Бобоҷон Ғафуров: Таркиби нажодии аҳолии Осиёи Миёна дар аҳди биринҷӣ. Масъалаи Ориёӣ.

Протсессҳои этникие, ки дар Осиёи Миёнаи аҳди биринҷӣ ба амал меомаданд, ҳам барои тараққиёти ояндаи худи ин сарзамин ва ҳам барои таърихи як қатор  кишварҳои ҳамсоя, ки аз Ҳиндустон то Европаи Ҷануби Шарқӣ масоҳати бузургеро ишғол кардаанд, аҳаммияти хеле калон дошттанд.

Мавҷуд набудани манбаъҳои хаттӣ ва ҳанӯз ба як маънӣ тавзеҳ наёфтани бозёфтҳои археологӣ боиси ба миён омадани душвориҳо дар таҳқиқи таърихи этникии Осиёи Миёнаи онвақта гардидааст. Бо вуҷуди ин, маълумоти аз оғози давраи таърих дар сарзамини Осиёи Миёна ва кишварҳои ҳамсоя сукунат доштани қавму тоифаҳои мухталиф ва, ҳамчунин, мадракҳои қиёсии таърихию забоншиносӣ дар баробари таҳқиқ ва ҷамъбасти материалҳои беш аз пеш афзояндаи археологӣ ба баровардани чанде аз хулосаҳои муҳим ва ба ҳақиқат наздик имкон медиҳад.

Нахустин сарчашмаҳои хаттиии санавӣ, ки дар бораи Осиёи Миёна маълумот медиҳанд, дар асрҳои VII-VI пеш аз милод дар ин сарзамин сукунат доштани қавму тоифаҳои эронинажод – суғдиён, бохтариҳо, марғиёниҳо, хоразмиҳо, потҳо, қабилаҳои мухталифи сакоӣ ва ғайраҳо хотирнишон намудаанд.

Ҳоло дар натиҷаи кофтуков ва бозёфтҳои ҷудогонаи археологӣ ба дасти олимон матнҳои  ба чандин забонҳои эронӣ навишташуда расидаанд, ки ин забонҳо дар давраҳои қадим ва аввали асри миёна дар Осиёи Миёна ва ноҳияҳои сарҳадии он паҳн гардида буданд. Инҳо забонҳои бохтарӣ, хоразмӣ, суғдӣ ва хутану саккоӣ буданд, ки ба гурӯҳи забонҳои шарқиэронӣ дохил мешуданд. Забони портӣ ба гурӯҳи забонҳои ғарбиэронӣ дохил шавад ҳам, вале бештар таҳти забонҳои шарқиэронӣ қарор гирифта буд, низ аз ҳамин қабил забонҳои қадимии Осиёи Миёна ҳисоб меёфт. Дар нимаи аввали ҳазораи якуми қабл аз милод дар яке аз вилоятҳои Осиёи Миёна дар атрофи он лаҳҷае мустаъмал буд, ки асоси забони китоби муқаддаси оини зардуштӣ –“Авесто” аз он фароҳам омадааст.

Ба гурӯҳи забонҳои эронӣ забони форсӣ (ба се марҳилаи маълуми тараққиёти худ: форсии қадим, форсии миёна ва форсии нав) забонҳои тоҷикӣ, курдӣ, балуҷӣ ва дигар забонҳои ғарбиэронӣ, забонҳои афғонӣ, (пашту), осетӣ, помирӣ ва як идда забону лаҳҷаҳои шарқиэронӣ дохил мешаванд. Забонҳои эронӣ ба гурӯҳи забонҳои ҳинду ё худ ҳиндуориёӣ, ки ғайр аз забону лаҳҷаҳои мустаъмали имрӯза лаҳҷаи ведӣ, санскрит ва палии дар матнҳои қадима боқимондаро дар бар мегирад, алоқаи хеле наздик  доранд.

Ин аст, ки забониҳои эронӣ, якҷоя бо забонҳои ҳиндуориёӣ шохаи ҳиндуэронӣ, ё худ оилаи забонҳои ҳиндуаврупоиро ташкил медиҳад. Ба ин, ҳамчунин, забонҳои славиянӣ, германӣ, келтӣ, романӣ, юнонӣ, арманӣ ва як қатор забонҳои дигар низ дохил мешаванд. Қаробати ҳамаи ин забонҳо , ки хусусан, дар замонҳои қадим ва қисман имрӯз ҳам дар бисёр бобат мушоҳида мешавад, аз ҷиҳати асли пайдоиши худ ба як оила таалуқ доштани онҳоро нишон медиҳад.

Олимони ҳозиразамон маҳалли ташаккули ин оилаи забонҳоро ба ин ва ё он ноҳияи минтақаи байни Европаи Марказӣ ва Балкан дар ғарб ва даштҳои паҳновари Евроосиё дар шарқ нисбат доданд. Албатта, дар ин маврид сухан аз замонҳои хеле қадим меравад. Баъдтар дар давраи ба худ шакли муайян гирифтани лаҳҷаҳо, ки пешгузашти бевоситаи забонҳои “таърихии” ҳиндуаврупоӣ (ба мисли юнонӣ, славиянӣ, германӣ ва ғайра) ҳисоб меёбанд, қабилаҳои ба ин лаҳҷаҳо гапзананда дар хиттаи васеъ зиндагонӣ карда, вале бо ҳам робитаи бисёр наздик доштаанд. Тафовути гузаштагони қавму забонҳои ҳиндуориёӣ ва эронӣ аз пешгузаштагони дигар гурӯҳҳои забонҳои “таърихии” ҳиндуаврупоӣ дар он аст, ки онҳо дар марҳилаҳои аввал як гурӯҳи воҳиди забониро ташкил мекарданд.

Хешӣ ва қаробати гузаштагони тоифаҳои эронӣ ва ҳиндуориёиро, пеш аз ҳама, наздикии забонҳои онҳо нишон медиҳад. Омӯзиш ва муқоисаи забонҳои гуногуни эронӣ ва ҳиндуориёӣ, алалхусус, забонҳои авестоию форсии қадим, аз як  тараф  ва ведию санскрит, аз тарафи дигар метавонад, ба таври равшан далолат кунад, ки забонҳои эронӣ ва ҳиндуориёӣ дар замонҳои қадим ҳам аз ҷиҳати сохти грамматикӣ ва ҳам аз ҷиҳати захираи асосии луғавӣ, то чӣ андоза умумият доштаанд. Дар воқеъ аз ин забонҳо ба тариқи намуна бисёр калимотеро овардан мумкин аст, ки дар сохт ва маъно тафовуте надошта, фақат бо баъзе  хусусиятҳои фонетикии худ фарқ мекунанд. Масалан, об дар забонҳои эронии қадим аn дар ҳиндии қадим ҳам аn;  замин мутобиқан буми ва бҳума– бод-вата  ва вата; тан-тану ва тану; даст-заста (ё даста) ва ҳаста; калима, овоз- ваҷаҳ ва ваҷчс; ном-наман ва наман; либос-вастра ва вастра; падар-питар ва питар; бародар-братар ва бҳаратар; андар-антар; ду-два ва два; чаҳор-чатвар ва чатвар; панҷ-панча ва панча, ҳафт-ҳапта ва сопта; ҳашт – ашта ва ашта; даҳ-даса ва даша, дувоздаҳ-двадаса ва два –даша; сад-сата ва шата ва ғайра.

Аксари ин калимаҳо бо баъзе тағйироти фонетикӣ мавҷудияти худро дар забонҳои ҳозираи эронӣ низ давом медиҳанд. Чунончи, дар забони тоҷикӣ калимаҳои об, бод, тан, даст, ном, падар, бародар, андар, ду, чаҳор, панҷ, ҳафт, сад ва амсоли инҳо то имрӯз мустаъмал аст.

Мутобиқати устувор, ҳамчунин, дар грамматика, дар системаи тасриф ба назар мерасад. Масалан, дар эронии қадим калимаи тану дар ҳолати фоилӣ (именительный падеж) шакли тануш, танум, танва ва ҳоказо. Дар эронии қадим барои тасрифи феъли бар (бурдан) чунин шаклҳои замони ҳозираи он вуҷуд дошт: шахси якуми танҳо-барамӣ, шахси дуюми танҳо-бараҳӣ, шахси сеюми танҳо-баратӣ ва ғайра; дар ҳиндии қадим барои тасрифи ҳамин феъл, яъне браҳ мутобиқан чунин шаклҳо мавҷуд буд; бҳарами, бҳараси, бҳарата ва ғайра.

Чунин далелҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки забонҳои ҳиндӣ ва эронӣ аз як мабдаи забонӣ ба вуҷуд омада, асосҳо сохти грамматикӣ ва луғавии худро аз он мерос гирифтаанд. Инро ҳам бояд гуфт, ки забонҳои нави дар ҷараёни тараққиёти мустақил инкишоф ёфтаи эронӣ (ва, ҳамчунин, ҳиндуориёӣ), чи навъе, ки забоншиносон хотирнишон менамоянд, назар ба забонҳои қадими эронӣ ва ҳиндӣ аз якдигар тафовути бештар доранд.

Дар миёни ҳиндуён ва эрониёни қадим аз ҷиҳати дину мазҳаб ва тасаввуроти хамосиву асотирӣ низ ҳамрангӣ ва шабоҳати зиёде мавҷуд будааст. Ин наздикӣ ҳатто дар хусусият, вазну оҳанг ва сохти луғавии чанде аз фиқраҳои ба мо расидаи  “Авесто” ва “Вед” мушоҳида гардида, умумияти дар забон ва осори динию хамосӣ доштаи ин мардумонро нишон медиҳад.

Таҳқиқи қиёсии оинҳои қадими эронӣ ва ведӣ ҳамгунӣ ва монандии тасаввуроти динии аҷдодии халқҳои эронӣ ва ҳиндуориёиро собит намуд. Маълум гардид, ки расму оин ва урфу одатҳои ин мардумон аз қадимулайём бо ҳам хеле наздик ва шабеҳ будаанд. Онҳо дар парастиши оташ, дар таҳияи нушобаи муқаддаси ҳаома(хаома) (бо ҳиндӣ сома) дар эътиқод ба сухани ҳакимона ва сеҳромези мантра  аз якдигар қариб ҳеҷ тафовуте надоштаанд.

Исми бисёр худоҳо  ва қаҳрамонҳо, ки эрониёну ҳиндуёни қадим ононро парастида ва дар китобҳои динию хамосӣ сутудаанд, дар ҳар ду забон як будааст. Митра аз худоҳои асосии ҳам тоифаҳои қадимаи ведӣ ва ҳам эрониён ҳисоб меёфтааст. Худои боду чанг Вайу ва дигар худои бод Ватаро ҳар ду тоифа баробар мепарастиданд. Подшоҳ ва қаҳрамони авестоӣ-Йима, писари қаҳрамони меҳрсон Вивасвонт, бо қаҳрамони ведӣ- Йама, писари Вивасвонт мутобиқати комил дорад.

Мафҳуми “арта”  ба маънии “ҳақиқат” ва “адлу инсоф”, ки аксари қавоиди муҳими динӣ ва умуман, тасаввуроти васеътари мафкуравиро муайян мекард, барои ҳам эрониён ва ҳам ҳиндувон муштарак будааст. Ин маҳфум бо худо – ба асура Варунаи “Ригведӣ” ва Аҳура Маздои эрониён марбут аст (асура мутобиқи аҳура аст, ки ҳар ду маънии “соҳиб” ва “ҳукмрон”- ро ифода менамоянд).

Тасаввуроти онҳо дар бораи пайдоиши олам низ ба ҳам хеле наздик аст. Чунончи, дар навиштаҷоти қадимаи ҳиндувон ва эрониён доир ба се муҳити коинот- осмон, фазои байни замину осмон ва замин сухан ронда мешавад. Нишонаҳои ҳар як муҳит ва худоёни мансуб ба онҳо, аз қабили худоёни осмонхудоёни боду бӯрону ҷанг ва худоёни нашву ҳосил дар байни ин тоифаҳо яксон будаанд.

Муҳаққиқони таърихи тамаддуни ҳиндувон ва эрониён аз осори қадимаи динӣ ва адабии онҳо бисёр қиссаҳои ба якдигар монанди асотирӣ ва ҳамосиро кашф намудаанд.  Ин навъ мушобиҳатҳоро дар дигар соҳаҳои маданияти маънавии эрониёну ҳиндуориёиҳои қадим низ метавон пайдо кард.

Аз  таҳлили қиссаҳои асотирии тоҷик маълум мегардад, ки дар онҳо бисёр падидаҳои тасаввуроти даврони умумияти ҳиндуориёӣ мавҷуданд. Инак, як-ду мисол барои тасдиқи ин иддао. Чунон ки М.С.Андреев менависад, асотири Падар-Осмон ва Модар-Замин, “ду валидаи бузург”-и “Ригведа” то ҳол дар тасаввуроти тоҷикон боқӣ мондааст. Аз ҷумла, дар Язғулом осмонро ҳоло ҳам дед-падар, заминро нан – модар меноманд. Ба фаслҳои мардона ва занона ҷудо кардани сол низ ба ҳамин алоқаманд аст. Фаслҳои солро низ ба ҳамин тасаввурот тақсим намудаанд. Чунончи, тирамоҳу зимистонро, ки айёми боришот ва борваршавии замин аст, фаслҳои мардона ва баҳору тобистонро, ки дар ин айём табиат бор меорад, фаслҳои занона донистаанд.

Дар “Ригведа”  ҳам Замин ва Осмон ҳамчун Модар ва Падар, ҳамчун ҷуфти ҷудонопазир тасвир мешавад. Падидаҳои чунин тасаввур ва эътиқодотро метавон дар осори қадимии юнониён ва дигар халқҳои Европа низ пайдо намуд. Аз ин рӯ, онҳоро на фақат    ҳиндуэронӣ, балки ҳиндуаврупоӣ ҳам донистан мумкин аст. Силсилаи эътиқоди ба бузи кӯҳӣ алоқаманди тоҷикони кӯҳистон қариб бе ҳеҷ тафовут дар байни мардуми дардӣ машҳур аст. 

(Идома дорад)

МАНБАЪ: Бобоҷон Ғафуров “ТОҶИКОН. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав”. Душанбе, “Нашриёти муосир”, соли 2020.

Таҳияи Манижа Иброҳимова,

 мутахассиси пешбари шуъбаи 

тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.