Бобоҷон Ғафуров посдору мухлиси санъати тоҷик

Бобоҷон-ҒафуровДавраи роҳбарии Б.Ғафуровро дар солҳои баъдиҷангии охири 40-ум 50-ум, чун болоравии санъати тоҷик метавон номид. Чун мухлиси  савту сурудҳои халқӣ худ, аз ягон консерту шабнишиниҳои санъаткорони тоҷик дар канор намондааст.

Устод Мирзо Турсунзода дар бораи мақоми санъат гуфта буд, ки «санъат боғро мемонад ва барои шукуфону пурбор гаштани он боғбони заҳматкаши ғамхор лозим аст». Чунин боғбони ғамхор дар ҳаққи санъаткорон Бобоҷон Ғафуров.

ХиДмати Б.Ғафуров дар омўхтан ва тарғиб намудани санъати тоҷик хеле бузург аст. Устод мақоми бузурги санъатро ба такмили хаёти маънавии мардум қайд карда, онро яке аз омилҳои кори  тарбиявӣ ҳисобидааст. Махсусан Б.Гафуров чун мухлиси «Шашмақом» барои  омўзиши таърихи санъати халқи тоҷик, пайдоиши  оҳангу навоҳои халқӣ ва хусусияти миллии онҳо, моҳияти аслии мақомҳои тоҷикӣ, аҳамияти тарбиявию ахлоқии мусиқӣ диққати калон додаст.

Бобоҷон Ғафуров борҳо аз минбари маҷлису форумҳои аҳли санаът такрор мекард, ки ниёгонамон  маҳсули гаронбаҳои мусиқиро, ба монанди «Шашмақом» мерос гузоштааст ва мо онро бояд чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Бо гуфти Б.Ғафуров  «Шашмақом» дар худ дастовардҳои беҳтарин хиради шеъру мусиқии халқро таҷассум намудааст ва ҷоиз ас т, ки онро қомуси халқ номем».

Устод С.Айнӣ бо дастгирию маслиҳати Б.Ғафуров  солҳои 40-ум дар тадқиқу таҳқиқ, равшан намудани саҳифаҳои рангину  ифтихоромези  мусиқии классикӣ, анъанавӣ – шифоҳӣ, ки таърихи зиёда аз ҳазору панҷсадсола дошт, саҳми калон гузоштааст. Аз қаламдоди  устод, ки дар тадқиқотҳои  «Назаре аз гузаштаи санъати тоҷик», «Санъати тоҷик», «Санъаткори бузурги халқи тоҷик», «Сарсухан ба Шашмақом» ва ғайра пайдост, ки маданияти созиву овозии мо мисли адабиётамон таърихи тўлонӣ дошта, аз ҷумла санъати мусиқии мо, ки унвони мақому мақомхонӣ аз устод ба шогирд нақл шудааст, бисёр ифтихорӣ аст.

Хидмати устодон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров дар омода кардан ва чоп намудани 5 ҷилди «Шашмақом»  дар нота, ки солҳои 1949-1960 дар Маскав нашр гардид хеле калон аст. Маҳз бо ҳидояти онҳо се нафар донандагони «Шашмақом» – Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов ба навиштан ва ҷамъоварии мероси беҳамтои мусиқӣ оғоз намуданд.

Соли 1947 Управленияи  корҳои  санъат дар назди Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Шўравии Советии Тоҷикистон  қарор баровард, ки мусиқии классики тоҷик  ба нота гирифта шавад. Ин вазифаи мураккаб ва дар айни замон шарафнокро устодони забардасти санъати точик  Б.Файзуллоев, Ш.Соҳибов ва Ф.Шаҳобов ба ўҳда гирифтанд. Онҳо таҳти роҳбарии доктори илми санъатшиносӣ, профессори консерваторияи шаҳри Москва  В.М.Беляев, узви вобастаи АИ СССР Е.Э.Бертельс, шоир М.Раҳимӣ, адабиётшинос А.Мирзоев, мусиқишиносон Я.И.Рогалский, А.Ленский оҳангҳоро ба нота сабт намуданд.

Ҳофизи пурмаҳорат Акашариф Ҷўраев, ки дар баробари мусиқии халқӣ дар сурудҳои худ оҳангҳои классикиро мувофиқи сабки эҷодиаш моҳирона  истифода мебурд, аз ин рў созу овозаш ба дили Бобоҷон Ғафуров  роҳ ёфта, ҳаловат мебахшид. Махсусан суруди «Анор овардам»-и Акашарифро, ки он таърихи аҷибе дошту ин маъруфтарин сурудҳои халқии кўҳистонист, дўст медошт. Сюитаи вокалию хореографии «Чорзарб», ки онро ҳунарманди соҳибистеъдод дар асоси навоҳои «Шашмақом» ва оҳангҳои халқии кўҳистонӣ тартиб дода буд, дар иҷрои ў бо ҳамовозии гурўҳи ҳофизон, мусиқанавозон  ва раққосон бори аввал соли 1940 тайёр карда шуд. Ин барнома  пеш аз рўзҳои дахаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва намоиш додан, аввал аз назари шахсии Б.Ғафуров чун  роҳбар гузаронида шуд. Вай баҳои баланд дод ва дар Москва ҳам ба аҳсану офаринҳои мухлисон соҳиб шуд. Ҳоло ҳам  ин сюита дар репертуари бисёр коллективҳои ҳаваскорони санъат, ҳофизони халқӣ ва касбии ҷумҳурӣ ҷои сазовор дорад.

Бобоҷон Ғафуров аз санъаткорони тоҷик ба Тўҳфа Фозилова низ самимияти бузурге дошт. Ў ҳанўз аз соли 1941 мухлиси нақшҳои офаридаи Т.Фозилова буд. Махсусан нақши Гулузор аз операи «Шўриши Восеъ» дар иҷрои ҳунарпеша  писанди устод гардида буд.

Рўзе Б.Ғафуров Т.Фозиловаро ба назди худ хонда, рўзномаи бо мурури замон зардшудаи «Известия»-ро  аз 13 апрели соли 1941 месупорад. Дар саҳифаи  якуми он чунин сатрҳо нигошта шуда буд: «Ба мусиқияти Тўҳфа, ба интонатсияи бекаму косту аниқаш бисёр овозхонони пуртаҷрибаи опера метавонанд ҳасад баранд. Воқеан, ҳама мафтуни Гулузори Тўҳфа Фозилова буданд».

Он рўзҳои даҳа дар ҳақиқат ҳама  мафтуни  санъати нотакрори Тўҳфа Фозилова гардиданд. Аз ҷумла, Б.Ғафуров низ мафтуни нақшҳои зебоофаринаш гардид. Зимнан, бояд гуфт, ки маҳз дар рўзҳои даҳа ў бо ордени Ленин ва унвони фахрии «Артисти халқии Тоҷикистон» қадр шуда буд.

Тўхфа  Фозилова агар бори аввал дар рўзҳои даҳаи дар Маскав шуда, соли 1941 чун овозхони опера иштирок карда бошад, пас,  соли 1957дар даҳаи дуюми  санъати  тоҷик дар Маскав  ҳамчун  ҳунарпешаи драма иштирок намуд. Дар рўзҳои даҳа Б.Ғафуров дар ҳамаи намоишномаҳо  иштирок намуд. Дар қатори асарҳои драматургони тоҷик театри академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ фоҷиаи  Шекспир «Шоҳ Лир»-ро дар Маскав намоиш дод. Тўҳфа Фозилова  яке аз  мураккабтарин симоҳо, образи Гонереляро офарид. Дар назди Б.Ғафуров  Артисти Халқии СССР Юрий Завадский нишаста буд. Ў аз санъати баланди Т.Фозилова ба ваҷд омада, ба Б.Ғафуров  нигариста хитоб кард:

«Офарин, Тўҳфа Фозиловаи шумоён Ермоловаи дуввум».

Барои Тўҳфа Фозилова аз ин баҳои баландтаре набуд. Б.Ғафуров аз он шоду манун буд, ки санъаткори номӣ Ю.Завадский ба ҳунарнамоии санъатвари машҳури хаклқи тоҷик баҳои баланд дод.

Бобоҷон Ғафуров аз санъаткорони тоҷик бо Муҳаммадҷон Қосимов фахр менамуд. Дар саҳнаи театри тоҷик пайдо шудани  чунин  ҳунарпешаи нотакрор  аз истеъдоди баланди ў гувоҳӣ медод. Моҳи апрели соли 1941  Муҳаммадҷон  Қосимов дар филиали МХАТ-и Маскав фоҷиаи Отеллои Шекспирро иҷро намуд. Бобоҷон Ғафуров  он шаб пай бурд, ки баъд аз тамом шудани тамошо халқ бо қарсакзаниҳои  давомдор М.Қосимовро табрик мекард. Дар байни  тамошобинон И.В.Сталин ва К.Е. Ворошилов низ буданд, ки аз ложаи ҳукуматӣ қарсак мезаданд. Аз нақли Ғанӣ Абдулло маълум мешавад, ки Сталинро он шаб дар Театри  калон дар концерти  рақсу  таронаи  халқии тоҷикӣ мунтазир буданд. Аммо вай Ворошиловро ҳамроҳ гирифта, ба МХАТ омадааст, ки Отеллоро тамошо кунад. Баъди намоиш Сталин М.Қосимовро наздаш хонда мегўяд: «Чӣ забони оҳангдор, мулоим ва зебое доранд тоҷикон! Ва дар ҳамин ҷо  пешниҳод кард, ки ба Муҳаммадҷон Қосимов унвони ифтихории Артисти халқии СССР ва нишони ордени Ленин дода шавад.

Бобоҷон Ғафуров аз ин муждаи нек шод гардид, ки аз байни халқи тоҷик нахустин шахс бо унвони Артисти халқии СССР сазовор шуд. Ва ҳамон вақт гуфта буд : «Муҳаммадҷон Қосимов  зеби саҳнаи  тоҷик, ифтихори санъати тоҷик». Минбаъд ин  ибораро Бобоҷон Ғафуров борҳо такрор мекард ва бо чунин истеъдоди нотакрори аз байни халқ баромада мефахриду шод мешуд.

Бобоҷон Гафуров ҳамчун гавҳаршинос нисбати санъати нотакрори Барно Исҳоқова  як муҳаббати бепоён дошт. Ў боре  гуфта буд:

– «Шашмақом» шоҳасари санъати мо ва на ҳар як овозхон ҳунари хондани онро дорад. Зеро иҷрои суруди классикӣ маҳорату истеъдод ва завқи хосаи ҳунариро талаб менамояд. Барно Исҳоқова дорои чунин завқи саршор буда метавонад. «Шашмақом»-ро бо тамоми назокату нафосаташ ба самъи шунаванда расонад».

Маҳз ғамхорию муҳаббати Б.Ғафуров буд, ки ҳамаи намуди санъати мусиқӣ дар кишварамон равнақу ривоҷ ёфт. Ҳатто ҳанўз солҳои 40–50-ум дар соҳаи опера ва балет ҳам ҳунармандони санъати тоҷик комёбиҳои беназир ба даст оварданд. Нахустин операи миллии тоҷик «Шўриши Восеъ» (асари С.Баласанян) ва ё балети «Лайли ва Маҷнун», ки ба баҳои баланди мухлисон сазовор шуда буд.

Ҳанўз ибтидои  соли 1977 раиси омўзиши тамаддуни Осиёи  Марказӣ дар ЮНЕСКО  академик Б.Ғафуров  дар назди  Комитети мусиқии  ЮНЕСКО  масъалаи омўзиши мероси мусиқии классики шарқро мегузорад. Тавассути қарордоди Комитети мусиқии ЮНЕСКО  дар Шўрои миллии мусиқии СССР соли 1978 дар шаҳри Самарқанди бостони – маркази  тавлидгоҳи  «Шашмақом» симпозиуми байналхалқии мусиқишиносӣ баргузор шуд. Мутаасифона, ташаббускори  гузаронидани ин чорабинӣ Б.Ғафуров  дар симпозиум иштирок карда натавонист, зеро ки марги бемаҳал  ба ин мақсад расидан халал расонд. Дар ин симпозиуми якуми мусиқишиносӣ фиристодагони Тоҷикистон ба муваффақияти калон соҳиб шуданд. Минбаъд гузаронидани чунин симпозиум дар шаҳри Самарқанд ба ҳукми анъана даромад.

Усмонҷон Ғаффоров «Алломаи замон» (Аз рўзгор ва корнамоии илмии акдемик Бобоҷон Ғафуров) – Хуҷанд. –  «Вароруд». – 1998.

Таҳияи Нигина Маҳмудова
Мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.