Бойгонии дастхатҳои Китобхонаи миллӣ. “Хамса” ё “Панҷ ганҷ”-и Низомии Ганҷавӣ

ДастхатҶамолиддин Абўмуҳаммад Илёс ибни Юсуф ибни Закӣ ибни Муайяд мутахаллис ба “Низомӣ” ва “Ҳаким Низомӣ”, шоир ва достонсарои номвари форсу тоҷик, дар асри шашуми ҳиҷрӣ қамарӣ, мутобиқ ба асри дувоздаҳуми мелодӣ умр ба сар бурдааст. Низомӣ аз зумраи гўяндагони тавонои шеъру достон мебошад, ки на танҳо дорои равиш ва сабки ҷудогона аст, балки таъсири сабку шеваи ў дар шеъри низ дар шоирони баъд аз худаш ошкоро пайдост. Шоир аз донишҳои роиҷ дар рўзгори хеш аз қабили улуми адабӣ, нуҷум, фалсафа, улуми исломӣ, фиқҳ, калом ва забони арабӣ огоҳии густардае дошта, ин хусусиятҳо аз эҷодиёти ў ба бараъло ҳувайдост.

Аз зиндагонии шоир иттилооти дақиқ дар даст нест ва дар бораи зиндагӣ ва вафоти ў тазкиранависон назарҳои гуногун доранд. Он чизе, ки мусаллам аст, дар шаҳри Ганҷа мезист ва дар ҳамин шаҳр вафот ёфт. Модари ў аз ашрофзодагони курд буд ва ин бар пояи як байт аз дебочаи достони “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Чун модари ман раисаи курд...” муайян гардидааст.

Ҳамонгуна, ки зикр намудем, аз Низомии Ганҷавӣ дар Китобхонаи миллӣ 8 адад нусхаи хаттӣ ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд, ки яке аз қадимтарини онҳо “Хамса” мебошад, ки бо номи “Панҷ ганҷ” низ шуҳрат дорад. Хамсаро достон ё маснавиҳои “Махзан-ул-асрор”, “Хусрав ва Ширин”, “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Ҳафт пайкар” ва “Искандарнома”, ки аз ду қисмат, “Иқболнома” ва “Шарафнома” иборат аст, ташкил медиҳанд. Низомӣ дар соли 570 ҳ.қ./1175 м. ба навиштани ин асар шуруъ намуда дар 4-уми моҳи Рабеъулаввали соли 597 ҳ.қ/ 1197 онро ба итмом расонидааст.

Дастнависе, ки дар шуъба ҳифзу нигаҳдорӣ мешавад, дар соли 1023 ҳиҷрӣ қамарӣ, мутобиқ ба соли 1614 мелодӣ, яъне 409 сол қабл аз имрўз китобат шудааст. Варақҳои 1а, 28б, 93, ва 138б, яъне оғози ҳар як достон бо лавҳаҳои рангину зебо тазйину тазҳиб шудааст. Матни достонҳо дар чаҳор сутун ва дар ҷадвалҳои бо ранги сурх кашидашуда бо хати зебои настаълиқ дар коғази зардчаи шарқӣ китобат шудааст. Аз варақи 1а то 26а достони аввал “Махзан-ул-асрор” аз варақи 28б то 92а достони “Хусрав ва Ширин”, аз варақи 92б то 137б достони “Лайлӣ ва Маҷнун” ва аз варақи 138а то варақи 229б “Ҳафт пайкар” ва “Искандарнома” китобат шудааст. Варақҳои якум ва дуюм ва якчанд варақ аз мобайни нусха осеб дидаанд.

Ҷилди нусха ҷигариранг буда аз ду турунҷ ва чаҳор сартурунҷ иборат мебошад. Гирдогирди ҷилдҳои пушт ва рўй бо занҷира оро дода шуда, дар сартурунҷ “Мулло Бобоҷони саҳҳоф, 1277” ҳаккокӣ шудааст. Аз ин маълум мешавад, ки ҷилди нусхаи мазкур дар соли 1277ҳ. /1860м. аз ҷониби  Мулло Бобоҷони Саҳҳоф тармим шудааст.

Оғози нусха:

Ҳаст калиди дари ганҷи ҳаким,
Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим.

Анҷоми нусха:

Давлатат бар зиёда бод,
Хотами кор бар шаҳодат бод.

Котиб ному насаби худро дар нусха дарҷ нанамудааст. Мавзеъи китобат дар нусха навишта шудааст, вале бо сабаби нуқсони варақи охир дуруст хонда намешавад. Нусхаи хаттӣ таҳти рақами 1707 дар хазинаи Китобхонаи миллӣ маҳфуз мебошад.

Ҳамчунин

Нусхаи дигаре аз “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ таҳти рақами инвентарии 793 дар шуъбаи Дастхаҳои Шарқ ва китобҳои нодир ҳифзу нигаҳдорӣ мешавад.

Матни нусха дар ду сутун ва дар ҳишияи китоб бо ранги сиёҳ ва сарлавҳаҳояш бо ранги сурх китобат шудааст. Дастнавис панҷ достон ё маснавии болозикрро дар бар мегирад, ки бо хати настаълиқи хоно китобат шудааст. Баъзе варақҳои  он  тармим карда шудааст ва варақҳои 1, 2, 141, 142 ва 367 аз нусха афтидаанд. Лекин тақрибан гуфтан мумкин аст, ки нусхаи хаттӣ мутаалиқ ба асрҳои XVII ё XVIII мебошад. Ин дастнавишт низ яке аз нусхаҳои қадимтарин дар Китобхонаи миллӣ ба ҳисоб дар рафта дар соли 1017ҳиҷрӣ қамарӣ / 1609 милодӣ китобат шудааст. Азбаски колофон ё анҷомаи нусха афтодааст, ному насаби котиб номуайян аст.

Ҷилди нусха қаҳваӣ буда аз занҷира, турунҷ ва сартурунҷҳо иборат мебошад. Дар сартурунҷҳо “Амали Мулло Муҳаммади саҳҳоф” ҳаккокӣ шудааст.

Оғози нусха:

Равшании ақл ба ҷон додаӣ,
Чошнии дил ба забон додаӣ.

 Анҷоми нусха:

Аз он май, ки ҷон дорўи ҳуш бод,
Маро шарбату шоҳро нўш бод.

Рамзӣ ҶУМЪАҚУЛОВ –  сардри шуъбаи
Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир.