Бойгонии дипозитарӣ. Н.П. Горбунов: “По неисследованному Памиру”

По неисследованному ПамируЧунин ном дорад китобе, ки соли 1087 нашриёти “Наука” дар Москав чоп кардааст. Муаллифи он  ходими давлатии замони Шӯравӣ, донишманди соҳаи кимиё, аввалин академики географияи Иттиҳоди Шӯравӣ Николай Петрович Горбунов аст. Ӯро аз ҳамссафон ва яке аз шахсони наздик ба Ленин медонанд, ҳарчанд бо ҳукми Сталин 7 сентябри соли 1938  ба қатл расонда шуд ва  баъди марги Сталин сафед карданд.

Дар ин китоб таҳқиқоти Горбенов  дар бораи Осиёи Марказӣ ва асосан минтақаи Помир гирдоварӣ ва чоп шудааст. Солҳои 1928-1933 Николай Горбунов дар ҳайати як экспедитсияи Комиссариати халқии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Академияи илмҳои СССР ба Помир омадаву таҳқиқотҳои зиёд анҷом дода буд. Ҳудуди як садсола аз паҳӯҳишҳои олими маъруф мегузарад, вале ҳамоно таҳқиоти анҷомдодаи ӯ кӯҳна нашудааст ва асарҳои ӯ мавриди омӯзиш дар ниҳодҳои илмӣ қарор мегиранд.

Н.Горбунов аз ҷумлаи олимони ташаббускоре буд, ки ба омӯзиши ҳамаҷониба ва фарогири Помир таъкид мекард. Маҳз ӯ буд, ки бо талошҳои зиёд барои иҷрои васиятҳои Владимир Ленин ҷиҳати омӯзишу таҳқиқоти минтақа экспедитсияи ёдшударо таъсис дод ва иҷозаи сафар дарёфт кард. Ҳадаф ҳарчи зудтар омӯхтани ин гӯшаи сарватманд ва ба нафъи рушди кишвар анҷом додани корҳои иктишофӣ ба шумор мерафт.

Дар он экспедитсия дар қатори олимони Шӯравӣ боз донишмондону мутахассисони олмонӣ низ ширкат доштанд. Ин экспедитсия ҳадафҳои бузург дошт. Аз ҷумла, ба таври густарда омӯхтани Помир ва дар умум Тоҷикистон ва дар марҳилаҳои баъдӣ фарогиртару пурратар ошно шудан бо Қирғизистон ва Узбекистонро дар нақша дошт. Соли 1937 ба сабаби густарда сурат гирифтани майдони пажӯҳишҳо он экспедитсяи Осиёи Миёнагии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ном гирифт.

Батадриҷ ба он олмиону мутахассисони ҷавони геология, ҷуғрофия ва ҳавошиносии Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон низ ҷалб карда шуда буданд.

Дар китоби мавриди назар асарҳои Горбунов асосан дар шакли ҳисобот чоп шудаанд. Ба эҳтимоли зиёд боздошт ва қатли олим сабаб шуд, ки ин ҳисобот дар шакли асари илмиву тақиқотӣ рӯйи чоп надид.

Як нусха аз китоби “По неисследованному Памиру”  дар шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллӣ мавҷуд аст, ки хоҳишм андон, бахусус мутахассисони соҳаҳои геология, кимиё ва ҷуғрофия аз он метавонанд истифода кунанд.

Раҳима  Мамашарипова, корманди шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллӣ.