Бойгонии депозитарӣ. Раҷаб Амонов: “Очерки эҷодиёти даҳанакии Кӯлоб”
Китоби “Очерки эҷодиёти даҳанакии Кӯлоб” як асари таҳқиқотӣ буда, барои касоне, ки эҷодиёти шифоҳии халқро меомӯзанд, маводи хуби илмӣ медиҳад.
Ҳамчунин аз ин китоб донишҷӯёни бахши филологияи макотиби олӣ ҳангоми омӯзиши фолклор метавонанд хуб истифода кунанд.
Ин китоб аз 9 боб ва 3 илова иборат буда, сурудҳо, рубоиёт, эпоси қаҳрамонӣ, драмаи халқӣ, афсонаҳо, чистонҳо, зарбулмасалҳо, фолклори муосири Сари Хосорро мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додааст. Муаллиф кӯшидааст дар боби ҳар кадом мақолаҳои ҷудогона нависад ва хусусият, таърих, бадеияти онҳоро таҳлил кунад, дар бораи гӯяндагонашон маълумот диҳад.
Академик Раҷаб Амонов дар сарсухани китоб аз ҷумла овардааст, ки мо дар ин тадқиқоти худ ба қадри ҳол кӯшиш намудем, ки мавқеъи эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷикро дар ҳаёти маданӣ ва маънавии мардуми Кӯлоб муайян намуда, хусусиятҳои ғоявӣ-бадеии жанрҳои асосии онро муайян созем.
Аз ибтидои ба майдон омадани фолклоршиносии советии тоҷик, яъне аз охирҳои солҳои бистум ва аввалҳои солҳои сиюм (асри ХХ) сар карда, фолклори Кӯлоб диққати аҳли имро ба худ мекашад. Дар ин вақт тадқиқ намудани як қатор жанрҳо, махсусан жанри сурудҳои таърихӣ вобаста ба омӯхтани ҳаракатҳои инқилобии оммаи меҳнаткашон бештар қувват гирифта, ба ин муносибат шӯриши машҳури деҳқоқнони камбағали тоҷик, ки дар хоки ҳокимнишини Балҷувон дар соли 1885 бо сардории Восеъ сар зада буд, аз муҳимтарин мавзуъҳои ҷустуҷӯи таҳқиқотӣ қарор дода мешавад.
Кори омӯхтани таърихи шӯриш махсусан баъд аз ташкил ёфтани базаи Тоҷикистонии АИ Иттиҳоди Шӯравӣ қувват мегирад. Сектори таърих ва забон ба ин масъала диққати махсус дода, дар баробари ҷамъ намудани материалҳои зарурӣ оид ба таърихи шӯриш ва сурудҳои дар ин бора эҷод намудаи халқ мақолаҳо чоп мекунад.
Да натиҷаи чунин ҷустуҷӯҳои муқаддамотӣ агар аз як тараф, ҷараёни шӯриши Восеъ ба андозаи муайян равшан гашта бошад, аз сӯи дигар оид ба шӯриш як миқдор маводҳои фолклорӣ ба даст медарояд.
Баъдҳо ин ҳама барои либреттои операи аввалини тоҷикӣ “Шӯриши Восеъ” ва мақолаи Носирҷон Маъсумӣ дар бораи хусусиятҳои таърихӣ ҳамчун маъхази асосӣ истифода бурда шуданд.
Гуфтанист, ки китоби “Очерки эҷодиёти даҳанакии Кӯлоб” соли 1963 аз ҷониби Академияи илмҳои ҷумҳурӣ чоп шудааст. Нусхае аз он дар шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллӣ мавҷуд аст ва хоҳишмандон метавонанд аз он истифода кунанд.
Идигул НУСРАТУЛЛОЗОДА,
сардори Шуъбаи депозитарии
Китобхонаи миллӣ