Бойгонии депозитарӣ. Маҷаллаи «Отечественные записки»
“Отечественные записки» як маҷаллаи адабии русии асри XIX мебошад, ки дар Санк-Петербург солҳои 1818-1884 чоп шудааст. Онро аввалин маҷаллаи дар ҳаҷм бузурги рус меноманд, ки ба ҳаёти адабии Русия нақши муҳим бозидааст.
Ин маҷалла соли 1818 аз ҷониби муаррих, нависанда ва гардишгари рус Павел Савинин таъсис шудааст. Вай қасд дошт сафарномаҳо ва дигар осори худро дар як маҷаллаи нисбатан бузург интишор диҳад. Аксари мақолоти Савинин таҳқиқотӣ буда, як навъ ҳисоботи адид аз натиҷаи сафарҳо, диду боздидҳо ва кашфиётҳои илмии ӯ буданд.
Ғайр аз мақолаҳои худ боз ӯ дар саҳифаҳои маҷаллааш матолибе аз таърих, ҷуғрофия, иҷтимоъ ва ғайр чоп мекард.
Аввали солҳои 1820 журналист Николай Полевой ҳам ба ин маҷалла мепайвандад.
Ин маҷалла аслан ба баррасии масоили сиёсӣ даст намезад, ин буд, ки доираи хонандагонаш ҳам зиёд набуданд. Даромади он аз фурӯшаш ҳам чандон зиёд набуд ва соли 1831 Савинин онро баст, шояд з он буд, ки даромади маҷалла харҷашро намепӯшид.
Аммо соли 1938 чопи маҷалларо Савинин аз сар гирифт ва аз моҳи январи соли 1939 ба ношир, адиб ва журналисти рус Андрей Краевский (1810-1889) ба иҷора дод. Баъди фавти Павел Петрович ӯ соҳибмулки нашрия шуд.
Краевский маҷалларо аз дидгоҳи дигар наш кард. Вай дарк кард, ки хонанда ғайр аз матолиби адабӣ ба танқидӣ ҳам ниёз дорад. Ва онро дар ҳаҷми то 40 ҷузъи чопӣ чун маҷаллаи илмӣ-адабӣ ва сиёсии калонҳаҷм нашр кард.
Ба кори маҷалла ва умуман барои беҳтар шудани муҳтавои он шахсиятҳои шинохтаи адабиву фарҳангӣ ҷалб карда шуданд. Намояндагони равияҳои мухталифи адабиёт, аз ҷумла Василий Жуковский, Владимир Одоевский, Денис Давидов, муаррихони Михаил Погодин ва Степан Шевырёв, Михаил Дмитриев, профессори забони лотинӣ ва фалсафа Иван Давыдов, славянишиноси маъруф Алексей Хомяков, Сергей Аксаков, Михаил Лермонтов, Владимир Соллогуб, Иван Панаев, Фёдор Корф, Белинский ва дигарон навиштаҳои худро дар ин маҷалла чоп карданд.
217 адад аз ин маҷалла дар бойгонии депозитарии Китобхонаи миллӣ вуҷуд дорад. Онҳо солҳои 1848, 1856, , 1858, 1860,1863, 1864, 1866, 1867, 1868, 1870, 1871, 1872, 1873, 1874, 1875, 1876, 1877, 1879, 1880, 1882, 1883, 1884 чоп шудаанд.
Ин маҷаллаҳо арзишои адабиётшиносӣ доранд ва барои касоне, ки таърихи адабиёти рус ва ҷаҳонро пажӯҳиш мекунанд, метавонанд маводи хуб диҳанд.
Идигул НУСРАТУЛЛОЗОДА, мудири шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллӣ.