Бобоҷон Ғафуров: Таркиби нажодии аҳолии Осиёи Миёна дар аҳди биринҷӣ. ИДОМА
Фикри ҳанӯз дар ҳазораи III пеш аз милод сокини Ҳиндустон гардидани ориёиҳо ва фарзияи ба онҳо тааллуқ доштани маданияти Ҳараппа, тамоман, асосе надорад. Наздикии бевоситаи забонҳои ҳиндуориёӣ ва эронӣ, умуман, ба оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ тааллуқ доштани гурӯҳи забонҳои ориёӣ, маълумоти роҷеъ ба алоқаҳои дуру дароз ва муттасили аҳли ин забонҳо ва як қатор мулоҳизаҳои дигар ҳама гуна тахмину гумонҳои хеле пештар, лоақал дар аввалҳои ҳазораи II пеш аз милод Ҳиндустон маскан гирифтани тоифаҳои эрониро аз байн мебаранд. Он чӣ оид ба маданияти Хараппа бошад, вай зодаи асрҳои XXIV-XXIII пеш аз милод (ё миёнаҳои ҳазораи III пеш аз милод) аст. Ғайр аз ин, чунон ки мадракҳои илми бостоншиносӣ собит менамоянд, маданияти Хараппа дар заминаи тараққиёти маданияти маҳалли қадимтаре, ки дар нимаи аввал ва миёнаҳои ҳазораи III пеш аз милод дар водии Ҳинд ва ноҳияҳои ҳамсояи он ҳукмфармо буд, ба вуҷуд омадааст.
Худи ҳамин ҳам далели он аст, ки офарандагони маданияти Хараппа ба аҳолии пеазориёии Ҳиндустон тааллуқ доранд. Илова бар ин, аз рӯи мулоҳизаи қонеъкунандаи як идда донишмандони имрӯза, аҳли маданияти Хараппа ба забони гурӯҳи дравидӣ ё ба забони ба он наздик гуфтугӯ мекарданд. Зоҳиран, аҳолии пешазориёии водии Ҳинд ва навоҳии ҳамсояи он ба ҳамин гурӯҳ дохил мешудаанд. Ин иддаоро таъсири зиёди забони дравидҳо ба забони ориёиҳои Ҳиндустон, ки падидаҳои онро метавон дар “Ригведа” ҳам мушоҳида намуд, инчунин, як силсила далелу мадракҳои дигар ба субут мерасонанд..
Дар вақти ҳозира, халқҳое, ки ба забонҳои гурӯҳи дравидӣ гап мезананд, асосан, дар ноҳияҳои ҷанубтари Ҳиндустон зиндагонӣ мекунанд. Дар вилоятҳое, ки дар самти ғарби Ҳинд воқеанд, дар сарзамини кунунии Покистон ва ноҳияҳои ҳамсояи ҷануби Афғонистон ҳоло ҳам қавми дравидзабони ин маҳалҳо хеле сершумор буданд, вале бо мурури замон тадриҷан бо тоифаву халқҳои ҳиндуориёӣ ва эронӣ омезиш ёфта, бо онҳо як шуда рафтанд.
Бояд хотирнишон кард, ки ба ақидаи як гурӯҳи олимони советӣ, ки хат ва осори қадимаи маданияти Хараппаро бо кӯмаки техникаи муҳосиба таҳқиқ менамоянд, аз рӯи натиҷаҳои бадастомада қазоват кардан мумкин аст, ки забони ин навиштаҷот ориёӣ набуда, балки ба забони дравидӣ наздик аст ва эҳтимол ба ҳамин гурӯҳи забон (дар марҳилаҳои қадимтари он) таалллуқ дошта бошад. Ин қабил таҳқиқот дар хориҷа ҳам ба амал оварда мешавад ва ҷолиб аст, ки ин муҳаққиқон низ роҷеъ ба забони навиштаҷоти маданияти Хараппа ҳамин як натиҷаро мебароранд.
Дар айни ҳол ақидаи аз ориёиҳо баромадани тоифаҳои ҳиндуориёӣ ҳам қобили қабул набуда, маълумот ва мадракҳои оид ба забон ва маданияти, тақрибан, миёнаҳои ҳазораи II пеш аз милод, ки дар сарчашмаҳои Осиёи Пеш мавҷуданд, ба ин маънӣ, дахолат намекунанд.
Воқеан ҳам дертар як қатор олимон далелҳои забонӣ ва таърихиеро, ки ба тасдиқи ин иддао оварда мешуданд, рад карда, дар навбати худ исбот намуданд, ки ориёиҳои Осиёи Пеш ҳеҷ гоҳ аҷдоди тоифаҳои ориёии Ҳиндустон набуданд. Ҳамин тариқа, далелҳои археологӣ ҳам, ки гӯё дар асрҳои XII-XI пеш аз милод тоифаҳои ҳиндуориёӣ аз Осиёи Пеш ва моварои Кавказ ҳаракат карда бошанд, беасос баромаданд.
Он чӣ оид ба назарияи бо роҳи Кавказ ба Эрон омадани ниёгони мидиҳо, форсҳо ва дигар эрониёни ғарбӣ бошад, пас ин нуқтаи назар ҳам бо вуҷуди то имрӯз як қатор тарафдор доштанаш, асоснок дониста намешавад. Ба назари мо дурусттараш ин аст, ки тоифаҳои эронӣ чи ба Эрон ва чи ба кишварҳои дигар аз Осиёи Миёна рафтаанд. Вале аз эҳтимол дур нест, ки онҳо нафақат бевосита аз Осиёи Миёна, балки ба воситаи Кавказ ҳам гузашта бошанд. Вале аз эҳтимол дар ин ҳолат бояд ба назар дошт, ки зоҳиран ноҳияҳои Европаи Ҷанубӣ-Шарқӣ, ки баъзе қабилаҳои ғарбиэронӣ аз он ҷо ба Эрон омадаанд, мебоист давоми бевоситаи маҳалҳои эронинишини шарқӣ, аз ҷумла, Осиёи Миёна бошанд. Чунин тахмин кардан ҳам мумкин аст, ки ин гурӯҳи қабилаҳои ғарбиэронӣ, агар дар воқеъ ба воситаи Кавказ гузашта бошанд, қаблан аз тарафи шарқ ба ноҳияҳои шимоли баҳри Каспӣ омада, дар ин ҷо сукунат ихтиёр каврдаанд. Ин ҳамон роҳест, ки баъдтар скифҳо ба воситаи он ба сӯи Ғарб ҳаракат намуданд.
Лекин дар ҳар сурат фикру ақидаеро, ки гӯё тоифаҳои эронӣ ба Осиёи Миёна аз Эрон омада бошанд, ҳамчун фикру ақидаи тамоман нодуруст бояд аз эътибор соқит кард. Далелҳои тарафдорони ин ақида, албатта, ягон асосе надоранд. Мадракҳои воқеӣ шаҳодат медиҳанд, ки тоифаҳои эронӣ дар охири ҳазораи II ва ё дар ҳудуди ҳазораи II-I пеш аз милод ба Эрони Ғарбӣ ҳиҷрат намуда, дар асрҳои аввали ҳазораи I пеш аз милод ба таври васеъ дар ин сарзамин паҳн гардидаанд. Аммо дар Осиёи Миёна, чунон ки мадракҳои таъхрихию забонӣ ва акрхеологӣ нишон медиҳанд, тоифаҳои эронӣ ба ҳар ҳол аллакай дар нимаи дуюми ҳазораи II ва ибтидои ҳазораи I пеш аз милод сукунат доштанд.
Аксари халқҳои имрӯзаи эронӣ: форсҳо афғонҳо, курдҳо, булуҷиҳо ва ғайра дар фалоти Эрон ва сарзаминҳои ҳамсояи шарқӣ ва ғарбии он зиндагонӣ мекунанд. Вале дар ҳазораи II пеш аз милод дар Эрони Ғарбӣ халқҳое мезистанд, ки ба гурӯҳҳои дигари нажодӣ ва забонӣ (эламиҳо, лубубиҳо, касситҳо ва ғайра) тааллуқ доштанд. Дар асрҳои аввали ҳазораи I пеш аз милод дар Эрони Ғарби, ки ҳодисоти он замонаи ин сарзамин дар осори хаттӣ тасвир ёфтаанд, ин гурӯҳҳои нажодӣ тадриҷан мавқеи худро ба тоифаҳои эронӣ дода, баъдтар ба онҳо омезиш пайдо карданд.
Дар замонҳои кадим маҳалли паҳншавии забонҳо ва тоифаҳои эронӣ назар ба асрҳои миёна ва давраи нав хеле васеътар буд. Вай сарзамини паҳновареро аз Европаи Ҷануби Шарқӣ то Туркистони Шарқӣ ва аз Назди Урал то чануби Эрон фаро мегирифт.
Сарчашмаҳои Юнони Қадим аз Шарқ ба Европаи Ҷануби Шарқӣ, ба маҳалҳои шимоли Кавказ ва баҳри Сиёҳ ҳаракат кардани як гурӯҳ қабилаҳои эронизабонро шаҳодат медиҳанд. Инҳо скифҳои дар асрҳои IX-VIII пеш аз милод омада (ки баъдтар дар ҳудуди асрҳои VIII-VII пеш аз милод як қисми онҳо ба воситаи Кавказ ба Осиёи Пеш гузаштаанд) ва ҳамчунин тоифаҳои сармату алом буданд. Аҷдоди яке аз халқҳои кунунии эронинажод – осетинҳо, ки ҳоло дар Кавказ зиндагӣ мекунанд, маҳз тоифаҳои сарматӣ буданд. Ин тоифаҳо бар тибқи шаҳодати манбаъҳои хаттӣ ва мадракҳои археологӣ то замони ба самти Ғарб ҳаракат кардани худ дар маҳалҳои шимоли баҳри Каспӣ, баҳри Арал ва моварои Урал иқомат доштанд.
Ҳамин тавр, далелҳои таърихӣ ва мархеологӣ ба Европаи ҷанубӣ шарқӣ ва ноҳияҳои шарқтари Волга ва Урал ҳаракат кардани тоифаҳои эрониро тасдиқ менамоянд. Зимнан тоифаҳои эронӣ дар ин ноҳияҳо қабл аз оғози ҳазораи I пеш аз милод сукунат доштаанд.
Тоифаҳои эронӣ, аз ҷумла, аҷдоди аҳли забони хутану сакоӣ, ки тавассути матнҳои боқимонда шуҳрат пайдо намудааст, ба Туркистони Шарқӣ фақат аз Осиёи Миёна ва ё ноҳияҳои ҳамҷавори Қазоқистон метавонистанд биёянд. Дар асрҳои III-II пеш аз милод қисмати муҳими хоки Туркистони шарқиро тоифаҳои эронӣ, аксаран, сакоиҳо ишғол карда буданд. Манбаъҳои хаттии ондавраина роҷеъ ба ин маҳалҳо шаҳодат медиҳанд, ки тоифаҳои номбурда дар ин ҷо асри III пеш аз милод (бо ҳамроҳии дигар тоифаҳои ҳиндуаврупоӣ – тахориҳо) иқомат доштанд ва сипас аз ҳамин вақт сар карда, ин сарзамин аз тарафи шимолу шарқ мавриди истилои тоифаҳои турку муғул қарор гирифтааст.
Дар асрҳои VII-VI пеш аз милод, чунон ки тазаккур ёфт, сар то сари Осиёи Миёнаро,комилан, халқиятҳои эронӣ – бохтариҳо, хоразмиҳо, суғдиҳо, гурӯҳҳои сакоӣ ва ғайра ишғол мекарданд. Дар асоси ин халқиятҳо ва қабл аз ҳама, бохтариҳо ва суғдиҳо дар марҳилаҳои аввали асри миёна халқи тоҷик ташаккул ёфт. То ҳамин давра тоифаҳои зироаткори эронӣ кайҳо дар маҳалҳои муайян маскан гирифта, вилоятҳои ҳамноми худро чунончи; бохтариҳо Бохтарро, суғдиҳо Суғдро, хоразмиҳо Хоразмро марғиёниҳо Марғиёнро, ориёиҳо Ориёро (ки қад-қади рӯди Ҳарӣ сарзамини кунунии Афғонистонро дар бар гирифта, марказаш Ҳирот буд),портиҳо Портро, ки қисмати шимолии он дар хоки Туркманистони ҷанубӣ ва қисмати ҷанубиаш дар ноҳияҳои сарҳадии Эрон воқеъ гардида буд, ба вуҷуд оварданд. Тараққиёти қабилаҳои бодиянишини эронӣ, аз ҷумла, сакоиҳо, чунон ки материалҳои археологӣ гувоҳӣ медиҳанд, ҳамчунин, ба давраи то асри VI пеш аз милоди таърихи Осиёи Миёна алоқаманд аст.
Матнҳои “Авесто”, ки қадимтарин қисматҳои онҳо асрҳои авваплини ҳазораи I пеш аз милод дар Осиёи Миёна ба вуҷуд омадаанд, хеле барвақттар аз асрҳои VII-VI пеш аз милод дар Осиёи Миёна иқомат доштани тоифаҳои эрониро тасдиқ менамоянд. Дар ин осори қадима вилоятҳои онвақтаи Осиёи Миёна, инчунин, баъзе ноҳияҳои ҳамҳудуди онҳо, аз ҷумла Суғд, Марғиён, Хоразм, Ориё ва ғайра зикр ёфтаанд.
“Авесто”, ҳамчунин, хотиротеро аз кишвари нимафсонавии Аирйанам ваеҷаҳ (“Фарохнои Ориёно”), маҳалли қадимаи сукунати тоифаҳои эронӣ (ё умуман, ориёӣ) дар худ маҳфуз доштааст. Як идда донишмандон, аз қабили И. Маркварт,Э.Бенвенист, А. Кристенсен,С. П. Толстов ва дигарон ин кишвари нимафсонавиро Хоразм донистаанд. Аммо дар ин ҷо на Хоразмро, ки дар “Авесто” бо номи худ зикр шудааст, балки сарзамини паҳновари Осиёи Миёна ва вилоятҳои ҳамҳудуди шимолии онро дар назар доштан дурусттар ва ба ҳақиқат наздиктар мебуд. Шарқшиноси машҳури рус К.А. Инострансев дар вақташ чунин мулоҳизаро ба миён гузошта буд ва ҳоло ҳам баъзе олимони советӣ ин нуқтаи назарро тарафдорӣ менамоянд.
Маълумот ва мадракҳои оид ба равобити муттасили забонҳои, умуман, ориёӣ (ва пас эронӣ) бо забонҳои фину угорӣ, ки дар илм ҷамъ оварда шудаанд, гувоҳӣ медиҳанд, ки маҳалҳои иқомати тоифаҳои ориёӣ (ва пас эронӣ) масоҳати бузургеро дар шимол то минтақаи бешазори байни Поволже ва Сибири Ғарбӣ, яъне то ҷойҳое, ки макони алоқа бо фину угориҳо мавҷуд бошад, дарбар мегирифт. Ҳамчунин, ба робитаи аз давраҳои “тоориёӣ” боқимондаи тоифаҳои ориёӣ ва шеваҳои онҳо бо ҳиндуаврупоиҳои дигар ишорат мешавад. Аз ин чунин бармеояд, ки ҳудуди маҳалҳои иқоматии тоифаҳои ориёӣ дар шимолу ғарб то ба даштҳои Европаи Ҷанубу Шарқӣ мерасидааст.
Дар баробари ин, тахмин кардан мумкин аст, ки тоифаҳои эронӣ ва ё ориёии пешина дар дашту саҳроҳои воқеъ дар ҳудуди шимоли Шарқӣ ва шарқии Осиёи Миёна низ маскан доштаанд. Инро мадракҳои оид ба аҳолии ин маҳалҳо дар давраҳои баъдина (аз миёнаҳои ҳазораи I пеш аз милод) ва маълумоти археологии роҷеъ ба аҳди қадимтари ин ҷойҳо низ тасдиқ менамоянд. Тоифаҳои эронӣ дар Осиёи Миёна ва ноҳияҳои ҳамсояи шимоли он дар асрҳои охири ҳазораи II ва оғози ҳазораи I пеш аз милод иқомат мекарданд. Чунон ки дидем, ин иддао аз тавсири материалҳои сарчашмаҳои хаттӣ ҳам собит мегардад. Аз ин бармеояд, ки ёдгориҳои археологии онвақтаи ин маҳалҳо ба тоифаҳои эронӣ тааллуқ дошта, ба маданияти доираи Андрон (ва ё яке аз намудҳои маданияти Андронӣ, Тозабоғёб, Қайроқум ва ғайра) мансубанд. Вале дар миёнаҳои ҳазораи II ва аввалҳои ҳазораи I пеш аз милод маданияти аз рӯи хусусиятҳои археологӣ ва ҳамчунин, аз рӯи симои антропологии аҳолии европоишакл ҳамгун ва ҳамранг дуртар ба тарафи шарқ, аз ҷумла, ба Туркистони Шарқӣ, ки аз он ҷо ёдгориҳои сафолии навъи Андрониро пайдо кардаанд, низ паҳн гардиданд. Баъдтар, дар ҳазораи I пеш аз милод дар ин ноҳияҳо, аз ҷумла, дар Олтой ва Туркистони Шаркӣ қабилаҳои скифу сакоӣ маскан гирифтанд. Ғайр аз ин, ба туфайли пайдо шудани навиштаҷоти ҳазораи I милодӣ дар Туркистони Шарқӣ ду забони ба ҳам хеши мансуб ба гурӯҳи дигар кашф гардид, ки дар илм бо номи “тахорӣ” машҳур буда, аҳли онро “тахориҳо” меноманд.
(Идома дорад)
МАНБАЪ: Бобоҷон Ғафуров “ТОҶИКОН. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав”. Душанбе, “Нашриёти муосир”, соли 2020.
Таҳияи Манижа Иброҳимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.