Бойгонии депозитарии Китобхонаи миллӣ. “Фолклори даризабонони Афғонистон”
Ин китоб соли 1974 бо талоши зумрае аз фолклоршиносони маъруфи кишвар, аз ҷумла Сангин Норматов ва профессор Раҷаб Амонов чоп шудааст. Ва тавре аз номаш пайдост, намунаҳо аз эҷодиёти шифоҳии даризабонони Афғонистонро дар худ ҷо додааст. Сангин Норматов, ки заҳмати аслии таҳияи ин китоби хубро ба уҳда доштааст, дар сарсухани худ менависад:
Октябри соли 1961 нависандаи ин сатрҳо ба сифати тарҷимонӣ ба Вазорати плони Афғонистон фиристода шуд. Диққати муаллифро чун мутахассиси соҳаи фолклор аз ҳама бештар эҷодиёти даҳанакии даризабонони ин мамлакат ба худ ҷалб месохт. Аз ин рў, вай берун аз вазифаи расмӣ ва дар мавридҳои муносиб вақти зиёди худро ба навишта гирифтани намунаҳои фолклори дарӣ сарф мекард. Соли аввал каму беш аз ононе фолклор навишта шуд, ки ба маъмурони афғонӣ ва мутахассисони шўравӣ дар Вазорати плон, мусташорияти иқтисодии Сафорати Шўравӣ хизмат менамуданд.
Соли дуввўм маъмурияти Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Аф РСС Тоҷикистон ба номи президенти Академияи Афғонистон мактуби расмӣ навишта хоҳиш намуд, то ба нависандаи ин сатрҳо дар кори ҷамъ кардани намунаҳои фолклори даризабонони Афғонистон кумак расонад.
Ҳамин хел шароити хуб барои гирдоварии фолклор фароҳам омад. Роҳбарони Академияи Афғонистон гўяндагони номию забардастро ба бинои академия хоста, ба ихтиёри ин ҷониб медонанд. Хар рўз баъди адои вазифаи расмӣ ба он ҷо рафта, бо даст ва агар лента мавҷуд бошад, бо магнитафон фолклор навишта мегирифтем.
Ба ғайр аз ин, чамъоварии фолклор дар ҷойҳои гуногун сурат мегирифт. Масалан, Афсонаҳои ҳаҷвии Абдулқайюми Хайёт, афсона, суруду таронаҳои Саидризои ҳазора, латифаҳои Маҷидзода,Абдулазимхон, зарбулмасалҳои занон ва духтарони анҷумани маслакии нисвон дар идораи маҷаллаи «Мирман» сабт гардидаанд. Бевосита аз худи занону духтарон навиштани фолклор аксар вақт муяссар намегардид. Бинобар он бо хоҳиши муаллиф муаллими адабиёти ҳамин мактаб Азимҷон Маҷидзода ҳамеша ба шигирдпешагони худ вазифа медод, то ҳар кадом афсонае навишта оянд ва ба ин васила аз занону духтарон сӣ афсона ҷамъ омад. Инчунин афсонаю латифаҳои Муҳаммадрасул, Шаҳрулло Шаҳпар, латифа ва сурудҳои Муҳаммадумари Нодӣ, шеърҳои бо лаҳҷаҳои Афғонистон навиштаи шоири мўътабар Шералӣ Қонун дар хонаи Маҷидзода, бисьёр афсонаҳои Абдураҳмон, Ғуломсарвари Ғуломҷелонӣ дар клуби мутахассисони советӣ, сурудҳои Абдураҳим ва Хитоб Хитобӣ дар мусташорияти иқтисодии техноэкспорт, сурудҳои Муҳаммадалӣ ва Ахтар дар Вазорати плон, дубайтиҳои Муҳаммад Ҳусейн ва Ғуломсахӣ дар хонаи истиқоматии муаллиф, сурудҳои Исмоилҷон ва Пирмуҳаммад дар Вазорати зироат навишта гирифта шудаанд. Азбаски дар чойхонаҳои Кобул ҳар бегоҳ ҳофизон ва гўяндагон маҷлис меоростанд, нависандаи ин сатрҳо бештар дар ҳамин чойхонаҳо ҳамроҳи ҳунарпешагони тўдаӣ кор мебурд….
Китоб дастури хуби корӣ барои касонест, ки илми фолклорро омӯзиш медиҳанд ва ҳамчунин беҳтарин василаи ошноӣ бо намунаҳои хуби эҷодиёти шифоҳии ҳамзабонони мо дар Афғонистон мебошад.
Хонанда дар китоб бо садҳо рубоиву дубайтӣ, афсона, зарбулмасалу мақол, чистон, латифа, нақлу ривоятҳои зиёд, сурудҳои мавсимиву берун аз мавсимӣ, тарҷумаи ҳоли гӯяндагон ва ғайра ошно мешавад.
Китоби “Фолклори даризабонони Афғонистон”-ро шумо метавонед дар толори хониши шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллӣ, воқеъ дар ошёнаи чорум мутолиа кунед.
Идигул НУСРАТУЛЛОЗОДА, сардори шуъбаи депозитарӣ