Бойгонии Китобхонаи миллӣ бо 81 нусха дастнависҳо ва китобҳои чопи сангӣ ғанӣ шуд

китобҳои чопи сангӣТанҳо дар соли ҷорӣ ба хазинаи шуъба 81 нусха дастнависҳо ва китобҳои чопи сангӣ ворид гардид. Ин нусхаҳо бо сайъу талоши кормандони шуъба аз аҳолии гўшаву канори ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ гардида, аз ҷониби Китобхонаи миллӣ харидорӣ гардиданд.

Яке аз муҳимтарин василаҳо барои шинохту ҳифзи фарҳанг ва ҳувияти ҳар миллат, таваҷҷўҳ ба меросе аст, ки аз гузаштагони он миллат боқӣ мондааст. Дар мавриди аҳамияти дастнависҳо кофист, ки бигўем, ин нусхаҳо оинаи мукаммали гузаштаи фарҳангӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва таърихии замони худ буда, ҳифзу нигаҳдорӣ, тасҳеҳу баргардон ва тарҷумаи онҳо барои пурбор гардонидани фарҳанги ҷомеа мусоидат мекунад. Аз ин рў, нусхаҳои хаттӣ ҷойгоҳи вижае дар муаррифӣ ва ҳифзи фарҳангу тамаддуни ҳар кишваре доранд, зеро ин нусхаҳо ба таври мустақим нишондиҳандаи андеша ва дидгоҳи махсус бар як миллат ва қавм дар давраҳои гуногун аст. Дарвоқеъ, замоне ки таҳаввули андешаҳои гузаштагон дар авҷ қарор дошт, донишмандон ва мутафаккирон афкору андешаҳои арзишманди худро дар қолаби дастнависҳо иброз мекарданд. Дастнависӣ дар ҳавзаи тамаддуни мо, аз ҷумла кишвари азиз мо – Тоҷикистон низ, ба хусус аз даврони давлатдории Сомониён давра ба давра, то ба аввалҳои асри XX ривоҷу равнақи бештар пайдо намуд, чунки ҳавзаи адабӣ ва тамаддунии мо яке аз қадимтарин тамаддунҳои бузурги ҷаҳон будааст. Коркард ва кашфи яке аз босифаттарин коғазҳои даврони аввалин давлатдории тоҷикон дар асри XX ва китобхонаҳои бузурги Самарқанду Бухоро шоҳиди гуфтаҳои болост. Донишмандону адибони тоҷик яке аз аввалин офарандагони манбаҳои хаттии тамаддуни форсу тоҷик буданд ва дар ҳама заминаҳои илмию адабӣ соҳиби осори гаронарзиш ҳастанд. Нусхаҳои хаттӣ ва ҳуҷҷатҳои таърихӣ, инчунин китобҳои чопи сангӣ ба хотири аҳамияте, ки доранд, ҷузъи ашёҳои қадимӣ маҳсуб мешаванд, ки ҳам аз назари моддӣ ва ҳам аз назари маънавӣ мавриди таваҷҷуҳи хос ҳастанд.

Дар ҳоли ҳозир бисёре аз нусхаҳои хаттии ниёгонамон ба ғайр аз кишварҳои Осиёи Миёна дар дигар осорхонаҳо ва китобхонаҳои бузурги кишварҳои ҷаҳон ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд. Ғайр аз ин, бисёре аз нусхаҳои хаттӣ ва китобҳои чопи сангию дигар ҳуҷҷатҳои таърихӣ дар дасти мардуми одӣ мебошанд, ки ҳамчун мерос аз гузаштагонашон боқӣ мондааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи маълумотҳо зиёда аз 10 ҳазор нусха дастнависҳо дар муассисаҳои гуногун, аз ҷумла Китобхонаи миллӣ, Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳо, Осорхонаи миллӣ, китобхонаҳои музофотҳо, донишгоҳҳову донишкадаҳо ва дар китобхонаҳову коллексияҳои хусусӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Расман қадимтарин нусхаи хаттӣ дар Тоҷикистон дар Маркази мероси хаттӣ нигаҳдорӣ мешавад, ки мутааллиқ  ба асри XI мебошад ва қадимтарин нусхаи дастнависе, ки дар шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ маҳфуз аст, китоби «Тафсири Табарӣ» аз асри XIII мебошад.

китобҳои чопи сангӣ

Таҳқиқотҳо нишон додаанд, ки беш аз чаҳор миллион нусхаҳои гуногун бо забонҳои Шарқ дар беш аз 100 кишвари ҷаҳон нигаҳдорӣ мешаванд, ки зиёда аз 873 ҳазор нусха дар Китобхонаҳои Ҷумҳурии исломии Эрон, 250 ҳазор нусха дастнависҳо, ки бештарашон бо забонҳои арабӣ, форсӣ ва иддае ба забони туркӣ мебошанд, дар марказҳои илмӣ ва китобхонаҳои гуногуни Туркия нигаҳдорӣ мешаванд. 155 ҳазор нусхаи дастнавиштаҳо ва 188 ҳазор ҳуҷҷатҳои мусаввар ва таърихӣ дар ду китобхонаи бузурги Арабистони Саъудӣ ҳифз мешаванд. Беш аз 100 ҳазор нусхаҳои хаттӣ дар китобхонаҳо ва коллексияҳои мухталифи кишварҳои Аврупо гирдоварӣ шудаанд.

Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир, ҷамъоварӣ ва нигаҳдории нусхаҳои хаттӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои таърихӣ мебошад, ки ҳамасола теъдоди чунин китобу мадракҳоро афзоиш дода истодааст. Танҳо дар соли ҷорӣ ба хазинаи шуъба 81 нусха дастнависҳо ва китобҳои чопи сангӣ ворид гардид. Ин нусхаҳо бо сайъу талоши кормандони шуъба аз аҳолии гўшаву канори ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ гардида, аз ҷониби Китобхонаи миллӣ харидорӣ гардиданд.

Куҳантарин нусхаи хаттие, ки дар соли ҷорӣ ба фонди тиллоии шуъба ворид гардид, «Рашаҳоти айн-ул-ҳаёт»-и шоиру нависанда, риёзидон ва ситорашиноси машҳур Алӣ ибни Ҳусайн Воизи Кошифӣ мебошад, ки дар соли 1108 ҳиҷрӣ қамарӣ, мутобиқ ба соли 1696 мелодӣ бо як маҳорати баланди саҳҳофӣ ва бо хати зебои настаълиқ китобат шудааст.

Нусхаи хатти дигаре, ки дар соли равон дастраси шуъба гардид «Шоҳнома»-насрӣ мебошад. Дар қисмати охири китоб ҳудуди 50 саҳифа «Чаҳор ганҷи Шоҳнома» китобат гардидааст, ки дар бораи чаҳор достони муҳимми «Шоҳнома» баҳс мекунад. Ин нусха бо фармоиши Низом-ус-салтанаи Мовароуннаҳр Маҳмудбий, калони тўпчибошии дарбори Амир Абдулаҳадхон – амири сулолаи Манғития бо қалами Мирзо Мубораки Чатрорӣ дар соли 1304 ҳ.қ/1886м. бо хати зебо китобат гардидааст. Нусхаи дигаре аз насри «Шоҳнома» дар шуъба таҳти рақами 1233 маҳфуз нигоҳ дошта мешавад, ки дар даврони собиқ давлати Шўро дар соли 1963 харидорӣ гардидааст, вале тарзу услуби навишт, навъи хат ва шаклу ҳаҷмаш бо нусхаи нав харидоришуда комилан мутафовит аст.

Фирдавс САИДАҲТАМОВ,
сардори шуъбаи Дастхатҳои
Шарқ ва китобҳои нодир.