Бобоҷон Ғафуров: Роҳҳои кӯчиши тоифаҳои ҳиндуэронӣ ва комплексҳои археологии Осиёи Миёна

Тоифаҳои ҳиндуэронӣ то замони аз ҳам ҷудо шудани худ, дар куҷо сукунат доштаанд, кай ва ба кадомин роҳҳо кӯчидан аз маҳалҳои аслии гузаштагони ин ва ё он тоифаҳои эронӣ ва ҳиндуориёӣ ба амал омад? Донишмандон ба ин суолҳо ҷавобҳои мухталиф додаанд. Доир ба ин масъала дар илм ақидаҳои гуногун ба вуҷуд омадаанд. Вале ақидаи нисбатан маъмул ва ба ҳақиқат наздик он аст, ки аҷдоди тоифаҳои мухталифи ҳиндуэронӣ то замони азҳамҷудошавӣ дар сарзамини Осиёи Миёна ва ноҳияҳои ҳамҳудуди он зиндагӣ ба сар бурда, сипас, як гурӯҳи ҳиндуориёӣ аз ин ҷо ба Ҳиндустон кӯчидааст ва гурӯҳи дигар дар Осиёи Пеш маскан гирифта, тақрибан, дар миёнаи ҳазораи 2 пеш аз милод осори нутқ ва маданияти худро боқӣ гузоштааст, ҳамчунин,тоифаҳои эронӣ, аҷдоди мидиҳо форсҳо ва ғайра ба самти Эрони Ғарбӣ ҳаракат карда,дар он ҷо сукунат ихтиёр намудаанд.
Чунин нуқтаи назарро аксари муаррихон ва донишмандони забонҳои эронӣ тарафдорӣ мекунанд. Дар байни бостоншиносони советӣ ҳам ин ақида бартарии комил дорад; онҳо одатан, ориёиҳо ва эрониҳоро аҳли маданияти андронӣ ва ё даштии Осиёи Миёнаи аҳди биринҷӣ мешуморанд (А.Н. Бернштам, С.П. Толстов, М.А.Итина, Ю.А. Заднепровский, Ю.Ю.Кузмина, А.М.Манделштам ва диг.) Мутобиқи дигар нуқтаи назар, аҳолии зироаткори ҷанубу ғарбии Осиёи Миёна ва ноҳияҳои ҳамҷавори Эрон ва Афғонистон низ ҳанӯз аз ҳазораи 3 пеш аз милод ва ё нимаи дуюми он ба қавми ориёӣ дохил мешуданд.(С.П. Толстов,В.М. Массон, И.М.Дяконов, Ю.В.Ганковский ва диг.)
Вале, дар баробари ин, ақидаҳои дигар ҳам мавҷуданд. Масалан, баъзеҳо чунин мепиндоранд, ки тоифаҳои эронӣ-аҷдоди мидиҳо, форсҳо ва дигар халқҳои ғарбиэронӣ на аз шарқ, яъне аз Осиёи Миёна, балки аз шимол, ба воситаи Кавказ ба сарзамини Эрон ворид гардидаанд (Г.Хюсинг, Ф.Кениг, Р. Гиршман, Э.А.Грантовский). Тибқи чунин мулоҳиза, онҳо изҳори ақида менамоянд, ки дар ҳазораи II пеш аз милод тоифаҳои эронӣ ё қисми онҳо дар ҷанубу шарқи Европа умр ба сар бурдаанд. Дар ин маврид ҳам муътақиданд, ки қисми дигари тоифаҳои эронӣ он вақтҳо дар Осиёи Миёна ва ноҳияҳои ҳамсояи шимолии онт сукунат дошта, гузаштагони ҳиндуориёиҳо ба Ҳиндустон аз Осиёи Миёна омадаанд.
Аммо чанде аз олимони дигар ақидае доранд, ки гӯё тоифаҳои эронӣ аз тарафи Кавказ ба Эрон омада, сипас, аз ҳамин ҷо ба маҳалҳои ҷануби Назди Урал ва дигар вилоятҳои Осиёи Миёна рафтаанд (Ф. Алтхайм, К.Йеттмар).
Гурӯҳи ориёиҳои дар ҳазораи II пеш аз милод ба Осиёи Пеш роҳёфтаро ҳам аксар вақт аз Кавказ “мегузаронанд”. Бо вуҷуди ин, ҳамон як ақида, ки дигар тоифаҳои ориёӣ, аҷдоди эрониҳо ва ҳиндуориёиҳо, то замони ба дигар кишварҳо кӯчиданашон, дар Осиёи Миёна ва маҳалҳои ҳамсояи он якҷоя мезистанд, ғолибан, таъкид меёбад. Дар чунин ҳолат ба Ҳиндустон рафтани аҷдоди ҳиндуориёиҳоро ба нимаи дуюм ё асрҳои охири ҳазораи II пеш аз милод нисбат медиҳанд, мутахассисон бошанд, санаи “Ригведа”– ро қарибии асрҳои XII-X пеш аз милод ҳисоб мекунанд.
Баъзе муҳаққиқон аз рӯи ақидаи бо роҳи Кавказ ба Осиёи Пеш рафтани ориёиҳо ба хулосае омаданд, ки маҳз ҳаминҳо ниёгони ориёиҳои Ҳиндустон мебошанд.
Онҳо пас аз он, ки қарибиҳои асри XII пеш аз милод аз вилоятҳои Осиёи Пеш танг карда бароварда шуданд, роҳи Ҳиндустонро пеш гирифтанд. Дар айни замон қазияе пешниҳод мешавад, ки мувофиқи он маълумот ва мадракҳои археологӣ дар асрҳои охири ҳазораи II пеш аз милод, тақрибан, асрҳои XII-X пеш аз милод дар Осиёи Пеш ва моварои Кавказ ба воситаи Эрон ба тарафи Ҳиндустон ҳаракат кардани аҷдоди ориёиҳои ведиро гувоҳӣ медиҳанд.
Боз як нуқтаи назари тамоман фарқкунанда ҳаст, ки дар асоси он ба Ҳиндустон сокин шудани тоифаҳои ориёӣ ба замонҳои қадимтарин, яъне ба ҳазораи III пеш аз милод рафта мерасад. Ин ақида бо таърихгузории пешинаи “Регвида”, ки онро ба давраҳои қабл аз ҳазораи II пеш аз милод нисбат додаанд (ва ҳоло ҳам баъзе аз донишмандони Ҳинд инро қабул доранд), марбут аст. Дар воқеъ, ин ёдгории қадимаи адабиёти динии ориёӣ дар Ҳиндустон (тақрибан дар ҳудуди Панҷоб ва саргаҳи Ҷамнаву Ганга) ба вуҷуд омадааст. Ба муносибати дар водии Ҳинд ва ноҳияҳои наздики он кашф гардидани маданияти Ҳараппа –Моҳенҷо-Доро, ки дар нимаи дуюми ҳазораи III ва асрҳои аввали ҳазораи II пеш аз милод вуҷуд доштааст, гумони баъзе олимон боз ҳам қавитар гардид, ки ориёиҳо ҳанӯз дар ҳамон вақтҳо дар Ҳиндустон сокин буданд ва ин маданият аз онҳост. Илова бар ин, ҳатто, чунин пиндоре ҳам ҳаст, ки гӯё “Ригведа” аз маданияти Хараппа қадимтар бошад.
Ҳамин тавр, чунон, ки мебинем, ки барои маҳалҳои аслии иқомати тоифаҳои ориёӣ, дар хусуси замон ва роҳҳои ба дигар кишварҳо кӯчидани онҳо нуқтаи назар ва ақидаҳои хеле гуногун пайдо шудаанд. Вале аз ин барнамеояд, ки барои ҳалли муаммои ориёиҳо ягон асоси боварибахш набошад. Баръакс маълумот ва мадракҳои илмии бадастомада ва натиҷаҳои тадқиқи объективонаи бисёр олимон имкон медиҳад, ки аз як тараф баъзе назарияҳои беасоси дар боло тавсифшударо рад кунем ва аз тарафи дигар як қатор фикру ақидаҳои, комилан, эътимодбахшро қабул ва эътироф намоем. Ҳамчунин, мадракҳое, ки солҳои охир ба даст омадаанд, аз ҷумла бозёфтҳои тозаи бостоншиносони советӣ дар Осиёи Миёна роҳи баъзе хулоса ва тахминҳои ба ҳақиқат наздиктарро низ мекушоянд.
(Идома дорад)
МАНБАЪ: Бобоҷон Ғафуров “ТОҶИКОН. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав”. Душанбе, “Нашриёти муосир”, соли 2020.
Таҳияи Манижа Иброҳимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.