Бойгонии депозиторӣ: Ошноӣ бо китобе дар коншиносии Тоҷикистон. Соли нашр 1940

geologiya Соли 1940 шаҳри Ленинград (ҳоло Санк-Петербург) китобе бо номи “Геология и полезные ископаемые зеравшано – гиссарской горной системы (Таджикистан)” чоп шуд. Муаллифони ин китоб, ки аз 215 саҳифа иборат мебошад, А.В.Пейне, А.Д.Смирнов, Т.Н. Иванова, В.Н.Гаврилова ва ҳафт нафари дигар мебошад.

Китоб, тавре аз номаш пайдост, дар бораи охирин пажӯҳишҳои геологӣ дар қаламрави сислсилакӯҳҳои Зарафшон ва Ҳисори Тоҷикистон буда, ба эҳтимоли зиёд яке аз аввалин гузориши басо муфассали илмӣ аз конҳои ин бахш аз ҳудуди Тоҷикистон мебошад.

Тавре аз мақолаи аввали китоб бо номи “Маълумотҳои нав оид ба стратиграфия ва тектоникаи қисмати ғарбии кӯҳистони Зарафшону Ҳисор” бармеояд, китоб хулосаи пажӯҳишҳоест, ки дар ин замина соли 1937 дар манотиқи ёдшуда гузаронида шудааст. Ҳамзамон гуфта шудааст, ки муаллифон илова ба маълумотҳои бадастовардаи худ боз аз асноде ҳам истифода кардаанд, ки дар экспедитсияҳои пешин дар Осиёи Марказӣ гирдоварӣ шудаанд.

Маълум мешавад, ки омӯзиши конҳову канданиҳои фоиданоки минтақаи Осиёи Марказӣ хеле пештар диққати пажӯҳишгарони Русияро кашида буд ва ҳанӯз дар замони ҳукумати подшоҳӣ, дар миёнҳои асри 19 чандин экспедитсияҳо ба минтақа эъзом шуда буданд. Ҳанӯз соли 1870 геолог Д.К. Мишенков навишта будааст, ки ғафсии оҳаки Маритоғ аз давраи  палеозой сарчашма мегирад, ки ин таърихи хеле қадим аст. Соле баъд Г.В.Романовский ангишти Яғнобро аз давраи  мезозой донист.

Хулоса ин китоб саропо аз таҳлили факту рақамҳо иборат аст. Дар мақола аз хоросангҳо ва таркиби кимиёвии онҳо, палитҳо (ҷинси магмавии равшансанг), долоритҳо, скарн ва дигар намуди сангҳои қиматбаҳо сухан меравад.

Ин китоб барои геологҳо ва ҷуғрофидонҳо ва ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд бо канданиҳои фоиданоки кишвар ва таърихи пажӯҳиши онҳо аз ҷониби мутахассисони рус ошно шаванд, маълумотҳои зиёде медиҳад.

Табиист, ки бо гузашти солҳо эҳтимолан хеле аз маълумотҳои овардашуда куҳна шуданд, чун муддати ин ду асри охир дар ин замина пажӯҳишҳои нав зиёд буданду таҳлилҳо ҳам дигару дидгоҳҳои илмӣ низ тағйир ёфтанд. Вале арзиши китоб дар он аст, ки муаллифон ҳар он чизе навиштаанд на бар пояи гумону тахмин, балки бо таҳлилҳои ҷиддии илмӣ. Ва ин ҳама гузоришҳо табиист, ки аз Академияи илмҳо ба ҳукумат ирсол мешуданд, то дар тасмимгириҳои баъдӣ истифода шаванд.

Ҳар касе агар мехоҳад бо китоби “Геология и полезные ископаемые зеравшано – гиссарской горной системы (Таджикистан)” аз наздик ошно шавад, пас лутфан ба шуъбаи депозитории Китобхонаи миллӣ, воқеъ дар ошёнаи чоруми бино муроҷиат намояд.

Ин ва боз даҳҳо ба ин монанд китобҳои пажӯҳишии қадим интизори хонандаанд.

Идигул НУСРАТУЛЛОЗОДА,
сардори  шуъбаи депозиторӣ.