонад. Б.Ғафуров, ки аз нақшаҳои коркунони киностудия огоҳ буд, бо як қатъияту дилпурӣ гуфт, ки дар Москва чанд рўз меистаду ба ҳар восита масъалаи сохтмони бинои киностудияро ҳал мекунад.

– Мо чунин киностудия месозем, ки дар Осиёи Миёна ҳамто надошта бошаду камаш соле 8-10 филми бадеӣ истеҳсол карда тавонад.

Ман боварӣ дорам, ки чанд соле мегузараду қаҳрамонони “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, асарҳои С.Айнӣ ва дигар бузургони худро дар экран бо тасвири ранга мебинему ба онҳо фахр мекунем, – бо дилпурӣ гуфт Бобоҷон Ғафуров.

Ин гуфтаҳои пайғамбаронаи Б.Ғафуров баъди чанд сол ҷомаи амал пўшиданд. Киностудияи “Тоҷикфилм” бо лаборатория ва сехҳои гуногунаш дар Осиёи Миёна ҳамто надошт. Бисёр филмҳои бадеию ҳуҷчатии мо аз ҷумла “Қисмати шоир”, “Достони Рустам ва Сўҳроб”, “Достони Сиёвуш”, “Ман бо духтаре вохўрдам”, “Одам пўсташро иваз мекунад”, “Марги судхўр”, “Нисо”, “Ҳасани аробакаш”, “Як каф хоки Ватан”, “Хонаи ман”, “Як қадам ба сўи Роғун“дар кинофестивалҳои умумиитифоқию байналмилалӣ сазовори мукофотҳои баланд гардиданд.

Фарзанди барўманди халқи тоҷик Б.Ғафуров миёни аҳли илму фарҳанг ва мардуми меҳнаткаши ҷумҳурӣ соҳиби обрўю эҳтироми баланде буд. Сабаби асосии ин маҳбубият бешубҳа, вуҷуди саршор аз эҳсоси ифтихори миллаташ мебошад. Меҳру муҳаббати беандозаи Б.Ғафуров нисбати халқу Ватан, дилбохтагӣ  ба таъриху фарҳанги он ин марди фозилро сазовори мукофоти олитарин – боварию эҳтиром ва эътирофи халқ гардонид. Барои тасдиқи гуфтаҳои боло хотираеро инҷо зикр кардан зарур донистем. Моҳи апрели соли 1976, дар хонаи “Маорифи сиёсӣ (ҳоло “Кохи Вахдат”) бахшида ба 25-солагии таъсиси Академияи Илмҳои Тоҷикистон маҷлиси тантанавии ҷашнӣ баргузор гардид. Меҳмонон ғолибан президентҳои академияҳои машҳур буданд.

Маҷлисро бо суханони муқаддимавӣ Ҷ. Расулов кушода ва меҳмононро як-як бо унвонҳои илмӣ ва вазифашон муаррифӣ кард, ҳини муаррифӣ ў ба ҳозирин назар меандохт, ки бештар қарсак зананд. Ҷамъомадагон баъди муаррифӣ ба ҳар кадоме аз меҳмонони дар раёсат қарор дошта, лаҳзае чанд қарсак мезаданд. Аммо ҳангоме ки Ҷ.Расулов ному насаби пири хирад Бобоҷон Ғафуровро ба забон гирифт, ҷамъомадагон дуру дароз кафкўбӣ карданд. Б.Ғафуров дар қатори сеюми раёсат нишаста буданд се маротиба аз ҷой бархоста ҳарду даст рўи сина ба ҷониби ҳозирин чун арзи сипос таъзим намуданд. Вақте, ки бори сеюм Б.Ғафуров аз ҷой бархостанд, аҳли толор низ бо нишони эҳтиром  аз ҷой бархоста, ду-се дақиқа чорқарс заданд. Ин лахҳзаро меҳмонон нек дарк карданд, ки олитарин мукофот ин муҳаббати бепоёни халқ будааст. Воқеан, пешвои хирадманде, ки бо накўкориҳояш қалби миллаташро тасхир мекунад, дар хотири халқу таърих ў ҷовидон мемонад.